Перейти к содержимому

Чанд ҳикояти пандомӯз

Чаро мехоҳӣ ба ман инро бигӯӣ?!

Рӯзе як нафар Суқроти ҳакимро дид ва гуфт:

— Оё медонӣ, ман чӣ чизе дар бораи фалон дӯстат шунидам?

Суқрот гуфт:

— Як лаҳза сабр кун. Қабл аз он ки чизе ба ман бигӯӣ, мехоҳам аз се озмуни кучак бигзарӣ.

Он мард гуфт:

— Монеъе надорад.

Суқрот фармуд:

— Аввалин озмун ин аст, ки бигӯ бибинам, оё ту комилан мутмаин ҳастӣ, ки он чӣ ки дар бораи дӯстам мехоҳӣ ба ман бигӯӣ, ҳақиқат дорад?

Гуфт:

— Росташ, ман фақат онро шунидаам.

Суқрот гуфт:

— Бисёр хуб, пас ту воқеан намедонӣ, ки он ҳақиқат дорад ё хайр. Ҳоло биё аз озмуни дуввум бигзар. Бигӯ бибинам, оё он чӣ ки дар бораи дӯстам мехоҳӣ ба ман бигӯӣ, хабари хубе аст?

Гуфт:

— На, баръакс…

Суқрот гуфт:

— Пас ту мехоҳӣ чизи бадеро дар бораи ӯ ба ман бигӯӣ, тоза мутмаин ҳам нестӣ, ки ҳақиқат дошта бошад. Бо ин ҳол, мумкин аст, ки ту аз озмун бигзарӣ, зеро ҳанӯз як озмуни дигаре боқӣ мондааст. Бигӯ бибинам, оё он чӣ ки ту дар бораи дӯстам мехоҳӣ ба ман бигӯӣ, барои ман судманд аст?

Гуфт:

— Дар воқеъ на ҷаноби ҳаким!

Суқрот гуфт:

— Бисёр хуб, пас гӯш бидеҳ. Агар он чӣ, ки мехоҳӣ ба ман бигӯӣ, на ҳақиқат дорад ва на хуб аст ва на судманд, чаро аслан мехоҳӣ ба ман бигӯӣ?!

(Латоиф ва зароиф)

* * *

Худоро фақат ба хотири ишқ ба ӯ парастид

Ориферо диданд машъале ва ҷоми обе дар даст, пурсиданд:

— Куҷо меравӣ?

Гуфт:

— Меравам, бо оташ биҳиштро бисӯзонам ва бо об ҷаҳаннамро хомӯш кунам, то мардум Худоро фақат ба хотири ишқ ба Ӯ бипарастанд, на ба хотири айёшӣ дар биҳишт ва тарс аз ҷаҳаннам.

* * *

Шигифто аз шумо, ки барои рафтан омода нестед!

Орифе барои иқомаи намоз ба масҷиде рафт.

Намозгузорон ҳама ӯро шинохтанд ва аз ӯ хостанд, ки пас аз намоз бар минбар равад ва панд гӯяд.

Намози ҷамоат тамом шуд.

Чашмҳо ҳама ба сӯйи ӯ буд.

Ориф бархост ва бар минбар нишаст.

Бисмиллоҳ гуфт ва Худо ва Расулашро сутуд.

Он гоҳ хитоб ба ҷамоат гуфт:

— Мардум! Ҳар кас аз шумо, ки медонад имрӯз то шаб хоҳад зист ва нахоҳад мурд, бархезад.

Касе барнахост.

Сипас ориф гуфт:

— Ҳоло ҳар кас аз шумо, ки худро омодаи марг кардааст, бархезад.

Боз касе барнахост.

Ориф гуфт:

— Шигифто аз шумо, ки ба мондан итминон надоред, аммо барои рафтан омода нестед!

* * *

Ишқ чист?

Чун Мансури Ҳаллоҷро ба зиндон бурданд, ҳиҷдаҳ рӯз дар зиндон бимонд.

Шиблии ориф назди ӯ омад ва гуфт:

— Ишқ чист?

Ҳаллоҷ посух дод:

— Фардо биё, то бигӯям.

Фардои он рӯз Ҳаллоҷро пойи чӯбаи дор бурданд.

Шиблӣ омад ва гуфт:

— Ҷавоби пурсиши моро бигӯй.

Ҳаллоҷ гуфт:

— Ибтидои он таноб аст ва интиҳои он марге сурх.

(Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ)

* * *

Девонаҳо

Баҳлул вақте дар Басра буд, ба ӯ гуфтанд:

— Девонаҳои ин шаҳрро барои мо бишмор.

Гуфт:
— Девонаҳои шаҳр он қадр зиёданд, ки наметавон шумурдашон. Агар бихоҳед, оқилон ва хирадмандони шаҳрро барои шумо мешуморам.

(Латоиф ва зароиф)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: