Перейти к содержимому

Кадом намоз намоз аст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Намози ту вақте намоз аст, ки арши ситамгаронро ба ларза дароварад, вагарна ба дарди ҳеч чиз нахоҳад хӯрд. Вақте намозат золимро нигарон накунад ва ӯро бетоб накунад ва аршашро ба ларза дарнаёварад, дар намозат шак бикун, дар қабулии намозат тардид кун…

Ситамгарон рӯй ба Шуъайби паёмбар (а) оварданд ва гуфтанд:

قَالُوا يَا شُعَيْبُ أَصَلَاتُكَ تَأْمُرُكَ أَنْ نَتْرُكَ مَا يَعْبُدُ آبَاؤُنَا أَوْ أَنْ نَفْعَلَ فِي أَمْوَالِنَا مَا نَشَاءُ ۖ إِنَّكَ لَأَنْتَ الْحَلِيمُ الرَّشِيدُ

Эй Шуъайб! Оё намозат ба ту фармон медиҳад, ки мо он чиро падаронамон мепарастиданд раҳо кунем, ё дар молҳои хеш на он кунем, ки мехоҳем? Ту, ки бурдбор ва хирадманди роҳёфтаӣ!” (Сураи Ҳуд, ояти 87)

Магар на ин аст, ки намоз, ба қавли баъзеҳо, як ибодат ва як амали инфиродӣ аст ва чизест байни банда ва Худояш? Хуб, вақте чунин аст, пас намози ин паёмбар чӣ намозе будааст, ки ситамгаронро нигарон карда?! Чӣ намозе будааст, ки ситамгарон ҳар он чӣ аз ин паёмбар медиданд, аз намози ӯ медидаанд?!
Сабабаш ин аст, ки намози ӯ руҳ дошт. Ҳар он чӣ дар намоз замзама мекард, дар амал таҷассум меёфт, на ин ки он замзамаҳо лақлақаи забон бошанд.

Ба унвони мисол, ту, ки худатро мусалмон медонӣ ва дар ҳар шабонарӯз панҷ вақт намоз мехонӣ, магар на ин аст, ки дар ҳар як аз ин намозҳо ва дар ҳар ракъате аз онҳо мегӯӣ:

إِيَّاكَ نَعْبُدُ وَإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ

Яъне, фақат туро мепарастем эй Худо ва фақат аз ту кӯмак мехоҳем?!

Фақат туро мепарастем, яъне ин ки мо фақат бандаи ту ҳастем, фақат дар баробари ту сар ба саҷда мениҳем, на бардаи одамҳое мисли худамон, ки ҳозир бошем аз тарс дар баробарашон курниш кунем.
Ин яъне таъаҳҳуду паймон бо Худоят, ки ман агар мусалмонам, агар одам ҳастам, агар барои худам каромат қоил ҳастам, ҷуз аз ту дигар аз ҳеч махлуқе наметарсам ва дар баробари ҳеч ҳокими ситамгар ва золим курниш намекунам!

Оё ба ин таъаҳҳуд ва ин паймон ва ин ваъда ба Худо пойбандӣ?!

Намози воқеӣ ҳамон намоз аст, ки туро ба саҳнаи набарди ҳаққу ботил бикашонад.

Намози воқеӣ ҳамон намоз аст, ки аз ту як одами мубориз, озодихоҳ, зулмситез ва адолатхоҳ бисозад, аммо агар намоз мехонӣ ва бо вуҷуди он, одаме бехоссият, бетафовут, бемаззае ҳастӣ, пас бидон, ки беҷиҳат сари саҷҷода нишаста будаӣ, ва ба гуфтаи марҳум Шариатӣ:

Агар дар саҳнаи ҳаққу ботил набошӣ, чӣ ба намоз биистӣ ва чӣ ба шароб биншинӣ, ҳар ду якест.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: