Перейти к содержимому

Гузидаҳое аз ҳадисҳои Паёмбари Акрам (с)

* Мӯъмин аз як сӯрох ду бор газида намешавад.

* Ҳар кӣ шукри мардум накунад, шукри Худо накарда.

* Қазоро ҷуз дуо барнагардонад.

* Умрро ҷуз эҳсон чизе дароз накунад.

* Фақре сахттар аз нодонӣ нест.

* Моле судмандтар аз ақл нест.

* Ҳеч танҳоӣ аз худписандӣ ваҳшатзотар нест.

* Ҳеч парҳезгорӣ чун худдорӣ аз гуноҳ нест.

* Ҳеч ибодате чун фикр кардан нест.

* Беш аз се рӯз қаҳр ҷоиз нест.

* Модоме ки бандае дар интизори намоз аст, савоби намоз дорад.

* Ба бародарат шамотат накун, ки мумкин аст Худо ӯро офият бахшад ва туро гирифтор кунад.

* Соил (гадо)-ро маҳрум макун, агарчӣ ба як нисфи хурмо.

* Ғайбати мусалмононро накунед, ва дар ҷустуҷӯи айбҳои онҳо набошед.

* Пардаи асрори касеро надаред.

* Ҳеч амали некеро кучак машмор.

* Мабодо чун шиддате рӯ овард, таманнои марг кунӣ.

* То ақли касеро насанҷед, ба исломаш хушдил набошед.

* Мабодо маҳобати касе шуморо аз амал ба ҳақ боздорад, ки ҳақро бишносед ва амал накунед.

* Мабодо касе бо зани бегона дар маҳалли хилват бимонад, ки нафари севвум шайтон аст.

* Вафои ба аҳд аз имон аст.

* Хушгумонӣ ибодати хуше аст.

* Дини Худо саҳлу сода аст.

* Дини Худо мустақим ва осон аст.

* Савоби силаи раҳм, аз ҳар ибодате зудтар мерасад.

* Он ки ҳалоли Худоро ҳаром кунад, мисли касе аст, ки ҳаромро ҳалол намояд.

* Соҳиби ҳақ ҳаққи сухан дорад.

* Беҳтарин некиҳо, хӯйи нек аст.

* Шокиртарини мардум нисбат ба Худо, ҳақшиностарини онҳо нисбат ба бандагон аст.

* Худо бандагоне дорад, ки бо фиросат мардумро мешиносанд.

* Амали андак бо илм зиёд аст ва амали бисёр бо ҷаҳл андак.

* Банда бо хӯйи хуш ба дараҷаи рӯзадорони шабзиндадор мерасад.

* Ҳар дине ахлоқи хоссе дорад, ва хӯйи махсуси дини ман ҳаёст.

* Ҳар раҳраве мақсаде дорад, ва мақсади ниҳоии ҳама марг аст.

* Ҳасад аъмоли некро мехӯрад чунон ки оташ ҳезумро.

* Беҳтарин чизе ки мардумонро ба биҳишт мерасонад, тақво ва хӯйи хуш аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: