Перейти к содержимому

“Агар бо модарам иттифоқе рух диҳад, масъулияташ ба гардани раиси ноҳияи Зафаробод ва ШКД-и ноҳия аст”

Салим Султонзода, фаъоли тоҷик ва узви Анҷумани Озодандешони Тоҷик, ки дар ҳоли ҳозир дар Фаронса ба унвони паноҳандаи сиёсӣ ба сар мебарад, дар ёддоште, бо ишора ба ин ки КДАМ барояш паёме фиристода, ки Раҳмон дар рӯзҳои наздик ба Урупо сафар дорад ва аз ин рӯ Салим набояд дар ҳеч тазоҳуроте алайҳи ҳузури Раҳмон ширкат кунад вагарна “пайвандонаш зарар хоҳанд дид”, хитоб ба мақомоти Тоҷикистон хотирнишон кардааст: “Ба Худо қасам то имрӯз ман хомӯш ва берун аз майдон будам, ҳоло шумоед манро ба майдони мубориза кашидед. Имрӯз шумоён мехоҳед ба ман фишор биёред ва чӣ кор кардану чӣ накардани манро ба ман ёд диҳед? Номаъқул кардед бо ин фикратон. Дар байни ин чаҳор сол модари 64 солаи ман ду маротиба ҷарроҳӣ шуд. Он ҳам аз дасти фишорҳои доимии шумоён. Агар Худо накунаду ба модарам коре рух диҳад, инро бидонед, ки масъулияти он ба гардани раиси ноҳияи Зафаробод Раҷаббой Ашурзода ва роҳбарони амнияту ШКД-и ноҳия хоҳад буд.”

Машрӯҳи ёддошти Султонзода ба нақл аз сафҳаи корбариаш дар Фейсбук ба шарҳи зерин аст:

Имрӯз бароям аз Ватан паёме расид, ки иборат аз таҳдид ва шартгузорӣ буд. Ва он ҳам аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва бо воситаи пайвандонам. Мазмуни паём аз он иборат аст, ки раисҷумҳур Раҳмонов рӯзҳои наздик ба Аврупо сафар доштаасту ва ман, ки феълан дар Аврупо қарор дорам, набояд дар намоишҳои эътирозии мухолифони ҳукумат ширкат варзам. Дар акси ҳол пайвандони ман зарар хоҳанд дид. Ин яъне чӣ? Ин яъне… шантаж, фишор, гаравгон гирифтан…

Аз ин як паём ман ба худ чанд хулоса кардам ва хостам онро рӯи варақ бикорам то ҳарфамро ба дигарон расонам хоҳ аз мухолифон бошад хоҳ аз ҳукумативу амниятӣ.

Якум. Аз рӯи шеваи ирсол кардани паём, яъне даъват кардани бародараму ба ӯ рӯи рост гуфтани шартҳояшон, ки «осудагии шумоён аз бародаратон вобаста аст» ин нишони боз ҳамон тарсдодану шантаж кардан аст. Ин нишони дар асорат будани мардум алалхусус наздикони мухолифин аст, аз ҷумла наздикони ман. Модари пиру беморам, додарони на ба сиёсат кордоштаву на ба иқтисод ва оилаи бегуноҳи онҳо.

Дуюм. Ин яъне тарси ҳукумат ва амнияти кишвар аз мухолифон аст. Агар онҳо тарс намедоштанд ба ин «огоҳкуниҳо»даст намезаданд. Яъне вақте худи ҳукумат мухолифони худро «як гурӯҳи заиф» ном мебараду, аммо дар баробари ин аз ин «гурӯҳи заиф» ҳарос дорад инро чи хел бояд фаҳмид? Он қадар ҳарос доранд, ки омодаанд осудагии пайвандону наздикони мухолифони худро ошкоро баҳри пешгири аз фаъолияти мухолифонашон рӯи тахта ҳамчун пешшарт гузоранд. Ин амал нишон аз нотавонии режими Рахмонов аст.

Сеюм. Он ҳама суханҳои болохонадори ҳукумати Тоҷикистон оиди таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ва гулгулшукуфоии кишвар, ки ба оламиён ҷор мезанад як дурӯғи ошкор ва зимоми давлати Тоҷикистон дар дасти як гурӯҳ дузду авбошу муштзур буданашро намехоҳанд мардуми олам бишнаванд. Ва ин Раҳмон намехоҳад, ки дар қалби Аврупо шиори «Раҳмонов диктатор!» садо диҳад.

Чорум. Он амнияти гуфтааст, ки «бародарат ба митинг наравад, то мо дигар шумоёнро безобита(!) накунем»

О ҷоноби қумандонҳо, ин шумоён Худоро шукр кунед, ки то имрӯз ман шумоёнро безобита накардам!
Манро ку хуб мешиносед, ҳам роҳбарияти ноҳияи Зафаробод, ҳам мақомоти кудративу ҳатто собиқ раиси вилояти Суғд. Шумоён даҳони манро ҳатто бо тӯҳмат ба зиндон андохта ҳам пушида натавонистед, мехоҳед акнун манро зери контрули худ гиред? Ба Худо қасам то имрӯз ман хомӯш ва берун аз майдон будам, ҳоло шумоед манро ба майдони мубориза кашидед. Имрӯз шумоён мехоҳед ба ман фишор биёред ва чи кор кардану чи накардани манро ба ман ёд диҳед? Номаъқул кардед бо ин фикратон. Дар байни ин чаҳор сол модари 64 солаи ман ду маротиба ҷарроҳӣ шуд. Он ҳам аз дасти фишорҳои доимии шумоён. Агар Худо накунаду ба модарам коре рух диҳад, инро бидонед, ки масъулияти он ба гардани раиси ноҳияи Зафаробод Раҷаббой Ашурзода ва роҳбарони амнияту ШКД-и ноҳия хоҳад буд. Роҳбари кунунии амнияти ноҳия, пеш аз таҳдид кардан ба наздиконам Шумои мӯҳтарам як бор бо собиқ раиси амнияти ноҳия ҷаноби Саидов маслиҳат накардед? Он ҷаноб ба ин ахмақӣ даст назада буд, то болои пайвандони ман фишор биёрад. Чун аз натиҷааш андеша мекард. Ё шумоён фикр мекардед, ки ин ман аз тарс ҳарфе намезанам ё ҳарфе баҳри гуфтан надорам? Он қадар «компромат» дар даст дорам, ки сару нугаш то муфаттиши прокуратураи генералӣ мерасад. Ё шумоён мехоҳед, ки он ҳама «матбуотӣ» шаванд? Аз марги оброн дар даруни қубури обрав сар карда то «доля» болои боғчаҳои бачагона барои пешвази «пешвоятон» ва дигару дигар аз ҳамааш бо факту далелҳо хабар дорам. Мехоҳед ҳамаро нависам. Биёед суханро ба дарозо накашем. Шумо бо тавре, ки худ мехостед Раҳмоновро пешвоз гирифтед. Ман ҳам бо тавре, ки худ мехоҳам пешвоз хоҳам гирифт. Боқӣ саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: