Перейти к содержимому

Дар бораи сафари Раҳмон ба Урупо

Расонаҳо аз сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба чанд кишвари урупоӣ хабар додаанд. Бар асоси гумоназаниҳои мавҷуд, ду кишвари Суис (Швейтсария) ва Фаронса ва ба эҳтимоли камтар, Чек, кишварҳои мизбони раисиҷумҳури Тоҷикистон хоҳанд буд. Албатта манобеъе аз ҳукумати Тоҷикистон ба хабаргузории ASIA-Plus гуфтаанд, ки Раҳмон мумкин аст аз чанд кишвари урупоии дигар низ боздид кунад. Сафари Эмомалӣ Раҳмон аз имрӯз (4 ноябр) то 12 ноябр ба тӯл меанҷомад.

Бо ин ҳол ҳамчунон ҷузъиёте аз сафарҳои вай ва дидорҳои эҳтимолӣ, ки ӯ мумкин аст бо мақомот ва ниҳодҳои урупоӣ дар кишварҳои мазкур дошта бошад, мунташир нашудааст. Нуктаи ҷолиби таваҷҷӯҳ он аст, ки ҳатто кишварҳое, ки иддао мешавад қарор аст тайи рӯзҳои оянда мизбони Эмомалӣ Раҳмон бошанд низ ҳамчунон хабаре дар ин замина мунташир накардаанд. То кунун танҳо анҷумане ба номи MEDEF, ки як маҷмаъи муташаккил аз шуморе аз тоҷирон ва бозаргонони фаронсавӣ аст таъйид карда, ки дар рӯзи 7 ноябр, як нишасти муштарак миёни Шӯрои тиҷории Фаронса ва Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд. Бо ин ҳол, ҳамчунон ба рағми гумоназаниҳо, ахбори таъйидшуда аз дидорҳои Раҳмон бо мақомоти олирутбаи кишварҳои урупоӣ мунташир нашудааст.

Яке аз меҳварҳои аслӣ, ки коршиносон дар бораи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Урупо матраҳ мекунанд, музокироти иқтисодӣ аст. Тайи солҳои ахир Тоҷикистон аз рушди муносиби иқтисодӣ бархӯрдор набуда ва дар дохил низ мардум бо бӯҳронҳои маъишатии мутаъаддиде мувоҷеҳ ҳастанд. Бахше аз иллатҳои ин шароит, коҳиши арзиши рубл пас аз эъмоли таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия аст. Бахши муҳимме аз тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистон вобаста ба маблағҳои ирсолӣ аз сӯи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия таъмин мешавад, ки коҳиши арзиши рубл ба маънои коҳиши ин бахш аз тавлиди нохолиси дохилии ин кишвар аст. Аз сӯи дигар низ, анҷоми тарҳҳои пурҳазина назири Роғун ва дигар пружаҳо бидуни баҳраварии иқтисодии кӯтоҳмуддат, мушкилоти Тоҷикистонро дучандон кардааст.

Дар ҳамин ҳол, сатҳи бадеҳиҳои Тоҷикистон ба Чин низ дар пайи дарёфти вомҳои мутаъаддид афзоиш ёфтааст. Тоҷикистон тайи солҳои ахир бо эътои имтиёзоти инҳисории баҳрабардорӣ аз маъданҳо ва ҳатто дар бархе маворид иҷора ва фурӯши замин, бахше аз бадеҳиҳои худро ба Пекин пардохт кардааст. Аммо зуҳури гароишҳои зиддичинӣ ва эътирозоти афкори умумӣ ва бавежа аз сӯи нухбагони сиёсӣ, бозпардохти бадеҳиҳо аз ин масирро низ барои Душанбе душвор намудааст. Аз сӯи дигар, кишварҳои ғарбӣ низ нигаронии вежае дар хусуси афзоиши нуфузи Чин дар пайи бӯҳрони бадеҳиҳо дар Тоҷикистон доранд.

Аз ин манзар, ду меҳвари калидии иқтисодӣ дар сафар ба Урупо метавонад мавриди таваҷҷӯҳи Раҳмон қарор бигирад. Нахуст, дарёфти кӯмакҳои бештари молӣ; кӯмакҳое, ки ба назар мерасад тайи солҳои ахир ба далели масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ аз сӯи кишварҳои ғарбӣ ё коҳиш ёфта ва ё мумкин аст дар оянда бо коҳиши маҳсус мувоҷеҳ шавад. Аз тарафи дигар низ, ҷазби сармоягузориҳои қобили таваҷҷӯҳ аз сӯи кишварҳои ғарбӣ метавонад иқтисоди дар ҳоли фурӯпошии Тоҷикистонро эҳё кунад. Ба назар мерасад Раҳмон дар ин сафар таваҷҷӯҳи вежае ба сармоягузорони урупоӣ дошта бошад.

Дар ҳавзаи масоили сиёсӣ аммо ба назар мерасад шароит каме печидатар бошад. Тайи 2 соли ахир ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон чолишҳои мутаъаддидеро бо Урупо аз сар гузарондааст. Нахустин чолишҳо бо Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ба далели ҳимоят аз мухолифони сиёсии ҳукумат падидор шуд. Пас аз он, дуруст замоне, ки опозисиюни тоҷик дар Берлин таҷаммӯотеро дар муқобили сафорати Тоҷикистон дар Олмон тартиб доданд, таҷаммӯоти сохтагӣ муқобили сафорати Олмон дар Тоҷикистон низ баргузор шуд, ки ҳошияҳои мутаъаддидеро дарбар дошт. Масъалаи ҳуқуқи башар ва зиндониёни сиёсӣ низ дар канори ин маворид, ҳамеша ба унвони як чолиши сиёсӣ матраҳ будааст. Акнун низ Тоҷикистон дар бадтарин вазъияти солҳои пас аз истиқлол ба лиҳози шохисҳои ҳуқуқи башар ва озодии баён қарор дорад ва интизор меравад Раҳмон дар сафар ба кишварҳои урупоӣ бо суолот ва чолишҳои душворе дар ин замина мувоҷеҳ шавад.

Дар канори ин маворид, мебоист масъалаи пурмуноқишаи Родию Озодиро низ афзуд. Пас аз ифшои расвоиҳои Родию Озодӣ дар ҳамкориҳои пушти парда бо ҳукумати Тоҷикистон, ки мунҷар ба тағйири системи мудириятии он ва ҳамчунин дар сохтори кулли ин расонаи ғарбӣ шуд, ҳукумати Тоҷикистон меконизмҳои маҳдудкунандаеро дар қиболи ин расона дар пеш гирифт. Адами таъйиди муҷаввизи кории хабарнигорон ва коркунони он, аслитарин рӯйкарди Эмомалӣ Раҳмон будааст. Дар пайи ин таҳаввулот, ҳафтаи гузашта намояндагони Кунгураи Омрико ва ду рӯз пеш низ раиси Родию Озодӣ дар номаҳое ҷудогона ба Эмомалӣ Раҳмон, хостори судури муҷаввиз барои хабарнигорони Родию Озодӣ шудаанд.

Бо ин ҳол, ба назар мерасад пас аз ҳамлаи ДОЪИШ ба гардишгарони ғарбӣ дар ҷануби Тоҷикистон ва зуҳури мудирияти ҷадид дар Иттиҳодияи Урупо, бо бузургнамоии таҳдиди теруризм ва эҳтимоли бурузи бесуботӣ дар Тоҷикистон, муносиботи ду тараф аз охирҳои соли 2018 рӯ ба беҳбуд рафтааст. Сафари Дунолд Туск, раиси ҷадиди Шӯрои Урупо ба Тоҷикистон дар моҳи майи соли ҷорӣ (2019), нахустин нишона дар ин замина буд. Дар ин дидор Туск тамҷидҳои қобили таваҷҷӯҳе аз нақши Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи субот ва амнияти Тоҷикистон матраҳ мекунад, ки ҳатто мавриди интиқоди таҳлилгарони ғарбӣ низ қарор мегирад. Пас аз он низ истротежии ҷадиди Иттиҳодияи Урупо дар қиболи Осиёи Марказӣ мунташир шуд, ки рӯйкарди таомулӣ ва дурии нисбӣ аз чолишҳоро ба навъе пешниҳод мекард. Ба назар мерасад наздикӣ ба интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ва порлумонӣ дар соли оянда низ ангезаи дигари Раҳмон аз сафар ба Урупо дар ҳавзаи масоили сиёсӣ бошад.

Охирин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Урупо ба 3 сол пеш бозмегардад. Вай дар охирҳои соли 2017 буд, ки аз ду кишвари урупоӣ: Олмон ва Чек боздид кард. Дар он сафар вай бо эътирозоти мутаъаддиде аз сӯи опозисиюни тоҷик, бавежа аз тарафи Гурӯҳ 24 дар шаҳри Праг мувоҷеҳ шуд. Акнун низ мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон эълом кардаанд таҷаммӯоти эътирозиро дар масирҳои сафари Эмомалӣ Раҳмон дар кишварҳои урупоӣ тартиб хоҳанд дод. Ба назар мерасад як омили адами ироаи ҷузъиёт аз сафари Раҳмон ба кишварҳои урупоӣ, муқобила бо ҳамин чолишҳо бошад.

Tasnimnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: