Перейти к содержимому

Омрико воқеан Абӯбакри Бағдодиро кушт? // Ояндаи ДОЪИШ чӣ гуна хоҳад буд?

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Намедонистем, ки Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, балад аст намоиш бозӣ кунад, то он ки дирӯз ӯро дар конфронси матбуотие, ки баргузор кард, дидем; конфронсе, ки дар он, кушта шудани Абӯбакри Бағдодӣ, раҳбари гурӯҳи теруристии ДОЪИШ-ро дар амалиёти низомие, ки воҳидҳои вежаи Омрико дар минтақаи Боришо дар шимоли устони Идлиб (дар Сурия) анҷом доданд, эълом кард. Тромп бо ҳолате мағрурона зоҳир шуд ва муддаии пирӯзии бузурге шуд, гӯӣ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравиро дар авҷи азаматаш шикаст додааст. Дар ин конфронс ҳамаи ҳаракатҳои Тромп ҳисобшуда буд ва аз қабл барои он омӯзиш дида буд, ҳатто қиёфааш ҳам ҳисобшуда буд.

Иттилооте, ки Тромп дар бораи амалиёт ироа кард, аз ҷумла кушта шудани Бағдодӣ ва ду ҳамсараш ва се тан аз писаронаш дар тунеле, ки барои ҳимояташ ихтисос дошт, он ҳам ба василаи ҷилиқаҳои бомбгузоришуда, ки ба тан карда буданд, чӣ басо дуруст бошад ва чӣ басо ҳам дуруст набошад. Мо тардиди зиёде дар ин замина дорем ва ин тардидҳоро фақат мадорики ҳамроҳ бо тасовири зинда аз байн мебарад. Русҳо, ки Тромп ба далели ҳамкориашон дар амалиёт аз онҳо ташаккур кард, аз асос эҳтимоли кушта шудани Бағдодиро мавриди тардид қарор доданд. Аммо суриҳо, ки раисиҷумҳури Омрико онҳоро ба феҳристи касоне, ки ҳамкорӣ карда ва аз онҳо ба далели ин ҳамкорӣ ташаккур кард, Тромпро ба далели ишора ба онҳо масхара карданд. Илова бар ин ки минтақае, ки Бағдодӣ дар он кушта шуд, хориҷ аз контроли артиши Сурия аст ва таҳти сайтараи гурӯҳи Ҷабҳатуннусра аст, ва чӣ басо раисиҷумҳури Омрико давлат ва мухолифонро бо ҳам омехта ва ин масъала дар ҳар сурат аз ӯ чандон аҷибу баъид нест.

* * *

Тромп дурӯғгӯи ҳирфаӣ аст ва бештари суханонаш ва твиттҳояш дарбардорандаи дурӯғи зиёде аст ва баъид нест, ки ин намоишро сохта ва пардохта кардааст ҳамон тавр, ки намоиши мушобеҳи дигаре дар бораи кушта шудани Ҳамза бен Лодан, писари Усома бен Лодан, раҳбари гурӯҳи Алқоъида сохт бидуни он ки як мадрак ё як тасвир ироа кунад, ки ҳарфҳояшро мавриди таъйид қарор диҳад. Вай ин намоишро барои талош ҷиҳати як “пирӯзӣ” сохт, то дидагонро аз шикасти тарҳаш дар Сурия мунҳариф кунад ва дар кисвати як “қаҳрамон” худашро нишон диҳад, то дар набарди интихоботиаш ҳаводор касб кунад. Инро фаромӯш накунем, ки вай уқдае абадӣ аз Борок Убомо дорад ва мехоҳад дар ҳама чиз аз ӯ тақлид кунад. Убомо Бен Лоданро кушт ва акнун Тромп Бағдодиро мекушад.

Нерӯҳои омрикоӣ замоне ки Удай ва Қусай — писарони Саддом Ҳусайнро куштанд, онҳоро дар баробари аккосон ва дурбини телевизиюнҳо ба намоиш гузоштанд, то кушта шуданашон мавриди таъкид қарор гирад ва бар дарз додани тасвири телевизиюнӣ дар бораи чигунагии эъдоми падарашон пас аз муҳокимааш исрор карданд ва ҷасади Муаммар Қаззофӣ, раҳбари собиқи Либиро дар сардхонаи сабзиҷот барои чанд рӯз гузоштанд, то шамотаткунандгонаш ӯро “тамошо” кунанд, то ҷое бӯи ҷасад даромад. Ҳоло чаро ҳеч далелу мадраке барои кушта шудани се шахсияте, ки иқдом ба куштани онҳо дар ҷашнвораҳои шодӣ ва мубоҳоти бесобиқа карданд — яъне Усома бен Лодан ва Ҳамза писари ӯ ва ахиран Абӯбакри Бағдодӣ — ироа намекунанд. Чӣ розе пушти ин рафтори омрикоиҳо нуҳуфтааст?

Ба воситаи таҷрибаҳо ва пажӯҳишҳо ва расади гурӯҳҳои Алқоъида ва ДОЪИШ метавонем бигӯем, ки маъмулан ин ду гурӯҳ баёнияҳои расмӣ дар бораи кушта шудани ҳар унсуре дар саффашон ва хабар додан ба хонавода ё афроде аз хонаводааш бар асоси қоидаҳои шаръӣ ба манзури фароҳам сохтани тақсими ирс ва иҷоза додан ба ҳамсаронашон барои издивоҷ пас аз поёни иддаашон агар хостанд, содир мекунанд.

Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки давлатҳои Убомо ва Тромп баръакси давлати Ҷурҷ Буш ба таври комил дар бораи ҷасади Усома бен Лодан ва Ҳамза бен Лодан ва акнун ҷасади Абӯбакр Бағдодӣ пинҳонкорӣ мекунанд ва ҳеч тасвире аз онҳо надидем, то кушта шуданашонро мавриди таъйид қарор диҳад ва макони дафни онҳоро низ намедонем; амре, ки ҳикоят аз ин дорад, ки ин давлатҳо ва раҳбаронашон мехоҳанд чизеро аз шаҳрвандони худ ва ҳамаи ҷаҳон пинҳон кунанд ва чӣ басо ниёз ба чанд даҳа дорем, то ҳақиқатро бидонем.

Мо бар ин бовар нестем, ки кушта шудани Иброҳим Аввод ал-Бакрӣ ё ҳамон Абӯбакри Бағдодӣ агар мавриди таъйид қарор гирад, таъсири зиёде бар гурӯҳи ДОЪИШ бигузорад. Ин мард, ба бовари мо, умури ин гурӯҳро идора намекард, балки фақат як витрин ё сумбул буд, ва ин ҳолу рӯзаш дар замоне буд, ки вай давлати хилофатро, ки теъдоди шаҳрвандонаш 7 милюн ва масоҳати таҳти сайтарааш 240 ҳазор километри мураббаъ буд, раҳбарӣ мекард. Ҳоло пас аз фурӯпошии ин давлат ва пахшу пароканда шудани аносураш ва нобудии пойтахти аввалаш яъне Риққа дар Сурия ва дуввумӣ Мавсил дар Ироқ ва фирори бештари аносури мусаллаҳаш ва асорати 13 ҳазор тан аз онҳо, ҳолу рӯзаш чӣ гуна хоҳад буд?

Бағдодӣ ба монанди устоди аввалаш яъне Бен Лодан шахсияте коризмотик надошт ва дар тайи чаҳор сол фақат ду бор садо ва тасвираш мунташир шуд: аввалӣ замоне буд, ки давлати хилофатро аз рӯи минбари масҷиди Аннур дар Мавсил дар соли 2014 эълом кард, ва дуввумӣ дар 29 апрели гузашта буд, ки аз аносури ДОЪИШ хост пас аз фурӯпошии давлати хилофаташ ҷангро идома диҳанд ва аз омрикоиҳо ва ҳампаймонони онҳо интиқом бигиранд.

Бағдодӣ, бар асоси баёнияҳои расмии омрикоиҳо, чаҳор бор кушта шуд ва чӣ басо ин панҷумин бор бошад, ба ҳамин далел ҷадидтарин ривояти русҳоро, ки дар сиҳҳати ин филми “ҳоливудӣ” ташкик карданд дуруст медонем, зеро русҳо ҳамаи ривояти пешинро такзиб карданд ва дар амал низ такзиби онҳо дуруст аз об даромад.

Гурӯҳи ДОЪИШ бо ин поёни хунини Бағдодӣ ба поён намерасад. Агар фурӯпошии гурӯҳи Алқоъида мунҷар ба эҷоди ду гурӯҳи хунинтару хашинтар ба номи Ҷабҳатуннусра ва ДОЪИШ шуд, бинобар ин баъид намедонем, ки ҳамин таҷриба дар моҳҳо ва солҳои оянда такрор шавад бавежа он ки бистарҳои муносибу гарм дар Ироқ, Сурия ва илова бар онҳо дар Яман, Афғонистон ва Либӣ вуҷуд дорад.

Амалиёти интиқомҷӯёна, агар кушта шудани Бағдодӣ таъйид шавад, тавассути ҳаводоронаш дар чандин макон аз ҷаҳон ва ба таври мушаххас дар Ғарб ва Омрико пешбинӣ мешавад. Ҳамчунин пешбинӣ мекунем, ки Бағдодӣ табдил ба чизе шабеҳ ба “устура” дар назари ин ҳаводорон шавад бавежа он ки агар ривояти омрикоиҳо дуруст бошад, ки мегӯянд вай ҷилиқаи инфиҷориро ҳатто дар замони хобаш ба тан мекард ва худаш ва се тан аз писаронаш ва ду ҳамсарашро мунфаҷир кард, то ба дасти нерӯҳои омрикоии муҳоҷим асир нашаванд.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: