Ҷаҳон

31 донишгоҳи Эрон дар миёни донишгоҳҳои бартари ҷаҳон қарор гирифтанд

Тибқи гузориши Usnews, 31 донишгоҳи эронӣ дар миёни донишгоҳҳои бартари ҷаҳон ҷой гирифтаанд.

Дар ин феҳрист, донишгоҳҳои Теҳрон, Озоди Исломӣ, Санъатии Шариф, Санъатии Исфаҳон, Улуми пизишкӣ ва хадамоти беҳдоштӣ-дармонии Теҳрон, Санъатии Амири Кабир, Санъатии Нӯшервони Бобил, Тарбияти мударрис, Табрез, Шероз, Улуми пизишкии Машҳад, Илму фанноварии Эрон, Фирдавсии Машҳад, Улуми пизишкӣ ва хадамоти беҳдоштӣ-дармонии шаҳид Биҳиштӣ, Улуми пизишкӣ ва хадамоти беҳдоштӣ-дармонии Эрон, Кошон, Улуми пизишкӣ ва хадамоти беҳдоштӣ- дармонии Исфаҳон, Симнон, Ёсуҷ, Язд, Гилон, Улуми пизишкӣ ва хадамоти беҳдоштӣ-дармонии Табрез, Санъати Саҳанд, Розӣ, Исфаҳон, Шаҳид Боҳунари Кирмон, Улуми пизишкӣ ва хадамоти беҳдоштӣ-дармонии Шероз, Бӯалӣ Сино, Улуми пизишкӣ ва хадамоти беҳдоштӣ-дармонии Бақиятуллоҳ, Урумия ва Мозандарон, аз донишгоҳҳое ҳастанд, ки дар миёни бартарин донишгоҳҳои ҷаҳон қарор гирифтаанд.

Тибқи ин гузориш, рутбабандии беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳон барои фаҳми беҳтари муқоисаи донишгоҳҳо дар ҷаҳон таҳия шудааст.

Муассисаи Usnews аз 13 меъёри калидӣ (пажӯҳиш, шумори интишорот, китобҳо, ҳамоишҳо, шумори истинодҳо, ҳамкории ҷаҳонӣ, шумори мақолаҳои пуристинод ва ғайра) барои арзёбии муассисаҳо баҳра мегирад.

Додаҳои арзёбии ин меъёрҳо бо ҳамкории ширкати Clarivate Analytics гирдоварӣ мешаванд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.