Перейти к содержимому

Инҷо урдугоҳи Бухенволд нест, балки зиндоне дар Курдистони Сурия аст (филм ва тасовир)

Барои аввалин бор як хабаргузорӣ иҷозаи боздид аз яке аз боздоштгоҳҳои ДОЪИШ дар шимоли шарқии Сурия – минтақаи таҳти контроли нерӯҳои курд — ро пайдо кард. Ин боздоштгоҳ фарқи чандоне бо урдугоҳҳои нозиҳо дар ҳангоми ҷанги ҷаҳонии дуввум надорад. Боздоштшудаҳо, ки ҳамагӣ доъишӣ ҳастанд, вазъи бисёр риққатборе доранд; ҳама наҳиф бо чашмҳои беэҳсос.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, онҳо аз даҳҳо кишвар дар шаҳри Ҳасакаи Сурия зиндонӣ шудаанд. Кишварҳое, ки на хоҳони бозгашт ва на хостори озодии онҳо ҳастанд. Зиндониҳо сурӣ, ироқӣ, олмонӣ, бритониёӣ ва фаронсавӣ ва ғайра мебошанд.

Ин афрод, муттаҳам ба анҷоми қасоватҳои густурда монанди куштори дастаҷамъӣ, эъдом, таҷовуз, шиканҷа ва ба асорат гирифтани мардум дар сарзаминҳои таҳти контроли ДОЪИШ дар Сурия ва Ироқ ҳастанд. Ҷиноятҳое, ки аз онҳо тавассути худашон филмбардорӣ шудааст.

Бархе аз зиндониён, навҷавон ҳастанд ва дар моҳҳои гузашта ҳатто як бор ҳам нури офтобро надидаанд. Бӯи бисёр баде дар бахши дармонгоҳи зиндон печидааст. Ба ҳамин далел боздидкунандагон аз москҳои вежаи ҷарроҳии дармонгоҳ барои гашт дар дармонгоҳ истифода мекунанд.

Зиндониён аз он чи дар берун аз дарҳои зиндон иттифоқ меафтад хабаре надоранд. Онҳо рӯзҳоро бо бетафовутӣ, шумориши донаҳои тасбеҳ ва намозҳои 5-гона мешуморанд.

Онҳо эъломи рӯзи якшанбеи Тромп, раисиҷумҳури Омрико дар бораи амалиёти таъқибу марги Абӯбакри Бағдодӣ, раҳбари ДОЪИШ-ро нашунидаанд.

Раиси зиндон, ки худро бо номи Сарҳот муаррифӣ мекунад дар ин бора мегӯяд: “Онҳо ҳеч иртиботе бо ҷаҳони хориҷ надоранд.”

Бисёре аз зиндониён дар ин марказ фақат пӯсту устухон ҳастанд. Хушшонстарини онҳо тахте барои хоб доранд. Аммо бештари онҳо рӯи замин менишинанд ва дар маърази қатъи узви ҳосил аз уфунати захмҳо қарор доранд.

Осил Мотони 22-сола яке аз зиндониён мегӯяд: “Мехоҳам озод шуда ва ба хона биравам.” Ин ҷавон дар 17-солагӣ Бритониёро тарк кард, то ба бародараш дар Мавсил (яке аз шаҳрҳои шимолии Ироқ) маҳалли таваллуди хилофати ДОЪИШ бипайвандад. Ӯ пас аз кушта шудани бародараш, ба самти шаҳри Риққаи Сурия рафт.

Як зиндонии бритониёии дигар низ гуфт: “Мехоҳам ба Бритониё бозгардам.” Вай афзуд: “Эй кош ҳаргиз ба гурӯҳи Бағдодӣ дар соли 2014 посух намедодам.”

Мақомоти курдӣ аз ҳузури беш аз 50 миллият дар зиндонҳои таҳти контроли худ хабар додаанд. Теъдоди зиндониёни доъишӣ дар маҷмӯъ ба беш аз 12 ҳазор нафар мерасад.

Мақомоти курд пештар ҳушдор доданд, ки ҳамлаи Туркия – ки дар 9 октябри соли ҷорӣ анҷом гирифт — метавонад ба шӯриш дар зиндонҳои ДОЪИШ ва озодии бархе аз онҳо мунҷар шавад.

Ба гуфтаи як мақоми омрикоӣ, дар ҳоли ҳозир беш аз 100 нафар аз зиндониён фирор кардаанд.

Як писари 9-сола сарашро аз миёни дарича берун меоварад, то боздидкунандагонро бибинад. Нигаҳбонон низ аз ӯ мехоҳанд то ҳамзиндониёнашро сокит кунад.

Беш аз як севвум аз зиндониён ниёз ба дармони захмҳо доранд ва танҳо 300 нафар аз онҳо метавонанд дар дармонгоҳи зиндон бихобанд. Бисёре аз ин афрод ба ҳепотит мубтало ҳастанд ва ниёзманди дармонҳои вежа ҳастанд. Бархе аз кӯдакон қаблан ба сарзаминҳои худ бозгаштаанд, аммо сарнавишти мардони ин зиндон номушаххас аст.

Як писари 24-солаи белжикӣ либоси худро боло мезанад ва захмҳояшро ба хабарнигорони хабаргузории Фаронса нишон медиҳад. Ӯ мегӯяд: “Баданам дар ҳоли рехтан ва ҷудо шудан аст.”

Тасовире аз зиндониёни доъишӣ:

Филме аз ин зиндон

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: