Перейти к содержимому

Таърихи масрафи ДОЪИШ ҳанӯз поён наёфта

Таҳлилгарон шикасти ДОЪИШ дар Ироқ ва Сурия ва марги Абӯбакри Бағдодӣ — саркардаи ин гурӯҳро ба маънои нобудии ниҳоии ДОЪИШ намедонанд, балки мегӯянд, сарнавишти ин гурӯҳ баста ба иродаи кишварҳоест, ки бо ҳадафи пеш бурдани тарҳи исломҳаросӣ, даст ба таъсис ва парвариши ин гурӯҳи ифротӣ задаанд.

Пас аз ҳодисаи 11 сентябри соли 2001 мавзӯи исломҳаросӣ ба шакли вежае дар дастури кори давлатҳои ғарбӣ қарор гирифт ва бо эҷоди навъе зеҳнияти манфӣ нисбат ба ислом ва мусалмонон дар афкори умумии ҷаҳон, ба ҷараёне фарогир ва таъсиргузор табдил шуд. Омилҳое назири густариш ва тақвияти ифротгароӣ дар Ховари Миёна, ошӯб ва бесуботӣ дар он, дар канори талоши густурдаи сиёсатмадорони исломситез ва чеҳраҳои мунҳарифи мусалмон ва расонаҳо, ташдиди исломҳаросӣ дар ҷаҳонро ба дунбол дошт. Истифода аз теруризм ба унвони абзоре барои ба роҳ андохтани ҷангҳои ниёбатӣ дар минтақа ва ҳимоятҳои молӣ ва иттилоотӣ аз теруристҳо, аз масоиле буданд, ки метавон аз онҳо ба унвони иттихози “сиёсати хориҷии теруризмпарвар” аз сӯи кишварҳои ғарбӣ ном бурд. Акнун бо қатли Абӯбакри Бағдодӣ — саркардаи гурӯҳи теруристии ДОЪИШ агарчӣ бархеҳо гумоназанӣ мекунанд, ки ДОЪИШ ба поёни умри худ бирасад, аммо ба назар мерасад сарнавишти ДОЪИШ дар гарави иродаи касонест, ки ДОЪИШ-ро барои пеш бурдани пружаи исломҳаросии худ таъсис карда буданд ва дар бораи фаъолияти ояндаи он тасмим мегиранд.

* * *

Истифодаи сиёсии ғарб аз ДОЪИШ

Рӯзномаи “Алхалиҷ” (Аморот) дар гузорише ба қалами Муҳаммад Саъид Идрис навиштааст: Гумоназаниҳои бисёре дар бораи ояндаи гурӯҳи теруристии ДОЪИШ пас аз марги Абӯбакри Бағдодӣ мешавад. Ин гумоназаниҳо баёнгари ин аст, ки ба таври амдӣ моҳияти гурӯҳи теруристии ДОЪИШ ва чигунагии бархӯрд бо он ба унвони як гурӯҳи мустақилли дорои паём ва аҳдоф нодида гирифта шудааст. ДОЪИШ танҳо абзорест, ки барои аҳдофи мушаххасе таъсис шудааст, ки барҷастатарини он, пеш бурдани тарҳи исломҳаросӣ дар ҷаҳон ва муаррифии ислом ба унвони хатар ва душман ва таҳдиди воқеии ҷаҳон аст. Гурӯҳи ДОЪИШ тасодуфӣ ба вуҷуд наомадааст. Дастгоҳҳои иттилоотии Омрико, Ангилис ва режими “Исроил” ва бархе кишварҳои арабӣ дар ин замина ҳамкорӣ кардаанд.

Пас аз марги Абӯумар Бағдодӣ, Абӯбакр Бағдодӣ ба унвони ҷонишини вай баргузида шуд. Ӯ пеш аз он дар зиндонҳои Омрико дар Ироқ ба сар мебурд. Мойкл Фикерз (Michael Vickers) — масъули собиқи дастгоҳи иттилоотии Омрико, масъули пайгирии умури Абӯбакри Бағдодӣ ва назорат бар гурӯҳи ДОЪИШ буд. Асноде, ки Эдворд Эснуден (Edward Snowden) — масъули собиқи дастгоҳи амнияти миллии Омрико фош кардааст, нишон медиҳад дастгоҳи иттилооти марказии Омрико (CIA), Ангилис ва режими “Исроил” барои шаклгирии ДОЪИШ ҳамкорӣ кардаанд. Ҳилори Клинтун — вазири умури хориҷаи собиқи Омрико ҳам дар китоби “Гузинаҳои сахт”-и худ ба нақши Омрико дар заминаи шаклгирии ДОЪИШ эътироф кардааст. Ин масоил нишон медиҳад, ки ояндаи ДОЪИШ пас аз марги Бағдодӣ дар гарави иродаи касонест, ки дар бораи фаъолияти ДОЪИШ тасмим мегиранд.

Рӯзномаи “Ассабоҳ аларабӣ” (Миср) дар гузорише ба қалами Муҷоҳид Халаф овардааст: ДОЪИШ танҳо бозичае буд, ки дастгоҳи иттилоотии Омрико онро ба вуҷуд овард ва аз он барои вайронсозии минтақа истифода кард. ДОЪИШ андеша ва абзори таҳдиде буд, ки сиёсати вайронгари Омрико аз он барои ҷилавгирӣ аз густариши тамаддуни воқеии ислом истифода кард.

Дар гузориши рӯзномаи “Алахбор” (Лубнон) ба қалами Абдуллоҳ Ассановӣ мехонем: Ба яқин марги Бағдодӣ зарбаи сангинеро ба гурӯҳи ифротии ДОЪИШ ворид хоҳад кард, аммо марги вай ба манзилаи поёни ҷанг алайҳи теруризм нест. Бархе кишварҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ аз ДОЪИШ истифода карданд ва ин мавзӯъ бо гузари замон ошкортар мешавад. Решаи падидаи ДОЪИШ ба гурӯҳҳое бармегардад, ки дастгоҳи иттилоотии Омрико аз онҳо ба исми “дифоъ аз ислом” барои муқобила бо Шӯравии собиқ истифода кард. Дар он замон бисёре аз кишварҳои минтақа ҳам нерӯҳоеро ба Афғонистон гусел доштанд. Ҳангоме, ки ин нерӯҳо ба кишварҳои худ баргаштанд, падидаи хушунатро ҳам бо худ мунтақил карданд.

Ба навиштаи рӯзномаи “Аларабӣ алҷадид”, ДОЪИШ дар Ироқ ва Сурия танҳо созмонест, ки ҳатто пас аз шикасти он ҳам дар ҳоли тахриби чеҳраи ислом аст.

Рӯзномаи “Алмисрӣ алявм” дар гузорише ба қалами Абдуттиф Алмановӣ мехонем: Ҳатто агар бештари гурӯҳҳои такфирӣ ҳам шикаст бихӯранд, то замоне ки бархе аз кишварҳо аз теруризм ҳимоят мекунанд ва аз онҳо барои расидан ба аҳдофи сиёсии худ истифода мекунанд, ДОЪИШ ва андешаи он аз байн нахоҳад рафт. Танҳо роҳи ҳалл барои поён додан ба ин андеша аз тариқи омӯзиш, равшангарӣ ва ҳимоят аз ҷавонон аст. Дар ғайри ин сурат, пирӯзӣ бар теруризм ба марҳилаи поёнии худ нахоҳад расид.

* * *

Судҷӯии пупулистҳои ифротӣ аз ДОЪИШ барои аҳдофи интихоботӣ ва сиёсӣ

Ба гузориш торнамои “Алхалиҷ онлойн” пас аз ҳодисаи 11 сентябр, исломҳаросӣ ба як падида дар ҷомеаҳои омрикоӣ ва урупоӣ табдил ва ислом масъули ҷинояти тундравҳо ва теруристҳо шинохта шуд. Исломҳаросӣ дар ғарб ба як падида табдил шудааст ва дар раъси қудратҳо афроди бонуфузе бо ислом душманӣ карданд. Бо вуруди Тромп ба Кохи сафед, ин мавзӯъ ба авҷ расидааст. Сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии Тромп нишон додааст, ки ӯ мавзӯи исломҳаросӣ, нафрат аз муҳоҷирон, душманӣ бо ақаллиятҳо ва сиёҳпӯстонро дар авлавият қарор додааст.

Дар ин замина Долиё Фаҳмӣ — устоди донишгоҳ дар Омрико ба “Алхалиҷ онлойн” гуфт, падидаи исломҳаросӣ дар сатҳҳои иҷтимоии мухталиф рушд ёфт, то ин ки ба як рӯйкарди ҳадафманд дар сиёсати Омрико табдил шуд ва натиҷаи он ба қудрат расидани Тромп аз тариқи касби орои ростгароёни исломситез буд. Тромп ҳам пас аз ба қудрат расидан ин рӯйкардро ба таври амалӣ ба пеш бурд, ки мамнӯияти сафари шаҳрвандони кишварҳои исломӣ ба Омрико намунае аз ин мавзӯъ аст.

Рӯзномаи “Алъайн” ҳам навиштааст: Қудратёбии ростгароёни ифротӣ ва ҷараёнҳои вобаста ба он ва “гургҳои танҳо” воқеиятест, ки наметавон онро инкор кард. Далоили бисёре сабаби рушди рости ифротӣ ва густариши доманаи таблиғоти он шудааст ва акнун ин мавзӯъ ба хатаре барои ҷомеаҳои ғарбӣ табдил шудааст. Тардиде нест, ки пайдоиши ДОЪИШ ва густариши доманаи фаъолияти он дар ин замина сарнавиштсоз будааст. Пас аз иқдомоти ДОЪИШ ва “гургҳои танҳо” дар кишварҳои урупоӣ мавзӯи исломҳаросӣ раванди рӯ ба рушде гирифт. Ҳаводиси теруристӣ дар кишварҳои ғарбӣ баҳонае сиёсӣ барои хушунат алайҳи ақаллиятҳои мусалмон буд ва кинаву кудуратҳоро афзоиш дод. Ҷараёнҳо ва аҳзоби тундрав ва рости ифротӣ ва пупулистҳои родикол аз афзоиши хатароти ҳаводиси теруристӣ дар таблиғоти интихоботии худ истифода карданд. Дар бештари кишварҳои урупоӣ ҷараёни рости ифротӣ ба таври куллӣ алайҳи муҳоҷирон амал кард ва ба душманӣ бо мусалмонон идома дод.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: