Перейти к содержимому

Калимоти мондагори Сайидҷамол

Чашми инсон кӯр бошад беҳтар аст аз ин ки биниш ва тарзи фикри ӯ кӯр бошад.

* * *

Бадтарин дарди мардуми Машриқзамин ин аст, ки онҳо дар иттиҳод миёни худ бо ҳам ихтилоф доранд, вале дар таъйиди ихтилоф, бо ҳам муттаҳиду муттафиқанд. Онҳо дар миёни худ аҳду паймон бастаанд, ки миёни худ якпорча ва муттаҳиду муттафиқ нашаванд.

* * *

Озодихоҳӣ як орзуст, ба даст овардани он кору пайкор мехоҳад ва инсонро водор ба пазириши қурбонӣ ва исор ва қабули хатарҳо ва мушкилот мегардонад.

* * *

Пешво ҳамон касе аст, ки мардумро ба аъмолу афъоли худ раҳбарӣ мекунад, на ба авомиру ақволи худ.

* * *

Агар ҷоҳилон ҳоким шаванд, назму насақи ҷомеа аз ҳамдигар муталошӣ гардад.

* * *

Пасттарини мардум касе аст, ки зиндагии худро дар марги дигарон меҷӯяд, ва бузургтарини онҳо ҳамон касе аст, ки зиндагии дигаронро гарчӣ як нафар ҳам бошад, дар бадали марги худ мехоҳад.

* * *

Соҳиби ҳақ қавӣ аст гарчӣ дар мақоми заъф қарор дорад, ва дӯстдори ботил заъиф аст гарчӣ дар зоҳир қавӣ намоён мешавад.

* * *

Афсӯс мехӯрам аз ин ки киштаҳои худро надаравидам. Ба орзуе, ки доштам, комилан ноил нагардидам. Шамшери шақоват нагузошт бедории милали Шарқро бибинам. Дасти ҷаҳолат фурсат надод садои озодӣ аз ҳулқуми милали Шарқ бишнавам.

* * *

Эй кош ман тамоми тухми афкори худамро дар мазраъаи омодаи миллат кошта будам!

Чӣ хуш буд тухмҳои борвари муфиди худро дар замини шӯразори салтанат фосид наменамудам!

Он чӣ дар он мазраъа (мазраъаи миллат) коштам ба нумӯ расид, ҳар чӣ дар ин замини кӯр (замини шӯразори салтанат) ғарс намудам, фосид гардид. Дар ин муддат ҳеч як аз таколифи хайрхоҳонаи ман ба гӯши салотини Машриқзамин фурӯ нарафт; ҳамаро шаҳвату ҷаҳолат монеъ аз қабул гашт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: