Перейти к содержимому

Се достони дарсомӯз

Оҳангарии Худо

Оҳангаре буд, ки бо тамоми парҳезгорӣ ва худотарсӣ, зиндагияш чандон рӯ ба роҳ набуд, ҳатто мушкилоташ мудом бештар мешуд.

Рӯзе яке аз дӯстонаш ба дидани вай омад. Пас аз иттилоъ аз вазъияти оҳангар, ба ӯ гуфт:

— Воқеан аҷиб аст! Марди худотарсе ҳастӣ, вале зиндагият бад буд, ки ҳеч, бадтар ҳам шудааст. Намехоҳам имонатро тазъиф кунам, аммо бо вуҷуди талошҳоят дар масири руҳонӣ, ҳеч чиз беҳтар нашуда.

Оҳангар билофосила посух надод. Ӯ борҳо ҳамин фикрро карда буд ва намефаҳмид, чӣ бар сари зиндагияш омадааст.

Аммо намехост суоли дӯсташро бидуни посух бигузорад. Каме фикр кард ва ногаҳон посухеро, ки мехост ёфт.

Ин посухи оҳангар буд:

— Дар ин коргоҳ фӯлоди хом бароям меоваранд, ки бояд аз он шамшер бисозам. Медонӣ, чӣ тавр ин корро мекунам? Аввал фӯлодро ба андозаи ҷаҳаннам ҳарорат медиҳам, то сурх шавад. Баъд бо бераҳмӣ сангинтарин чаккуши оҳангариро бармедорам ва пушти сари ҳам ба он зарба мезанам, то ин ки фӯлод шаклеро бигирад, ки мехоҳам. Баъд онро дар зарфи оби сард фурӯ мекунам, ба тавре ки тамоми ин коргоҳро бухор фаро мегирад. Фӯлод ба хотири ин тағйири ногаҳонии дамо ранҷ мебарад. Як бор кофӣ нест, бояд ин корро он қадр такрор кунам, то ба шамшери мавриди назарам даст биёбам.

Оҳангар лаҳзае сукут кард, сипас идома дод:

— Гоҳе фӯлод наметавонад тоби ин амалиётро биёварад. Ҳарорат, зарбаҳои чаккуши оҳангарӣ ва оби сард, боиси тарак хӯрданаш мешавад ва медонам, ки аз ин фӯлод ҳаргиз шамшери муносибе дарнахоҳад омад, бинобариин онро канор мегузорам.

Оҳангар боз диранге кард ва баъд идома дод:

— Медонам, ки Худо маро дар оташи ранҷ фурӯ мебарад. Зарбаҳои чаккуширо, ки бар зиндагии ман ворид карда ва мекунад, пазируфтаам ва гоҳе ба шиддат эҳсоси сармо мекунам, ингор фӯлоде бошам, ки аз обдида шудан ранҷ мебарад. Аммо танҳо чизе, ки мехоҳам ин аст:

Худои ман! Аз корат даст накаш, то шакле, ки ту мехоҳӣ, ба худ бигирам.

Бо ҳар равише, ки меписандӣ ва ҳар муддат, ки лозим аст, идома деҳ, аммо ҳаргиз маро ба миёни фӯлодҳои бефоида партоб накун!

(Манбаъ: китоби «Таҷрибаи динӣ», с.453)

* * *

Роҳи пешгирӣ аз шойеъот

Ҳудуди 700 сол пеш дар Исфаҳон масҷиде месохтанд. Як рӯз пеш аз ифтитоҳи масҷид, коргарҳо ва меъморон ҷамъ шуда буданд ва охирин корҳоро анҷом медоданд.

Пиразане аз он ҷо рад мешуд, вақте масҷидро дид, ба яке аз коргарон гуфт:

— Фикр кунам яке аз манораҳо каме каҷ бошад.

Коргарҳо хандиданд, аммо меъмор, ки ин ҳарфро шунид, сареъ гуфт:

— Чӯб биёваред ва ба манора такя бидиҳед ва фишор бидиҳед.

Меъмор — дар замоне ки манораро фишор медоданд — мудом аз пиразан мепурсид:

— Модарҷон! Дуруст шуд?

Муддате тӯл кашид, то пиразан гуфт:

— Бале, ҳоло дуруст шуд.

Пиразан аз ин ки меъмор гӯш ба сухани вай кард, ташаккуре намуд ва дуое кард ва рафт.

Коргарҳо ҳикмати ин кори беҳуда ва фишор додани манораро пурсиданд.

Меъмор гуфт:

— Агар ин пиразан роҷеъ ба каҷ будани ин манора бо дигарон сӯҳбат мекард ва шойеъа по мегирифт, ин манора то абад каҷ мемонд ва дигар наметавонистем асароти манфии ин шойеъаро пок кунем. Ин аст, ки ман гуфтам, дар ҳамин ибтидо ҷилави онро бигирем.

(Манбаъ: Кашкул)

* * *

Паёми ин ҳикоят, ки як достони воқеӣ аст:

Ҳар ҷомеае аз вуҷуди афроде фузул, ки дӯст доранд беҷову баҷо бинии худро ба ҳар коре андозанд ва ҳатто дар корҳое, ки ворид нестанд изҳори назар кунанд, холӣ нест. Ин як воқеияти бисёр талх аст. Бинобар ин, вақте дар як коре, ки ворид нестанд, изҳори назар бикунанд, агар ба онҳо таваҷҷӯҳ накунед ва суханашонро ба замин андозед, беҷиҳат нороҳат мешаванд ва бо ҳаёҳу талош мекунанд пеши мардум кори шуморо хароб кунанд. Аз ин рӯ, дар чунин шароите, бароятон беҳтар он аст, ки вақте изҳори назаре карданд, чунин вонамуд кунед, ки доред ба ҳарфҳояшон гӯш мекунед ва ҳарфҳояшон бисёр «ҳисобӣ» ҳастанд. Бо ин коратон ӯ ҳам хурсанд мешавад ва ҳам худатон аз шарраш халос хоҳед шуд.

* * *

Кори Худо беҳикмат нест

Танҳо бозмондаи як киштии шикаста, ба ҷазираи кучаки холӣ аз сакана уфтод.

Ӯ бо диле ларзон дуо кард, ки Худо наҷоташ диҳад… Аммо касе ба суроғаш намеомад.

Саранҷом, ноумед ва хаста, барои худ аз тахтапораҳое кулбае сохт, то худро аз газанди ҳайвоноти ваҳшӣ муҳофизат кунад ва дороиҳои андакашро дар он нигаҳ дорад.

Аммо рӯзе, ки барои ҷустуҷӯи ғизо берун рафта буд, ба ҳангоми бозгаштан, дид, ки кулбааш дар ҳоли сӯхтан аст ва дуде аз он ба осмон меравад.

Аз шиддати хашму андӯҳ фарёд зад:

— Худоё! Чӣ тавр розӣ шудӣ, бо ман чунин коре кунӣ?

Субҳи рӯзи баъд, бо садои буқи киштие, ки ба соҳил наздик мешуд, аз хоб парид. Киштие омада буд, то наҷоташ диҳад.

Марди хаста ва ноумед аз наҷотдиҳандагон пурсид:

— Шумо аз куҷо фаҳмидед, ки ман ин ҷо ҳастам?

Онҳо ҷавоб доданд:

— Мо мутаваҷҷеҳ шудем, ки ту оташе рӯшан кардаӣ ва бароямон паём мефиристӣ.

* * *

Паёми ин достони хиёлӣ:

Гоҳе дар зиндагӣ мусибатҳои ногуворе гиребонгири инсон мешавад, ба гунае ки ҳатто ба Худо ҳам бадгумон мегардад ва пеши худ мегӯяд: чаро Худо розӣ мешавад, ки бар сари ман — ки ба ӯ имон дорам ва фармонбардори дастуроташ низ ҳастам — ин балоҳо фуруд ояд! Ғофил аз он ки чи басо дар пушти ин балоҳо ва мусибатҳо ҳикматҳое наҳуфта, ки ӯ аз онҳо бехабар аст. Масоиби рӯзгор ва имтиҳонҳои сахт аст, ки инсонҳои холисро аз одамҳои риёкор ва мунофиқ ҷудо месозад. Балоҳо ва масоиб аст, ки инсонҳоро месозад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: