Перейти к содержимому

Файзраҳмонов: “Имрӯз ин мухолифони тоҷик ҳастанд, ки дар баробари ҳукумат дасти болоро доранд”

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, раиси Депортумон байналмилали Паймони Миллии Тоҷикистон, бо ишора ба “теруристӣ” эълон шудани ин эътилоф аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон, гуфт: “Он фароянди ҳуқуқӣ, ки дар соли 2015 дар мавриди “теруристӣ” эълом шудани ҲНИТ дар кӯтоҳмуддат ба кор рафт, дигар наметавонад нисбати Паймони Миллӣ муассир бошад. Зеро мухолифони тоҷик бо муваффақият аз он убур карданд ва имрӯз ин мухолифони тоҷик ҳастанд, ки дар баробари ҳукумат дасти болоро доранд.»

Ин нахустин бор нест, ки ҳукумати Тоҷикистон гурӯҳҳои сиёсӣ ва мухолифони худро, ки ҳатто дар миёни онҳо хабарнигорони мустақил низ вуҷуд доранд, терурист мехонад. Дар ҳамин росто, хабаргузории Тасним, мусоҳибаеро бо Маҳмудҷон Файзраҳмонов, раиси Депортумон байналмилали ПМТ тартиб додааст, ки дар идома мехонед.

Тасним: Ахиран шоҳиди он будем, ки Додгоҳи Олии Тоҷикистон Паймони Миллии Тоҷикистонро дар шумори гурӯҳҳо ва созмонҳои теруристӣ эълом кардааст. Ба назари шумо, Додгоҳи Олӣ бо чӣ истидлоле даст ба судури чунин раъйе задааст?

Файзраҳмонов: Чӣ истидлоле метавонад дошта бошад ба ҷуз иттиҳомоти сохта ва дурӯғин? Пештар ҳам дар мавриди Ҳизби наҳзати исломӣ шоҳиди ин рӯйкард будем. Ҳукумати Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки як тарафи сулҳи тоҷикон аст ва дар барқарорӣ ва истиқрори сулҳу суботи кишвар саҳми бештаре аз тарафи дигар дорад ва бахусус ҳазорон нерӯи мусаллаҳи худро ба хотири сулҳу субот халъи силоҳ кард, ба иттиҳомоти воҳӣ ва дурӯғ дар як шаб мамнӯъ ва созмони “теруристӣ” эълом кард ва садҳо нафар аз аъзояшро ба кунҷи зиндон фиристод. Бинобар ин, аз чунин ҳукумате баъид набуд, ки як эътилофи мухолифон мисли Паймони Миллиро низ ба таври аҷулона ба унвони созмони “теруристӣ” эълом кунад. Он ҳам эътилофе, ки дар кишварҳои урупоӣ фаъолият мекунад, бо намояндагони кишварҳои ғарбӣ мулоқотҳои расмӣ анҷом медиҳад ва дар конфронсҳои байналмилалӣ низ ширкат мекунад ва шинохта шудааст.

Тасним: Оё Паймони Миллӣ аз фароянди ҳуқуқии ин ҳукм иттилоъ доштааст? Асосан ин ҳукм таъсире дар фаъолиятҳои феълӣ ё ояндаи ПМТ, бавежа дар дохили Тоҷикистон хоҳад дошт?

Файзраҳмонов: Чӣ фароянди ҳуқуқӣ хоҳад дошт? Ҳеҷ. Гузашта аз ин, бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки баъд аз саркӯбҳои ваҳшиёнаи сентябри 2015, имкони фаъолият барои мухолифон дар дохили Тоҷикистон аслан вуҷуд надоштааст. Мухолифони тоҷик ҳамакнун ин таҷрибаро пушти сар гузоштаанд ва аз ин масъалаи ҳуқуқӣ баъд аз мамнӯият ва теруристӣ эълом шудани Ҳизби наҳзати исломӣ дар соли 2015, аз чанд ҷанба бо сарбаландӣ ва муваффақият убур карданд:

Аввал, ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамчунин хеле аз коршиносон тасаввур мекарданд, ки дигар кишварҳо Ҳизби наҳзати исломиро ҳамчун як созмони теруристӣ шиносоӣ хоҳанд кард, вале то кунун бо вуҷуди кӯшишҳои паёпайи ҳукумати Тоҷикистон, ҳеч кишвари дунё ба ҳеч гунае ҲНИТ-ро терурист эълом накардааст. Ва ҷолиб ин аст, ки раванди мазкур баръакс натиҷа додааст. Яъне ин амали ҳукумати ба эътибори байналмилалии он ва ҳамчунин шахси Эмомалӣ Раҳмон хадша ворид карда ва ин суолро матраҳ мекунад, ки бино ба чӣ далеле як ҳизби мӯътадил ва миёнарав монанди ҲНИТ-ро теруристӣ эълом мекунад?

Дуввум, мамнӯияти фаъолияти ҲНИТ ва “теруристӣ” хондани он, иддаои ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи мубориза бо ифротгароӣ ва теруризмро зери суол бурд ва ҳукумат аз тарафи кишварҳои мухталиф ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба он муттаҳам шуд, ки ба баҳонаи ҷанг бо теруризм мухолифони мусолиматомези худро саркӯб мекунад ва теруристӣ хондани Паймони Миллии Тоҷикистон низ чунин маъное хоҳад дошт.

Севвум, баъд аз “теруристӣ” хондани ҲНИТ дар соли 2015, бархе фаъолони тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар фаъолият мекарданд, метарсиданд бо чеҳраҳои худ дар хориҷ аз кишвар дар чорабиниҳо ва барномаҳои мухолифон ширкат кунанд ва ё видеое забт кунанд, чаро ки хонавода ва наздиконашон дар дохили кишвар мавриди шиканҷа ва фишорҳое қарор мегирифтанд. Ҳамаи инҳо ҳам ба баҳонаи он буд, ки ин фаъолон “терурист” ҳастанд. Воқеан як ҳолати руъбу ваҳшат ҳукмфармо буд, аммо дар соли 2017 ва бахусус дар соли 2018 ин фазои руъбу ваҳшат шикаста шуд ва имрӯз ҳазорон нафар бо намоиши чеҳраҳо ва номҳои худ аз ҳукумат ва шахси Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводааш ба таври ошкор ва шадид интиқод мекунад. Дигар ин равиши фишор дар мавриди Паймони Миллӣ ба кор намеояд.

Ба таври куллӣ, метавон гуфт, ки он фароянди ҳуқуқӣ, ки дар соли 2015 дар мавриди “теруристӣ” эълом шудани ҲНИТ дар кӯтоҳмуддат ба кор рафт, дигар наметавонад нисбати Паймони Миллӣ муассир бошад. Зеро мухолифони тоҷик бо муваффақият аз он убур карданд ва имрӯз ин мухолифони тоҷик ҳастанд, ки дар баробари ҳукумат дасти болоро доранд ва як намунааш ҳамин конфронси Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар моҳи сентябр будааст.

Тасним: Ба назари шумо, ангеза ва иллати аслии судури чунин ҳукме аз сӯи Додгоҳи Олӣ чист?

Файзраҳмонов: Иллати аслии судури чунин ҳукме, нокомиҳои паёпайи ҳукумат дар муқобили мухолифони тоҷик аст. Ҳукумати Тоҷикистон фикр мекард, ки бо ҳайати ҷадидаш дар конфронси байналмилалии ахир дар Варшав фаъолияти ҳайати мухолифон дар ин конфронсро зери суол хоҳад бурд, аммо вақте дид, ки ҳайати ҳукумат ноком шуд ва баръакс дид, ки мухолифони тоҷик бо токтикҳои ҷадид ва насли ҷадид ва бо омодагии хуб бори дигар ҳукуматро шикаст доданд, ночор даст ба аъмоли аҷулона ва носанҷида зад, аз ҷумла саросемавор Паймони Миллиро теруристӣ хонд. Ё ҳамин рӯзҳо, ки мебинем Эмомалӣ Раҳмон қонуни афви 20 ҳазор зиндонӣ (ба ҷуз зиндониёни сиёсӣ)-ро ба тасвиб расонд. Ҳарчанд ин як амали хайр ва хубе аст, вале ин як кӯшиш аз тарафи Раҳмон барои баргардондани эътибори аз даст рафтаи худ дар ҷомеа аст. Агар фаъолияти пурқувват ва муассири мухолифон дар хориҷ намебуд, шояд чунин афве сурат намегирифт. Ҳамчунин бояд гуфт, ин қонуни афв бо интихоботи 2020 низ иртиботи мустақим дорад. Чаро ки Раҳмон мехоҳад аз худ як чеҳраи раҳбари меҳрубону дилсӯз бисозад.

Ба ҳар ҳол, фаъолияти заифи ҳайати ҳукумат ва аъмоли хандадори ба ном ҷомеаи шаҳрвандӣ мисли Мулло Абдурраҳим ва ҳамкоронаш дар чунин конфронсе дар сатҳи байналмилалӣ боис шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон даст ба чунин иштибоҳот ва аъмоли носанҷидае бизанад, ки ба зарари худаш хоҳад буд.

Тасним: Пештар, аз иртиботи ҳукми афви зиндониён бо масъалаи интихоботи пеши рӯ гуфтед. Дар мавриди ҳукми ахири теруристӣ эълом шудани ҲНИТ чӣ тавр? Оё ин ҳукм ҳам метавонад муртабит бо интихоботи пеши рӯ бошад?

Файзраҳмонов: Бале, сад дар сад. Дар ҳоле, ки мухолифони тоҷик рӯз ба рӯз дар ҳоли қавитар шудан аст ва ҳатто таваҷҷӯҳи мардум дар дохили кишвар ба фаъолияти мухолифон, бавежа фаъолияти Паймони Миллӣ дар заминаҳои расонаӣ, сиёсӣ, диплумотик ва ҳуқуқӣ дар ҳоли афзоиш аст, ҳукумати Тоҷикистон аз ин мавзӯъ сахт нигарон аст. Илова бар ин, мушкилоти дохилии хонаводаи Раҳмон ва ихтилоф байни фарзандони раисиҷумҳур, яъне Рустам ва Озода ва вазъияти вахими иқтисодии кишвар, ҳукумати Тоҷикистонро водор кардааст, ки ба ҳар роҳе, ки шуда эътибори мухолифонро махдуш кунад ва аз ҳар гуна наздикии мардум ба мухолифон ҷилавгирӣ намояд. Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад ҳар чӣ зудтар интихоботи 2020-ро бидуни вуқӯи ихтилофоти ҷиддӣ ва бидуни эҷоди халале дар фароянди он, пушти сар бигузаронад ва ҳар гуна нигоҳи мухолиферо саркӯб намояд.

Тасним: Як нуктаи қобили таваҷҷӯҳ дар интишори расонаии ин ҳукм буд. Дар ҳоле, ки 15 август раъй содир шуда, аммо мебинем, ки дар миёнаҳои моҳи октябр онро мунташир кардаанд. Иллати ин таъхир ба назари шумо чӣ будааст?

Файзраҳмонов: Дар ин масъала беҳтар аст ҳуқуқшиносон изҳори назар кунанд, аммо он чи мусаллам аст ин аст, ки ҳукумат бо тағйири сохтагии таърих ва зоҳиран ба таъхир андохтани он, мехоҳад он хатои ҳуқуқиеро, ки дар мамнӯъ ва терурист хондани ҲНИТ муртакиб шуда буд такрор накунад. Ҳукми Додгоҳи Олӣ дар бораи мамнӯият ва теруристӣ эълом кардани ҲНИТ дар муддати камтар аз як моҳ баъд аз шикояти Додситонии кулл, боиси интиқоди шадид шуд, ки чӣ тавр Додгоҳи Олӣ тамоми парвандаи як ҳизби расмӣ ва порлумонӣ мисли ҲНИТ-ро баррасӣ карда ва ҳукми худ алайҳи онро содир мекунад. Барои мисол, суолҳои чолишбарангези рӯзноманигори тоҷик Исфандиёри Одина бо раиси Додгоҳи Олиро агар бибинед, то ҳудуде метавон ба ин чолишҳо пай бурд. Вай дар суоле аз раиси Додгоҳи Олӣ пурсида буд: “Гоҳе баррасии парвандаи як шаҳрванд моҳҳо ва солҳо ба тӯл меанҷомад, вале чӣ тавр шуд, ки қазияи парвандаи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки як созмони бузург аст ва чанд ҳазор узв дорад, танҳо ду ҳафта тӯл кашид ва онро як ҳизби теруристӣ эълом кардед?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: