Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (389)

Пурсидани Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мар Зайдро, ки имрӯз чунӣ ва чун бархостӣ?, ва ҷавоб гуфтани ӯ, ки “асбаҳту мӯъминан ё Расулаллоҳ!” (2)

* * *

Гуфт: аз ин раҳ ку раҳоварде? Биёр,

Ку нишони якраҳӣ з-он хушдиёр?

Ҳазрати Расул (с) ба Зайд гуфт: аз ин роҳ ку он армуғоне, ки бо худ овардаӣ? Онро бароям биёвар. Ку нишонаи якроҳӣ ва ваҳдат, ки далел бар он диёри хушу нағз бошад?

Якроҳӣ яъне олами ваҳдат ва берангӣ.

Гуфт: халқон чун бибинанд осмон,

Ман бибинам аршро бо аршиён.

Зайд гуфт: эй Расули Худо! Ҳангоме ки мардуми оддӣ ба осмон назар мекунанд ва осмони лоҷувардинро мебинанд, ман аршиёнро мушоҳида мекунам.

Ҳашт ҷаннат, ҳафт дӯзах пеши ман

Ҳаст пайдо ҳамчу бут пеши шаман.

Фирдавси барин, ки дорои ҳашт табақа аст ва дӯзахи оташин, ки ҳафт табақа дорад, дар назари ман чунон пайдост, ки бут дар муқобили бутпараст.

Шаман: бутпараст.

Як ба як вомешиносам халқро

Ҳамчу гандум ман зи ҷав дар осиё.

Ман ботини мардумро як ба як мешиносам, ҳамон сон, ки дар осиё гандумро аз ҷав бозмешиносам ва метавонам миёни онҳо фарқ бигузорам.

Ки биҳиштӣ кисту бегона кӣ аст?

Пеши ман пайдо чу мору моҳӣ аст.

Медонам, ки биҳиштӣ кист ва бегона аз биҳишт кадом аст, монанди мору моҳӣ дар назарам ошкор аст. (Орифи комил метавонад аҳволи қиёматро дар ҳамин дунё мушоҳида кунад.)

Рӯзи зодон, руму зангу ҳар гурӯҳ,

Явма табяззу ва тасвадду вуҷуҳ.

Рӯзи зоида шудан, чӣ румӣ ва чӣ зангӣ, ҳар гурӯҳе аз ҳам бозшинохта мешавад. Дар он рӯз рухсораҳое сапед гардад ва рухсораҳое сиёҳ.

Нукта: Мисроъи дуввум муқтабас аст аз ояти 106 сураи Оли Имрон:

يَوْمَ تَبْيَضُّ وُجُوهٌ وَتَسْوَدُّ وُجُوهٌ

Рӯзе ки рухсораҳое сапед гардад ва рӯҳое сиёҳ…

Пеш аз ин ҳарчанд ҷон пурайб буд,

Дар раҳим буду зи халқон ғайб буд.

Пеш аз ин замон, ҳарчанд ки ҷон пур аз айб буд, вале дар раҳим қарор дошт ва аз диду назари мардум мастур буд. Яъне ҷони одамӣ модом ки дар марҳилаи ҷанинӣ қарор гирифта, агарчи бисёр айбнок аст, вале чун мастуру пинҳон аст, касе наметавонад айбҳои онро мушоҳида кунад.

Аш-шақиййу ман шақо фӣ батнил-ум,

Мин симотил-лоҳи юъраф куллуҳум.

Сияҳрӯзу бадбахт он кас аст, ки дар шиками модараш бадбахту сияҳрӯз будааст. Аз нишонаҳои Худо ҳамаи аҳволи онон шинохта шавад.

Нукта: Ишора аст ба ҳадиси:

السعيدُ من سعِد في بطنِ أمِّه والشقيُّ من شقيَّ في بطنِ أمِّه

Некбахт касе аст, ки дар шиками модараш некбахт бошад, ва бадбахт касе аст, ки дар шиками модараш бадбахт бошад.” (Ривояти Табаронӣ дар “Авсат”, ҳадиси шумораи 2631)

* * *

Баҳсе дар бораи ин ривоят

Бар асоси ин ривоят, бисёреҳо фикр мекунанд, ки бар мабнои омӯзаҳои исломӣ, агар касе дар ин дунё хушбахт аст, аз азал дар пешонии ӯ навишта шуда буда, ки ту хушбахтӣ! Ва агар касе шақӣ ва бадбахт аст, аз азал чунин сарнавиште барои ӯ рақам хӯрда будааст. Дар ҳоле, ки матлаб аз ин қарор нест. Зеро ҳадисҳои ҳазрати Паёмбар (с) бояд дар партави якдигар маъно шаванд. Дар ҳадисе ҳазраташ (с) мефармояд:

مَا مِنْ مَوْلُودٍ إِلَّا يُولَدُ عَلَى الْفِطْرَةِ فَأَبَوَاهُ يُهَوِّدَانِهِ وَيُنَصِّرَانِهِ وَيُمَجِّسَانِهِ

Ҳеч мавлуде нест, магар он ки бар фитрат (фитрати яктопарастӣ ва пок) зода мешавад, сипас падару модараш ӯро ё яҳудӣ мегардонанд ё насронӣ ва ё маҷусӣ.” (Саҳеҳи Муслим, 13/127, Ашшомила)

Агар ривояти аввал чунон маъно бишавад, ки саодату шақовати инсон аз пеш таъйин шуда ва ӯ дигар ҳеч кора аст, пас дар ин сурат, ривояти дуввумро чӣ гуна метавон маъно кард? Оё аз ҷониби ҳазрати Паёмбар (с) гуфторе мутаноқиз содир шуда? Ё ин ки яке аз ин ду ривоят аз эътибор соқит ва дигаре дуруст аст?

Посух ин ки: на ин аст ва на он. Яъне, на ин аст, ки аз ҷониби ҳазрати Хатмимартибат (с) сухан ё гуфторе мутаноқиз содир шуда бошад ва на он аст, ки яке аз ин ду ривоят аз эътибор соқит бошанд. Чунин нест, балки ҳар ду саҳеҳ ва дурустанд.

Зеро бо таваҷҷӯҳ ба баҳси “илми азалии Худованд”, маънои ривояти аввал (“Некбахт касе аст, ки дар шиками модараш некбахт бошад, ва бадбахт касе аст, ки дар шиками модараш бадбахт бошад.”) равшан мешавад. Ва он ин ки: илми Худованд ба падидаҳо ва офаридаҳояш, мисли илми мо одамҳо ба падидаҳо нест, ки масалан ба чизе, ки фардо ё як соли дигар воқеъ хоҳад шуд, огоҳ нестем. Чунин нест. Балки падидаҳо ва офаридаҳо, бо тамоми осорашон, пеши Худованд ҳозиранд, ба дирӯзу имрӯзу фардо тақсим намешаванд.

Бинобар ин, як нафар инсон — ки аз модар пок ва бо фитрати солим зода мешавад – агар бо ихтиёри худаш роҳи шақоватро баргузинад ва шақӣ гардад ва бар ҳамин ҳолат бимирад, ин ҳодиса пеши Худованди Мутаъол аз азал маълум аст. Ӯ Таъоло медонад, ки ин одам шақӣ хоҳад мурд. Ва ба сухани дигар, шақӣ будани ӯ пеши Худо, аз ҳамон лаҳзае, ки дар шиками модараш буд, маълум будааст.

Ибни Баттаи Ҳанбалӣ тавзеҳи ҷолибе дар ин замина дорад, мегӯяд:

وَالْعلم بِأَن الشَّيْء سَيكون وَالْخَبَر عَنهُ بذلك وَكِتَابَة ذَلِك لَا يُوجب اسْتغْنَاء ذَلِك عَمَّا بِهِ يكون من الْأَسْبَاب الَّتِي لَا يتم إِلَّا بهَا كالفاعل وَقدرته ومشيئته فَإِن اعْتِقَاد هَذَا غَايَة فِي الْجَهْل إِذْ هَذَا الْعلم لَيْسَ مُوجبا بِنَفسِهِ لوُجُود الْمَعْلُوم بِاتِّفَاق الْعلمَاء بل هُوَ مُطَابق لَهُ على مَا هُوَ عَلَيْهِ… فَتبين أَن الْعلم وَالْخَبَر وَالْكتاب لَا يُوجب الِاكْتِفَاء بذلك عَن الْفَاعِل الْقَادِر المريد مِمَّا يدل على ذَلِك أَن الله سُبْحَانَهُ وَتَعَالَى يعلم ويخبر بِمَا سَيكون من مفعولات الرب كَمَا يعلم أَنه سيقيم الْقِيَامَة ويخبر بذلك وَمَعَ ذَلِك فمعلوم أَن هَذَا الْعلم وَالْخَبَر لَا يُوجب وُقُوع الْمَعْلُوم الْمخبر بِهِ بِدُونِ الْأَسْبَاب الَّتِي جعلهَا الله أسبابا لَهُ. إِذا تبين ذَلِك فَقَوْل السَّائِل السعيد لَا يشقى والشقي لَا يسْعد كَلَام صَحِيح أَي من قدر الله أَن يكون سعيدا يكون سعيدا لَكِن بِالْأَعْمَالِ الَّتِي جعله سعد بهَا والشقي لَا يكون شقيا إِلَّا بِالْأَعْمَالِ الَّتِي جعله يشقى بهَا الَّتِي من جُمْلَتهَا الاتكال على الْقدر وَترك الْأَعْمَال الْوَاجِبَة وَالله سُبْحَانَهُ وَتَعَالَى علم وَقدر أَن هَذَا يعْمل كَذَا فيسعد بِهِ وَهَذَا يعْمل كَذَا فيشقى بِهِ

Илм ба ин ки ҳодисае дар оянда ба вуқӯъ хоҳад пайваст ва хабар додан аз он ва навиштани он, мӯҷиб намегардад, ки мӯътақид шавем ин ҳодиса дар ба вуқӯъ пайвастан дигар ниёз ба асбобу иллатҳо надорад; иллатҳое мисли фоъил (анҷомдиҳанда), қудрат ва иродаи ӯ, ки ҳодисаи мавриди назар аз тариқи ин сабабҳо ба вуқӯъ мепайвандад. Инчунин эътиқоде ниҳояти ҷаҳолат ва нодонӣ аст. Зеро ин илм – ба иттифоқи назари уламо — ба худии худ мӯҷиби вуқӯи он ҳодиса нест, балки мутобиқ ба он аст; бар ҳамон сурате, ки буда (ё хоҳад буд)… Пас, маълум шуд, ки илм ба ҳодиса ва хабар додан аз он ва ё навиштани он, мӯҷиб намешавад гумон равад, ки ин ҳодиса дигар аз фоъили қодиру боирода бениёз будааст. Худованди Мутаъол медонад ва хабар медиҳад аз он чи ки дар оянда ба вуқӯъ хоҳад пайваст ва ҳамчунин медонад, ки қиёмат барпо хоҳад шуд ва аз он хабар медиҳад. Вале бо ин ҳама, маълум аст, ки ин илм ва ин хабар мӯҷиби вуқӯи маълум (падида) — ки аз он хабар дода — бидуни иллатҳо ва сабабҳо нест; асбобе, ки Худованд худаш вуқӯи онро аз тариқи ин асбоб қарор додааст.

Ва чун ин воқеият бароят маълум шуд, пас ин сухани суолкунанда, ки: “Некбахт касе аст, ки дар шиками модараш некбахт бошад…“, суханест дуруст, аммо ба ин маъно, ки: касе, ки Худованд муқаддар карда некбахт бошад, некбахт хоҳад шуд, вале ба воситаи амалҳое, ки анҷом медиҳад ва Худо ӯро ба сабаби анҷоми ҳамин амалҳо некбахт мегардонад. Ва шақӣ шақӣ нашавад, магар ба сабаби амалҳое, ки муртакиб мешавад ва Худо ӯро ба сабаби иртикоби ҳамон аъмол шақӣ мегардонад, ки аз ҷумлаи ин аъмол аст ҳавола ба тақдир намудан ва тарки воҷибот.

Пас, Худованд ба илми азалӣ медонад, ки фалон инсон фалон амали некро анҷом хоҳад дод ва ба сабаби он, некбахт хоҳад гардид, ва аммо фалон инсони дигар фалон амали бадеро муртакиб хоҳад шуд ва ба сабаби он шақоватманд хоҳад гардид…” (Ал-ибона ъаниш шариъатил фирқатин ноҷия, 1/180, Ашшомила)

Ва Имом Мӯсо ибни Ҷаъфар (а) низ дар ривояте ҳамин мазмунро таъкид кардааст:

عَنْ مُحَمَّدِ بْنِ أَبِي عُمَيْرٍ قَالَ سَأَلْتُ أَبَا الْحَسَنِ مُوسَى بْن جَعْفَرٍ ع عَنْ مَعْنَى قَوْلِ رَسُولِ اللَّهِ ص: الشَّقِيُّ مَنْ شَقِيَ فِي بَطْنِ أُمِّهِ وَالسَّعِيدُ مَنْ سَعِدَ فِي بَطْنِ أُمِّهِ، فَقَالَ الشَّقِيُّ مَنْ عَلِمَ اللَّهُ وَهُوَ فِي بَطْنِ أُمِّهِ أَنَّهُ سَيَعْمَلُ أَعْمَالَ الْأَشْقِيَاءِ وَالسَّعِيدُ مَنْ عَلِمَ اللَّهُ وَهُوَ فِي بَطْنِ أُمِّهِ أَنَّهُ سَيَعْمَلُ أَعْمَالَ السُّعَدَاءِ

Муҳаммад ибни Абумайр гӯяд: Аз Абулҳасан ҳазрати Мӯсо ибни Ҷаъфар (а) суол кардам аз маънои қавли Расули Худо (с), ки: “Некбахт касе аст, ки дар шиками модараш некбахт шуд ва бадбахт касе аст, ки дар шиками модараш бадбахт шуд”. Имом (а) фармуд: Шақоватманд касе аст, ки Худо дониста, ки ӯ – дар ҳоле ки ҳанӯз дар шиками модараш аст — дар оянда аъмоли бадбахтонро анҷом медиҳад, ва некбахт касе аст, ки Худо дониста, ки ӯ – дар ҳоле ки ҳанӯз дар шиками модараш аст – дар оянда аъмоли некбахтонро анҷом медиҳад…

Тан чу модар тифли ҷонро ҳомила,

Марг дарди зодан асту зилзила.

Ба унвони мисол, тан монанди модар тифли ҷонро бордор аст, яъне ҳар гоҳ дар ин дунё зане вазъи ҳамлаш наздик шавад ва дучори дарди зоймон гардад, атрофиёни он зан мунтазир мешаванд, ки ҷанине, ки даруни шиками модар аст, чӣ гуна аст? Оё писар аст ё духтар? Сиёҳ аст ё сафед? Зишт аст ё зебо? Марг ҳам навъе дарди зоймон аст. Яъне ҷанини руҳ мехоҳад аз раҳими колбад берун ояд ва дар дунёе дигар зоида шавад. Ва чун аз ин ҷаҳон реҳлат кард ва дар он ҷаҳон зода шуд, ҷамиъи авсофи ӯ мусаввару муҷассам мегардад ва он гоҳ маълум мешавад, ки некбахт аст ё бадбахт.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: