Ҷомеа

Баёнияи ҷамъе аз рӯзноманигорони тоҷик

Ҷамъе аз рӯзноманигорони тоҷик шомили: Мавҷуда Соҳибназарова, Амрулло Низомов, Шуҳрати Раҳматуллоҳ, Ҳумайрои Бахтиёр, Муҳаммадшарифи Абдуллоҳ ва Бобораҷаб Холов, бо судури баёнияе, зимни маҳкум кардани ҷойгир шудани номҳояшон дар «феҳристи афроди алоқаманд ба терроризм», ки аз сӯи Бонки Миллии Тоҷикистон тартиб дода шудааст, аз раҳбарияти ин бонк талаб кардаанд, ки “расман аз ин амалкарди ноҷои худ узрхоҳӣ кунад ва дар зудтарин фурсат дар ин «феҳристи сиёҳ» -и нашр кардааш бознигарӣ намуда, аз ҷумла номҳои мо рӯзноманигорон ва хеле аз фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандии дигареро, ки то кунун алайҳи онҳо аз ҷониби мақомоти қудратӣ расман айбнома эълон на шуда ва парвандаҳои онҳо дар додгоҳҳо баррасӣ нашудаанд, ҳазф кунад. Дар ғайри ин сурат, мо бар асоси ҳуқуқҳои конститутсионии худ бо талаби адолат ба додгоҳҳои кишвар ва сипас ба дигар ниҳодҳои байналмилалии таъсиргузор ба Тоҷикистон шикоят бурда, тавассути вакилонамон ин парвандаро мавриди баррасӣ қарор хоҳем дод.”

Матни баёния ба шарҳи зерин аст:

Мо ҷамъе аз хабарнигорон ва фаъолони тоҷик интишори «феҳристи афроди алоқаманд ба терроризм» тавассути Бонки Миллии Тоҷикистонро, ки болотар аз салоҳиятҳои Бонки Миллӣ ҳамчун як ниҳоди судӣ бидуни баррасии парвандаи афроди зикршуда дар додгоҳҳо қисме аз шаҳрвандони кишварро «ҷинояткорони хеле хатарнок» ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст, маҳкум мекунем.

Бо вуҷуди адами эълони айбнома тавассути мақомоти қудратӣ, таҳқиқу баррасии парвандаи онҳо дар додгоҳҳо, вуҷуди эҳтимоли бегуноҳӣ ва ниҳоят содир на шудани ҳалномаи судӣ дар ҳаққи ишон ҳамчун «ҷинояткорони хатарнок», нисбат ба баъзе аз фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорон номҳои онҳо низ дар ин «феҳристи сиёҳ» дарҷ гардидааст, ки он камоли ноадолатӣ ва беинсофист.

Биноан, мо бар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ин кори Бонки Миллиро, ки зери фишори Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон сурат гирифтааст, сӯиистифода аз мақоми давлатӣ, хориҷ шудан аз маҳдудаи салоҳиятҳои корӣ ва дар ниҳоят анҷоми як ҷиноят меҳисобем.

Мо ба дурустӣ медонем, ки тартиб додани чунин «листҳои сиёҳе» аксар маврид бо доштани ангезаҳои сиёсӣ ва бо дастур ва ё ризоияти мақомоти қудратӣ, бавижа Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ), Вазорати корҳои дохилӣ ва ё Прокуратураи генералӣ тартиб дода мешаванд, вале чун мақомоти қудратӣ медонанд, ки дар сатҳи давлатдорӣ хеле аз ин гуна корҳо ҷиноят талаққӣ мешаванд, ба ин хотир ин дафъа КДАМ бо анҷоми ин кораш пушти домони Бонки Миллӣ пинҳон шуда аст.

Чопи ин «феҳристи сиёҳи Бонки Миллии Тоҷикистон» ҳам яке намунаи боризи бархе аз хилофкориҳои КДАМ дониста мешавад, ки дар умум эътибори байналмилалии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро паст зада, аз нуфӯзи давлатдорӣ дар сатҳи байналмилалӣ мекоҳад, ба ин хотир чун ҷуръати онро надорад, ки масъулият ва авоқиби ин гуна ҷиноятҳояшро расман ба ӯҳда бигирад, ин дафъа зери домони Бонки Миллӣ пинҳон шудааст.

Бонки Миллии Тоҷикистон ҳам дар навбати худ хуб медонад, ки яке аз рисолатҳои аслии он на бадном кардани гурӯҳе аз шаҳрвандон дар арсаи ҷаҳонӣ ва аз ин тариқ паст задани эътибори миллат ва давлатдорӣ Тоҷикон аст, балки ҳифзи эътибори давлат ва ҷойгоҳи миллат дар арсаи дохилӣ ва байналмилалӣ ҳам аз яке аз рисолатҳои аслии ин бонк дониста мешаванд. Ба ин хотир, мо бар ин назар ҳастеи, ки чоп кардани ин «феҳристи сиёҳ» аз нигоҳи сиёсӣ ғайриқонунӣ ва дидгоҳи инсонӣ ғайриахлоқӣ мебошад.

Ба ин хотир, мо аз ҷомеъаи рӯзноманигорӣ, фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон низ ин дархостро дорем, ки дар ин қазия бетараф набошанд ва ин кори наравои Бонки Миллиро маҳкум кунанд.

Мо аз раҳбарияти Бонки Миллии Тоҷикистон ҳам талаб дорем, ки расман аз ин амалкарди ноҷои худ узрхоҳӣ кунад ва дар зудтарин фурсат дар ин «феҳристи сиёҳ» -и нашр кардааш бознигарӣ намуда, аз ҷумла номҳои мо рӯзноманигорон ва хеле аз фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандии дигареро, ки то кунун алайҳи онҳо аз ҷониби мақомоти қудратӣ расман айбнома эълон на шуда ва парвандаҳои онҳо дар додгоҳҳо баррасӣ нашудаанд, ҳазф кунад. Дар ғайри ин сурат, мо бар асоси ҳуқуқҳои конститутсионии худ бо талаби адолат ба додгоҳҳои кишвар ва сипас ба дигар ниҳодҳои байналмилалии таъсиргузор ба Тоҷикистон шикоят бурда, тавассути вакилонамон ин парвандаро мавриди баррасӣ қарор хоҳем дод.

Бо эҳтиром:

Мавҷуда Соҳибназарова,

Амрулло Низомов,

Шуҳрати Раҳматуллоҳ,

Ҳумайрои Бахтиёр

Муҳаммадшарифи Абдуллоҳ

Бобораҷаб Холов

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.