Перейти к содержимому

Заҳр дар зеҳни худи ту буд

Духтаре издивоҷ кард ва ба хонаи шавҳар рафт, вале ҳаргиз наметавонист бо модаршавҳараш канор биёяд ва ҳар рӯз бо ҳам ҷарру баҳс мекарданд.

Оқибат як рӯз духтар назди дорусозе, ки дӯсти самимии падараш буд рафт ва аз ӯ тақозо кард, то заҳре ба ӯ бидиҳад, то битавонад модаршавҳарашро бикушад.

Дорусоз маъҷуне ба духтар дод ва гуфт, ки ҳар рӯз миқдоре аз онро дар ғизои модаршавҳар бирезад, то заҳри маъҷун кам-кам дар ӯ асар кунад ва ӯро бикушад. Зимнан тавсия кард, то дар ин муддат бо модаршавҳар мудоро кунад, то касе ба ӯ шак накунад.

Духтар маъҷунро гирифт ва хушҳол ба хона баргашт ва ҳар рӯз миқдоре аз онро дар ғизои модаршавҳар мерехт ва бо меҳрбонӣ ба ӯ медод.

Ҳафтаҳо гузашт. Бо меҳру муҳаббати арӯс, ахлоқи модаршавҳар ҳам беҳтару беҳтар шуд, то он ҷо, ки як рӯз духтар назди дорусоз рафт ва ба ӯ гуфт:

— Ҷаноби дуктур! Дигар аз модаршавҳарам мутанаффир нестам. Ҳоло ӯро монанди модарам дӯст дорам ва дигар дилам намехоҳад, ки бимирад. Хоҳиш мекунам доруи дигаре ба ман бидиҳед, то заҳрро аз баданаш хориҷ кунад.

Дорусоз лабханде зад ва гуфт:

— Духтарам! Нигарон набош, он маъҷуне, ки ба ту додам, заҳр набуд, балки заҳр дар зеҳни худи ту буд, ки ҳоло бо ишқ ба модаршавҳарат, аз байн рафтааст.

* * *

Паёми ин достон:

Бисёр инсонҳое, ки миёни мо ва онҳо душманӣ ва кинаву кудурат ҳаст, фикр мекунем, ки сабаб дар онҳост, ғофил аз он ки шояд иллати ин кудуратҳо ва душманиҳо худи мо бошем, на онҳо. Чи басо решаи ин кудуратҳо дар ин бошад, ки онҳо аз мо ҷуз бемеҳрӣ ва камлутфӣ намебинанд.

Паёми ин достони хиёлиро як ояти қуръонӣ бо як ҷумлаи кӯтоҳ адо карда; мефармояд:

وَلَا تَسْتَوِي الْحَسَنَةُ وَلَا السَّيِّئَةُ ۚ ادْفَعْ بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ فَإِذَا الَّذِي بَيْنَكَ وَبَيْنَهُ عَدَاوَةٌ كَأَنَّهُ وَلِيٌّ حَمِيمٌ

Некӣ ва бадӣ баробар нест, (бадии дигаронро) ба шевае, ки некӯтар аст дур кун, ки (агар чунин кунӣ), он гоҳ он касе ки миёни ту ва ӯ душманӣ аст, ҳамчун дӯсте наздик ва меҳрубон гардад.”

(Сураи Фуссилат, ояти 34)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: