Перейти к содержимому

Нахуствазири Лубнон дар 13-умин рӯзи эътирозот истеъфо кард

Нахуствазири Лубнон дар вокуниш ба идомаи эътирозҳои мардумӣ, эълом кард, ба “бунбаст” расида ва истеъфои худ ва давлаташро таслими раисиҷумҳур мекунад.

Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири Лубнон имрӯз (29 октябр), дар 13-умин рӯзи тазоҳурот, истеъфои худ ва давлати Лубнонро эълом кард.

Ҳарирӣ, ки барои бори дуввум аз замони оғози эътирозҳо, барои мӯътаризон суханронӣ кард, дар суханони кӯтоҳаш гуфт, ба “бунбаст” расида ва истеъфои худро ба Мишел Авн, раисиҷумҳури ин кишвар тақдим мекунад.

Нахуствазири Лубнон қабл аз расидан ба кохи риёсати ҷумҳурӣ дар Твиттер навишт: “Ман дар масири Кохи Бъабдо ҳастам, то дар посух ба бисёре аз лубнониҳое, ки ба хиёбонҳо омаданд, истеъфои давлатро таслими раисиҷумҳур кунам. Масъулияти мо ва шариконамон дар ҳаёти сиёсӣ ин аст, ки чӣ тавр аз Лубнон муҳофизат кунем. Фурсате ҷиддӣ дорем, ки набояд ҳадар равад. Истеъфоямро дар ихтиёри раисиҷумҳур ва ҳамаи лубнониҳо қарор медиҳам.”

Ҳарирӣ дар суханронии худ гуфт: “Миллати Лубнон аз 13 рӯз пеш мунтазири тасмими сиёсӣ буд, ки вазъияти кунуниро мутаваққиф кунад. Талош кардам ба роҳкоре бирасам, аммо ба бунбаст расидам. Ба кохи риёсати ҷумҳурӣ хоҳам рафт ва истеъфоямро таслим хоҳам кард.”

Нахуствазири Лубнон идома дод: “Вазифаи мост, ки Лубнонро ҳимоят кунем ва монеи расидани оташ ба он шавем.”

Расонаҳои лубнонӣ гузориш карданд, ки мӯътаризон дар шаҳри Сайдо (ҷануби Лубнон) бо эъломи истеъфои Саъд Ҳарирӣ ба шодӣ пардохтанд. Аммо ҳаводоранаш дар Бейрут дар эътироз ба истеъфои ӯ ба хиёбонҳо рехтанд ва бо қатъи роҳҳои асосӣ, норизоятии худ аз истеъфои ӯро баён карданд.

Эътирозот дар Лубнон 13 рӯз пеш ва пас аз он оғоз шуд, ки давлат бар тамосҳои савтӣ мисли Вотсоп молиёт вазъ кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: