Сиёсат

Чаро мегӯянд Бағдодӣ тарбиятшудаи Омрико буд? // Ин достонро бихонед!

Руберт Каган (Robert Kagan) ва Вилём Кристул (William Kristol) — аз навмуҳофизакорони маъруфи омрикоӣ — дар соли 1997 ба таъсиси утоқи фикре бо номи “Пружаи қарни ҷадиди Омрико” (The Project for the New American Century) дар Вошингтун иқдом карданд. Ин утоқи фикр ба ихтисор ба PNAC маъруф гардид ва асосномаи он тавассути 25 навмуҳофизакори дигар ба имзо расид.

Навмуҳофизакорҳои барҷастаи имзокунандаи асосномаи мазбур иборат буданд аз: Дик Чейни (Dick Cheney, муовини Ҷурҷ Буш), Элиут Обромз (Elliott Abrams), Вилём Бенет (William Bennett), Ҷиб Буш (Jeb Bush, бародари Ҷурҷ Буш ва фармондори собиқи Флуридо), Фронсис Фукуёмо (Francis Fukuyama), Залмай Халилзод (сафири собиқи Омрико дар Афғонистон), Дунолд Румсфелд (Donald Rumsfeld, вазири асбақи дифоъ), Пул Вулфувитз (Paul Wolfowitz, раиси асбақи бонки ҷаҳонӣ), Эстив Фурбез (Steve Forbes, соҳибимтиёзи маҷаллаи Forbes) ва Элиут Куҳен (Eliot Cohen).

Афроди мазкур бо интишори асосномаи “Пружаи қарни ҷадиди Омрико“ дар 3 июни 1997 ба шарҳу тавзеҳи асосҳои сиёсати хориҷии Омрико дар қарни 21-ум пардохтанд.

Ҳангоме, ки Ҷурҷ Буш дар соли 2000, барандаи интихоботи риёсати ҷумҳурии Омрико шуд, 10 тан аз 25 фарде, ки номашон дар миёни имзокунандагони баёнияи PNAC ба чашм мехӯрад, вориди давлати вай шуданд. Дунолд Румсфелд, Дик Чейнӣ ва Пол Вулфувитз, аз афроди шохиси ин ҷараён дар давлати Буш буданд.

Вилём Кристул ва Роберт Каган аз бунёнгузорони “Пружаи қарни ҷадиди Омрико”, дар соли 1998 бо интишори мақолоте дар Маркази мутолеоти амниятӣ ва The New York Times баҳси тағйири режими Ироқро пеш кашиданд.

Мақолаи ин ду дар The New York Times бо ин ҷумла оғоз мешавад: “Саддом Ҳусайн бояд биравад”. Ин ҷумла бисёр шабеҳи нахустин ҷумлае аст, ки Ҷурҷ Буш дар соли 2003, дуруст чанд соат пеш аз додани зарбулаҷал ба Саддом барои тарки Ироқ, дар нутқи телевизиюнӣ эрод кард: “Саддом Ҳусайн ва писаронаш бояд Ироқро зарфи 24 соати оянда тарк кунанд.”

* * *

Тропм дар конфронси матбуотии худ пас аз эъломи кушта шудани Бағдодӣ, гуфт: “Бағдодӣ монанди як саг мурд. Ӯ буздилона мурд. Ҷаҳон акнун бидуни вуҷуди ӯ бисёр амнтар аз гузашта аст.”

Тромп, ба ҷои ин ки ба иллати аслии пайдоиши Бағдодӣ ишора кунад ва эътироф кунад, ки он иллат буд, ки ҷаҳонро ноамн кард, ба ҷои ин, ба сабку сиёқи гузаштагони худ мегӯяд, Бағдодӣ аз байн рафт, пас ҷаҳон амнтар хоҳад шуд.

Оё Тромп намедонад, нутфаи ДОЪИШ дар “Кампи Букои Омрико“ дар ҷануби Ироқ пайдо шуд? Зоҳиран Тромп аз нақши ин “кампи халифапарвар” иттилоъи чандоне надорад ва намедонад ҳамҳизбиҳояш чӣ иштибоҳеро дар солҳои нахустини ишғоли Ироқ муртакиб шудаанд. Шояд ҳам мутталеъ бошад.

Иштибоҳи нахусти ҷумҳурихоҳон, ҳамла ба Ироқ буд, ки дар боло зикр шуд, ки тарҳи ҳамла ҳосили чӣ тафаккуре буд. Аммо иштибоҳи дуввум, ки аз аввалӣ ҳам бадтар буд, марбут ба наҳваи мудирияти зиндонҳое буд, ки тавассути омрикоиҳо дар Ироқ барпо гардид. Иштибоҳи ахир, гирифториеро барои минтақа дуруст кард, ки осораш то кунун ба қуввату шиддат боқӣ ҳастанд ва маълум нест, мусибати ҳосил аз он чӣ замоне хотима меёбад.

Барои равшан шудани нақши “Кампи Буко” ва соири зиндонҳое, ки тавассути Омрико дар Ироқ барпо шуданд, ва албатта дар шаклгирии ДОЪИШ ҳам бисёр муассир буданд, лозим аст, ки ба шарҳи достони шаклгирии ДОЪИШ аз забони яке аз фармондеҳони аршади он ба номи Абӯаҳмад ишора шавад. Фарди мазкур дар мусоҳибае тӯлонӣ бо Мортин Чулуф (Martin Chulov), хабарнигори рӯзномаи Guardian, бо унвони “Достоне аз даруни ДОЪИШ” (Isis: the inside story), дар робита бо достони пайдоиши ДОЪИШ ва ошноӣ бо Абӯбакри Бағдодӣ мегӯяд.

Абӯаҳмад ба Guardian мегӯяд:

Дар тобистони соли 2004 тавассути нерӯҳои омрикоӣ боздошт ва бо парвозе аз Бағдод ба ҷануби Ироқ ба “Кампи Буко” мунтақил шудам. Пеш аз вуруд ба Буко доим зеҳнам машғул буд ва аз вуруд ба Буко ҳарос доштам, аммо пас аз вуруд ба Буко мутаваҷҷеҳ шудам, ки вазъият бисёр беҳтар аз он аст, ки ман пештар тасаввур мекардам. Соири зиндониҳои камп ҳам, ки пеш аз вуруд ба Буко эҳсоси манро доштанд, ба ин нукта ишора мекарданд, ки Буко бисёр мутафовит аз он буд, ки пештар фикр мекардем.

Зиндони Буко, ки тавассути низомиёни Омрико идора мешуд, шароитеро барои даври ҳам будани мо фароҳам кард, ки дар Бағдод ё соири нуқоти Ироқ аслан имкон надошт, ки чунин роҳат ва бо фароғи хотир даври ҳам ҷамъ шавем. Дар Буко на танҳо эҳсоси амният доштем, балки дар чандқадамии раҳбарони Алқоъида зиндагӣ мекардем. Дар ин камп буд, ки барои нахустин бор бо Абӯбакри Бағдодӣ ошно шудам. Тамоми зиндониён аз Бағдодӣ фармонбардорӣ мекарданд, ва албатта ҳеч яке аз мо ҳам хаёл намекардем, ки ӯ рӯзе дар мақоми раҳбари нерӯҳои ҷиҳодӣ зоҳир гардад.”

Абӯаҳмад, ки аз нахустин афроде аст, ки ҷазби ДОЪИШ шуда, дар робита бо чигунагии дастгирии Бағдодӣ тавассути нерӯҳои омрикоӣ ва омаданаш ба Буко мегӯяд:

Абӯбакри Бағдодӣ дар феврали 2004 дуруст чанд моҳ пас аз он ки дар Фаллуҷа иқдом ба таъсиси як гурӯҳи кучаки ҷиҳодӣ ба номи “Ҷайши аҳли суннат ва ҷамоат” кард, тавассути нерӯҳои омрикоӣ дастгир шуд.”

Бино ба гуфтаи дуктур Ҳишом Алҳошимӣ, аз мушовирон ва таҳлилгарони давлати Ироқ дар умури марбут ба ДОЪИШ, Бағдодӣ дар манзили яке аз дӯстонаш ба номи Носиф Ҷосим Носиф дастгир ва ба зиндони Буко мунтақил шуд.

Абӯаҳмад дар тавсифи Буко мегӯяд: “Зиндони Буко муташаккил аз 24 камп буд ва 24,000 зиндонӣ, ки шомили нерӯҳои ҷиҳодӣ ва баъсии дастгиршуда буданд, дар он нигаҳдорӣ мешуданд.”

Вай дар идома меафзояд: “Ҷайши аҳли суннат ва ҷамоат, ки тавассути Бағдодӣ раҳбарӣ мешуд, яке аз гурӯҳҳои кучаки ҷиҳодӣ дар он замон буд, ки ҳамагӣ таҳти ливои Алқоъидаи Ироқ гирди ҳам омада буданд, ва пас аз он дар зайли ДОЪИШ таъриф шуданд. Бағдодӣ дар замони ҳузур дар Буко чеҳраи камтар шинохташудае буд ва дар қиёс бо раҳбарони пурқудрате ҳамчун Абумисъаб Зарқовӣ вазнае маҳсуб намешуд, ҳарчанд ки равиши хоссеро барои мумтоз кардани худ дар миёни соири аъзои боздоштии нерӯҳои ҷиҳодӣ дошт. Вай муддаӣ буд, ки насабаш ба Паёмбари ислом мерасад ва дорои дуктуро дар риштаи мутолеоти исломӣ аз Донишгоҳи исломии Бағдод аст. Ҳамин ду омил мӯҷиб шуда буд, ки дар миёни соири зиндониён, шахсияти соҳиби коризмо маҳсуб шавад.

Бағдодӣ фарди соките буд ва як навъ ҷазабаи шахсиятӣ дошт ба гунае, ки ҳар касе, ки бо ӯ рӯ ба рӯ мешуд, хаёл мекард одами муҳимме ба ҳисоб меояд. Албатта афроди бисёр муҳимтар аз ӯ ҳам дар зиндон ҳузур доштанд, аммо бояд содиқона бигӯям, ки ҳеч гоҳ хаёл намекардам, ки ӯ дар оянда дорои чунин мавқеият ва қудрате шавад.”

Абӯаҳмад ва ду тан аз зиндониёне, ки дар соли 2004 дар Буко зиндонӣ будаанд, дар робита бо иртиботи Бағдодӣ ва омрикоиҳои дохили камп мегӯянд: “Ҳар замон, ки байни гурӯҳҳои ҷиҳодӣ дар даруни зиндони Буко ҷанҷоле рух медод, омрикоиҳо аз Бағдодӣ ба унвони миёнҷӣ истифода мекарданд, то фазои зиндонро ором кунад. Ба мурури замон, Бағдодӣ дар конуни тамоми ҷанҷолҳои зиндон қарор гирифт ва бо тавассул ба “сиёсати тафриқа биандоз ва ҳукумат кун” (policy of conquer and divide) ба ҳар он чи ки дар Буко мехост, даст пайдо мекард.”

Абӯаҳмад дар робита бо равобити Бағдодӣ ва нерӯҳои омрикоӣ дар зиндони Буко ҳамчунин мегӯяд: “Артиши Омрико барои ӯ эҳтироми фавқулъодае қоил буд. Ҳар замон, ки Бағдодӣ мехост ба яке аз кампҳои 24-гонаи Буко биравад, ҳеч омрикоие монеи ӯ намешуд, дар ҳоле, ки соири зиндониён чунин озодие надоштанд.”

Бино ба гуфтаи Абӯаҳмад, “Бағдодӣ дар ҳоле чунин озодиеро дар зиндони Буко дошт, ки ҳамзамон, дар ҳоли омӯзиш ва узвгирии нерӯҳои ояндаи ДОЪИШ, он ҳам дуруст зери гӯши омрикоиҳо буд.”

Абӯаҳмад дар робита бо нақши Буко ва соири зиндонҳои Омрико дар Ироқ, дар пайдоиш ва шаклгирии ДОЪИШ мегӯяд: “Агар Омрико дар Ироқ зиндон надошт, ҳеч гоҳ ДОЪИШ ҳам шакл намегирифт. Буко корхонаи тавлиди ДОЪИШ буд. Ҳамаи мо дар Буко тарбият шудем ва идеулужии доъишии мо дар ҳамон Буко пухт.”

Нерӯҳои омрикоӣ ба ғайр аз Буко воқеъ дар ҷануби Ироқ, ду зиндони дигар низ дар ихтиёр доштанд. Яке “Кампи Крупер” (Camp Cropper) дар наздикии фурудгоҳи Бағдод, ва дигаре Абуғурайб дар атрофи Бағдод буд.

Абӯаҳмад мегӯяд: “Тамоми касоне, ки баъдҳо аз аъзои аршади ДОЪИШ шуданд, муддатеро дар ҳамин боздоштгоҳҳои Омрико сипарӣ карда буданд.”

Аксари касоне, ки аз зиндонҳои мазкур озод шуданд, баъдҳо эътироф карданд, ки зиндонҳои Омрико дар Ироқ, таъсири бисёр зиёде дар шаклдиҳӣ ба ҷараёнҳои ҷиҳодӣ дар оянда доштаанд.

Абӯаҳмад, аз фармондеҳони аршади ДОЪИШ, дар идома мегӯяд: “Муҳити Буко фазои оромеро барои мо фароҳам карда буд, то фориғ аз ҳар гуна эҳсоси ноамнӣ, даври ҳам ҷамъ шавем ва омӯзиш бигирем, ба гунае ки замоне, ки мехостем аз зиндон озод шавем, ба хубӣ аз тавонмандии якдигар огоҳ будем ва барои мулоқотҳои ояндаамон дар беруни зиндон барномарезӣ мекардем.”

Он чи ки дар боло зикр шуд, гузидае буд аз як мусоҳибаи тӯлонӣ бо яке аз касоне, ки аз нахустин рӯзҳои пайдо шудани нутфаи ДОЪИШ дар “Кампи Буко”, дар ҷараёни сайри шаклгирии ДОЪИШ буда ва дар солҳои оянда соҳиби мавқеияти олӣ дар ин гурӯҳи теруристӣ гардидааст.

Он чи ки муҳим аст ин аст, ки Абӯбакри Бағдодӣ, ки робитааш бо Зарқовӣ барои омрикоиҳо равшан буд, дар феврали 2014 дастгир ва ба фосилаи кӯтоҳе дар декабри ҳамон сол низ аз зиндон озод мешавад. Ба чӣ далел ӯ аз чунин озодие дар “Кампи Буко” бархӯрдор буда ва ба қавли Абӯаҳмад бар зиндониҳо риёсат дошта ва артиши Омрико ҳам барои ӯ эҳтироми фаровоне қоил будааст? Рафтори омрикоиҳо бо Бағдодӣ чунон буда, ки ба қавли Абӯаҳмад, ҳамаи зиндониҳо дар декабри 2014 ба ин натиҷа расида буданд, ки озодии ӯ аз “Кампи Буко” наздик аст.

Оё Тромп аз ин ҷараёнҳо бохабар аст? Оё медонад, ки дар рафту омадҳои шабонарӯзии Бағдодӣ ба кампҳои 24-гонаи Буко, чӣ сӯҳбатҳое байни мақомоти иттилоотӣ ва амниятии Омрико ва ӯ радду бадал шудаанд?

Оё президент Тромп хабар дорад, ки фармондеҳи аршади ДОЪИШ дар мусоҳиба бо Guardian гуфта, ки “Буко барои мо килоси дарс ва барои раҳбарони наздик ба Зарқовӣ ва Бағдодӣ, донишгоҳи мудирияти ҷиҳодӣ буд”?

Он чи ки мӯҷиб мешавад, ки Тромп бидуни ишора ба нақши Омрико дар таъсиси “донишгоҳи мудирияти ҷиҳодӣ” дар ҷануби Ироқ, эълом кунад “набуди Бағдодӣ мӯҷиби амнияти бештари ҷаҳон хоҳад шуд”, фақат як чиз аст, ва он ҳам вақоҳат ва фиребкорие аст, ки дар жени тамоми касоне, ки ба мақоми риёсати ҷумҳурии Омрико мерасанд, нуҳуфтааст.

Khabaronline

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.