Перейти к содержимому

Эрон бояд ба ӯҳдадориҳои худ дар Созишномаи сулҳи Тоҷикистон амал кунад

Мизбонии ҳукумати Тоҷикистон аз мухолифони эронӣ он ҳам дар ҳоле, ки равобити ду кишвар дар фароянди бозсозӣ ва беҳбуд аст, паёме ошкор ба Теҳрон барои фаъол кардани ӯҳдадориҳои қонунии худ дар Созишномаи сулҳ дар қолаби мизбонӣ аз Ҳизби наҳзати исломӣ аст.

Таҳлиле дар хабаргузории Тасним

Чанд рӯз пеш хабаре дар сафҳаи тоҷикии Родию Озодӣ мунташир шуд мабнӣ бар мизбонии ҳукумати Тоҷикистон аз гурӯҳе аз чеҳраҳои зидди эронӣ дар Душанбе. Бино бар иттилооти мунташиршуда аз сӯи ин расона, дар ҷаласаи мазкур, ки мушорикаткунандагони он шоирон, нависандагон ва фаъолони зидди инқилоб буданд, шахси Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ ҳузур дошта ва ба дидор бо меҳмонони зидди эронӣ ва суханронӣ барои онҳо пардохтааст. Ин эронитаборон умдатан сокини кишварҳои Омрико, Фаронса, Итолиё ва Устролиё будаанд, ки барои ин дидор ба Душанбе омадаанд.

Бар асоси гузориши мунташиршуда, бахши муҳимме аз изҳороти матраҳшуда дар ин нишаст, интиқод аз сиёсатҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон будааст. Ба унвони мисол, Масъуди Сипанд, ки аз шоирони ба истилоҳ миллигаро маҳсуб мешавад, дар ин нишаст ашъоре тамасхуромез нисбат ба руҳониюн хондааст. Нуктаи ҷолиби таваҷҷӯҳ он ки ин афрод дар иваз аз ҳукумати Тоҷикистон ба ҷиҳати “секулор” будан тамҷид кардаанд ва баъзан изҳор доштаанд, ки як низоми сиёсии секулор, чӣ демукротик ва чӣ подшоҳӣ бошад, аз як низоми исломӣ беҳтар аст.

Масъалаи таъсиси донишгоҳе дар Тоҷикистон ба номи Куруш мавзӯи дигаре аст, ки гӯё заминасози тадовуми таомулоти ҳукумати Тоҷикистон бо ин фаъолони зидди эронӣ аст. Ҳумер Абрамиён, яке дигар аз чеҳраҳои зидди эронии ҳозир дар ин нишаст, таъсиси донишгоҳе таҳти унвони “Куруши Бузург”-ро дар хоки Тоҷикистон пешниҳод додааст. Ҳамчунин Абдуҷҷаббор Раҳмонзода, дастёри раисиҷумҳури Тоҷикистон низ хабар додааст, ки Душанбе қарор аст мизбони “Ҷашни Куруши Кабир” бошад.

Мушаххас нест дар ҷашни мазкур оё қарор аст пойгоҳи фарҳангӣ барои фаъолиятҳои миллигароёнаи зидди эронӣ фароҳам шавад ё ин барнома сирфан тавассути ҳукумати Тоҷикистон баргузор шавад.

Ин иқдоми ҳукумати Тоҷикистон дар мизбонӣ аз мухолифони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар болотарин сатҳи сиёсӣ, бо ҳузури раисиҷумҳури ин кишвар дар ҳоле сурат мегирад, ки ду кишвар тайи моҳҳои ахир талошҳои зиёде барои беҳбуд ва бозсозии равобити худ сурат додаанд. Тавсиъаи муносиботи сиёсӣ, оғоз ба кори дубораи парвозҳои мустақим, бозгашти ширкатҳои тиҷорӣ ва дидорҳои олирутба ҳамагӣ нишонаҳое аз беҳбуди равобити ду кишвар аст. Бо ин ҳол, ба назар мерасад Душанбе ҳанӯз азми ҷиддӣ барои беҳбуди равобит бо Теҳрон надорад.

Ҳамчунон мушаххас нест ҳукумати Тоҷикистон барои баргузории ҷаласаи хусусӣ бо ин чеҳраҳои зидди эронӣ, дар ихтиёр гузоштани фазо барои изҳороти зидди эронӣ тавассути ин афрод ва бавежа таъриф кардани барномаҳои зидди эронии бештар дар оянда чӣ тавзеҳоте дорад.

Лозим ба зикр аст шахси Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле мизбони чеҳраҳои зидди эронӣ дар Душанбе будааст, ки тайи солҳои ахир борҳо нисбат ба ҳимоят ва пуштибонии Эрон аз Ҳизби наҳзати исломӣ интиқод кардааст. Ҳузури Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Конфронси ваҳдати исломӣ дар Теҳрон дар ҳоле хашми ҳукумати Тоҷикистонро барангехт, ки ин даъват бар асоси як суннати байналмилалӣ дар ҷаҳони ислом ва бо ҳузури садҳо чеҳра ва фаъоли исломгаро будааст. Пас аз он низ ба рағми он ки аъзо ва раҳбарии ин ҳизб ҳамагӣ дар Урупо ҳузур доштанд, боз ҳам нӯки пайкони интиқодоти ҳукумати Тоҷикистон ба сӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон будааст. Ба назар мерасад ҳазинаҳои интиқод аз давлатҳои урупоиро ҳукумати Тоҷикистон аз ҳошияи иқдомоти зидди эрониаш ҷуброн мекунад.

Ин масъала дар ҳоле аст, ки бар асоси Созишномаи сулҳи Тоҷикистон, ки дар соли 1997 ба имзо расидааст, номи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони яке аз кафилони сулҳ дар Созмони Милал ба сабт расидааст.

Табиатан бо таваҷҷӯҳ ба зери по гузошта шудани ин созишнома аз сӯи яке аз тарафайн (ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон), вазифаи ҳуқуқӣ ва ахлоқии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳимоят аз тарафи дигар ва барқарории мусолиҳаи муҷаддад аст.

Ҳаққе, ки Теҳрон ҳанӯз аз он истифода накардааст ва ба назар мерасад ин рафторҳои ҳукумати Тоҷикистон дар натиҷаи ҳарос ва бо ҳадафи таҳти фишор қарор додани Эрон барои адами истифода аз ин ҳаққи қонунӣ аст.

Бо ин ҳол, ҳамчунон ангезаи ҳукумати Тоҷикистон аз мизбонии чунин нишасте мубҳам аст. Родию Озодӣ дар ин замина менависад: “Коршиносон мегӯянд, ҳадафи Душанбеи расмӣ аз даъвати эрониёни паноҳанда дар кишварҳои хориҷӣ маҳз “машрӯият” бахшидан ба ин сиёсатҳост, то ба аҳолии худ ва ҷаҳониён нишон бидиҳад, ки сиёсатҳои пешгирифтааш дар хориҷ ҳамовози зиёд дорад.”

Дар ҳамин росто, Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик дар мусоҳиба бо Родию Озодӣ гуфтааст: ”Ҳоло Теҳрон аз чаҳор тараф зери фишор аст: аз сӯи Омрико, кишварҳои араб ва ҳатто Русия. Бинобар ин, ба назари ман, ҳатто вақт надорад, ки ба чунин нишасте дар Душанбе вокуниш нишон диҳад. Албатта, Эрон аз чунин нишаст эҳтимол норозӣ аст, аммо таваҷҷӯҳи зиёд нахоҳад кард ва вокунише ҳам нишон намедиҳад.”

Ба ақидаи ӯ, Эрон акнун ба масоили муҳимтаре назири масъалаи таҳримҳо ва фишорҳои ворида аз сӯи кишварҳои абарқудрат машғул аст ва феълан барои баррасии нишасти мунтақидонаш дар Душанбе “вақт надорад”. Ба гуфтаи ӯ, акнун Теҳрон аз чаҳор ҷиҳат зери фишор аст; аз сӯи Омрико, кишварҳои арабӣ ва ҳатто Русия. Бинобар ин, Эрон ҳатто вақт надорад, ки ба чунин нишасте дар Душанбе вокуниш нишон диҳад. Албатта Эрон аз чунин нишасте эҳтимолан норозӣ аст, аммо таваҷҷӯҳи зиёде нахоҳад кард ва вокунише ҳам нишон намедиҳад.

Бо ин ҳол, ба назар мерасад лузуми вокуниши сареъ ва қотеъи дастгоҳҳои масъул бавежа ҳавзаи диплумосӣ ва вазорати умури хориҷа метавонад беҳтарин роҳ барои муқобила бо тадовуми чунин иқдомоте бошад. Истифода аз ҳаққи қонунии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои мизбонӣ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва анҷоми ӯҳдадориҳои қонунии худ дар Созишномаи сулҳ, ки шомили ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар кафилони сулҳ аз ҷумла Русия барои водор кардани ҳукумати Тоҷикистон ба анҷоми ӯҳдадориҳояш дар Созишномаи сулҳ аст, аслитарин гузинаи пеши рӯи Теҳрон дар ин замина аст.

Tasnimnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: