Перейти к содержимому

Чаро фарҳанги баччадор нашудан дар Ғарб дар ҳоли ниҳодина шудан аст?

То ҳамин охирҳо, баччаҳо лутфи Худо ва баракати зиндагӣ шумурда мешуданд. Акнун, афроди зиёде мегӯянд, ки бачча надоштан лутфу баракат аст. Дар ниҳоят, далели ин беимон шудан ба руҳи башар, на иқтисодӣ аст ва на зистмуҳитӣ. Балки мутури аслии ин ҷунбиши зидди зоду валад он аст, ки ин қишрҳои ҷомеа имрӯза ба сахтӣ метавонанд маъное барои зиндагӣ биёбанд. Бозёбии эътимодамон ба руҳи башар ва фазоили қадимии башарӣ, беҳтарин подзаҳр барои ин чархиш алайҳи баччадор шудан аст.

Ба қалами Фронк Фуреди (FRANK FUREDI) дар нашрияи Spiked

Фарқ аст байни касе, ки тасмим мегирад бачча наёварад ва касе, ки ин дидгоҳро мепазирад, ки модарӣ ва бачча ба дунё овардан, зотан эрод дорад.

Фронк Фуреди (Frank Furedi) устоди бознишастаи ҷомеашиносӣ дар Донишгоҳи Кент аст. Умдаи шӯҳрати ӯ ба хотири таҳқиқоте аст, ки дар бораи ҷомеашиносии тарс, омӯзиш ва баччадорӣ анҷом додааст. “Сиёсати тарс” (Politics of Fear) ва “Тарс чӣ тавр кор мекунад?” (How Fear Works), аз китобҳои ӯст.

Одамҳо ҳамеша дар бораи баччадор шудан ва теъдоди баччаҳояшон тасмим мегирифтаанд. Ин гуна масоил тасмимҳое шахсӣ будаанд. Вале имрӯза қишри муҳимме аз ҷомеа, тасмимашон барои баччадор нашуданро мисли як назари сиёсӣ ироа мекунанд. Ҳоло навъе идеулужии инсонгурез ба вуҷуд омадааст, ки хусумат бо онҳоеро, ки тасмим мегиранд бачча биёваранд тарвиҷ мекунад, ва дар канораш майли рӯзафзуне вуҷуд дорад, ки тасвире манфӣ аз модарӣ тарсим шавад.

Идеулужии зидди зоду валад ба ду шева тарвиҷ мешавад. Ин ду шева аз ҳам мутамойиз аммо ағлаб ба ҳам марбутанд. Аввал он ки иддао мешавад фарзандоварӣ ва фарзандпарварӣ асосан таҷрибаҳои манфианд, ки бояд ба касе, ки мехоҳад даст ба он бизанад, ҳушдори саломат дод. Дуввум он ки истидлол мешавад бачча доштан ғайримасъулона аст, чун баччаҳои ҷадид таҳдиде алайҳи муҳити зист ҳастанд. Ва гӯё ин идеулужӣ асаргузор ҳам шудааст: арқоми ҷадиди нигаронкунандае, ки дафтари омори миллии Англистон мунташир мекунад, нишон медиҳанд, ки нархи зоду валад дар Англистон ва Велз ба камтарин миқдори худ аз соли 1938 то имрӯз расидааст. Дар соли 2018, ба изои ҳар ҳазор нафар, 11.1 навзоди зинда ба дунё омадаанд, ки рекурди поинтарин нархро задааст.

* * *

Оё модарӣ чизе табиӣ аст?

Яке аз роҳҳое, ки имрӯза барои машрӯиятзудоӣ аз ҷойгоҳи ахлоқии модарӣ ба кор меравад, идеяе аст, ки мегӯяд интизори ҷомеа аз занон барои ин ки бачча дошта бошанд, як тавр таҳмили ғайритабиӣ ва иҷборовар аст. Ин ривоят он чиро гоҳе “ночории модарона” (maternal inevitability) меноманд, зери суол мебарад ва эълом мекунад, ки модарӣ барои занон нақше табиӣ нест. Терез Шектер (Therese Shechter) дар матне, ки дар бораи филмаш ба номи “Зиндагии ба истилоҳ худхоҳонаи ман” (My So-Called Selfish Life) навиштааст, мегӯяд, ки алоқа дошт як воқеанигорӣ бикунад аз “авҷгирии ҷамъи рӯзафзуне аз заноне, ки бачча намехоҳанд ва ин шиорро қабул надоранд, ки модар шудан муҳимтарин (ва табиитарин) нақши зан аст”. Филми “Тобушикан”-и Шектер алайҳи “ночории модарона” аст:

Ин филм садои он ҷамъест, ки бунёдитарин идеяҳои мо дар бораи ҳувияти занонаро ба чолиш мекашанд, аз ҷумла як донишҷӯи 19-сола, ки мусаммам аст лӯлаҳояшро бибандад, зане, ки таассуфаш аз модар шуданро “ифшо мекунад”, бунёнгузорони як ҷамъи солхӯрда аз ақаллиятҳои ҷинсӣ, ва як кунишгари ҳуқуқи тавлиди мисл, ки дармонҳои борварии номуваффақаш боис шуд зиндагиаш мутаҳаввил шавад.”

Шектер мегӯяд, ҳадафаш ба чолиш кашидани дунёест, “ки дар он занонагӣ ба фарзандпарварӣ гиреҳ хӯрдааст”. Филми ӯ ҷамъбандии нуктаҳои калидиест, ки фаъолони зидди зоду валад матраҳ мекунанд. Ин филм мегӯяд, ки модарӣ рабти чандоне ба ҳувияти зан надорад, ва пуштибони ин иддаост, ки таассуф аз модар шудан, шойеъ аст. Дар ниҳоят ҳам ба талвеҳ аз бартарии иҷтимоъҳои бебачча мегӯяд.

Ривояти зидди зоду валад мехоҳад модариро ҳамчун талае номатлуб ва нохушоянд тарсим кунад. Дар солҳои ахир, муфасиррони фаровоне будаанд, ки бо тавассул ба иборати “таассуфи модарона” (maternal regret) рӯи ин идея даст гузоштаанд, ки бисёре аз модарон вонамуд мекунанд аз зиндагиашон розианд, аммо дар хафо таассуф мехӯранд, ки баччадор шудаанд. Як мақолаи конодоӣ бо унвони “Ман аз бачча доштан мутаассифам” мегӯяд, ки ин ҳиссу ҳол рӯз ба рӯз роиҷтар мешавад. Ин мақола таваҷҷӯҳи мухотабро ба як гурӯҳи 9 ҳазор нафараи фейсбукӣ бо ҳамин унвон “Ман аз бачча доштан мутаассифам” ҷалб мекунад. Муаллифи мақола хушҳол аст, ки тобуи “таассуфи падару модарҳо” билохира шикаста мешавад. Ахиран ҳама аз ВВС (“100 зани 2016: волидайне, ки аз бачча доштан мутаассифанд”) то Мери Клер (Marie Claire) (“Даруни ҷунбиши рӯзафзуни заноне, ки орзу мекунанд кош ҳаргиз баччадор нашуда буданд”) то Today’s Parent (“Таассуф аз модарӣ: бо зиндагиам чӣ кардаам?”) ин тобуро пеши чашми умуми мардум овардаанд.

Бархе исрор доранд, ки таассуфи модарона шояд ҳатто шойеътар аз оне бошад, ки фикр мекунем. Ба гуфтаи онҳо, занони бисёр зиёде дар сукут аз ин ранҷ мебаранд ва эҳсос мекунанд, ки наметавонанд ба касе бигӯянд чӣ хатои бузурге муртакиб шудаанд. Титри як мақолаи эътирофии ахир дар Daily Telegraph ба қалами як муаллифи беном ин буд: “Ман дар хафо орзу мекунам кош ҳеч вақт баччадор нашуда будам”. Муаллиф менависад, аз махмасае, ки дар он гир афтода норозӣ аст ва аз он вақтҳое мегӯяд, ки “садои оҳистае дар мағзам замзама мекунад, ки агар бачча надоштам, зиндагии руъёиамро мезистам”. Ӯ изофа мекунад: “Ба хотири ин розе, ки дар сина дорам, эҳсос мекунам хеле танҳоям”.

Ҳамин калимаи “роз” ғолибан ба кор гирифта мешавад, ки бетардид мехоҳад бигӯяд таассуфи модарона шойеътар аз оне аст, ки тасаввур мекунем. Ҳамчунин бакоргирии ин вожа мехоҳад навъе ташвиқ ҳам бошад, то занони бештареро тарғиб кунад, ки достонашонро бо бақия ба иштирок бигузоранд. Ба ҳамин хотир, дар интиҳои мақолаи эътирофии Daily Telegraph, дабирон ин иборотро дарҷ кардаанд: “Оё аз баччадор шудан таассуф мехӯред? Ва оё ҳозиред ба он эътироф кунед? Ба гуфтугӯҳо дар гурӯҳи фейсбукии занони Telegraph бипайвандед”.

Вале агар таассуфи модарона ҳақиқатан як роз аст, рози хеле ошкоре шудааст. Ин рӯзҳо баҳс дар бораи таассуфи модарона дар саросари дунё бисёр роиҷ шудааст. Дар соли 2009, равонкови фаронсавӣ Курин Мейер (Corinne Maier) китоби пурфурӯшаш “Бебачча: 40 далели хуб барои модар набудан” (No Kids: 40 Good Reasons Not to Be a Mother)-ро мунташир кард. Дар соли 2016 ВВС Мейерро дар феҳристи илҳомбахштарин 100 зани дунё ҷо дод. Олмон ба таври хосс пазирои масъалаи таассуфи модарона будааст. Китоби Соро Фишер (Sarah Fischer) бо унвони “Дурӯғи шодии модарона” (The Lie of Maternal Happiness) ривояте дилҳираовар аз он ваҳшатҳое ироа мекунад, ки ба гуфтаи ӯ дар падидаи модарӣ пеш меояд. Китоби “Барандози модар” (The Abolishment of Mother) ба қалами Олино Брунски (Alina Bronsky) ва Дениз Вилк (Denise Wilk), алайҳи он идеолсозии суннатӣ аз модарӣ дар Олмон навишта шудааст. Ҳамин ки ҳаштаги #RegrettingMotherhood (таассуф аз модарӣ) дар соли 2017 дар Олмон тренд шуд, ҳокӣ аз он аст, ки ин дағдаға ҳарфи дили бахшҳое аз он ҷомеа аст.

Дар бархе маворид, мунтақидони “нурмолсозӣ”-и модарӣ на танҳо худро ифшогари ин рози касиф медонанд, балки поро аз ин ҳам ҷилавтар гузошта ва фаъолона мекӯшанд ба модарон кӯмак кунанд, то аз тасмимҳояшон фосила бигиранд. Урно Дунот (Orna Donath), муаллифи китоби “Таассуф хӯрдан бар модарӣ” (Regretting Motherhood (2015)) мегӯяд, ҳадафи асараш кӯмак ба модароне буд, ки “орзу мекунанд кош модарӣ барои ҳамеша несту нобуд мешуд”. Пас ногузир ба ин ҷамъбандӣ мерасем, ки умуми назароти матраҳшуда дар бораи таассуфи модарона сирфан дар пайи тавсифи ин падида нест, балки дунболи оддисозӣ ва ниҳодинасозии он аст. Аз зовияи диди ин нозирон, амали оддисозии ҷадид ҳамоно пайванди модарӣ бо таассуф аст, на пайванди модарӣ бо эҳсосоти мусбат.

* * *

Бегонагӣ бо волид будан

Ниҳодинасозии “таассуфи модарона” ба як раванди густурдатар гиреҳ хӯрдааст, ки таваллуд ва бузург кардани баччаҳоро навъе заҳмати пурмашаққат медонад, ки беҳтар аст аз он худдорӣ шавад. Яъне асли ин идея, ки бузургсолон масъулияти наслҳои ҷавонтарро бар ӯҳда бигиранд, як урф аст, ки таърихи масрафаш гузашта ва бо сабки зиндагии афроди серкору муваффақ таъоруз дорад.

Инсироф аз волид шудан майлест, ки тақсираш ғолибан ба гардани душвориҳои молӣ меафтад. Дар Испониё ва Итолиё мегӯянд, ки падидае, ки истилоҳан ба он “синдруми гаҳвораи холӣ” мегӯянд, ба хотири тааҳҳудоти молӣ ва замоние аст, ки баччадор шудан ба дунбол меоварад. Вале ин табйин чандон муваҷҷаҳ нест, чун дар бисёре нуқоти дунё, бегонагии имрӯзӣ бо зоду валад дар миёни қишрҳои мураффаҳ низ ба андозаи афроди камтар баҳраманд ҷиддӣ аст.

Дар Куреи ҷанубӣ ҳам, ки поинтарин нархи зоду валадро дар кишварҳои узви Созмони ҳамкорӣ ва тавсиъаи иқтисодӣ дар мантиқаи Осиё-Уқёнусия дорад, садои ҷунбиши #NoMarriage (на ба издивоҷ) бисёр баланд аст. Як шабакаи ҷадид ба исми EMIF (“Нухбагони бе хонавода, ман дорам ҷилав меравам” (Elite Without Marriage, I Am Going Forward)) бозтобе аз ҳамин ҳиссу ҳол аст. Ҷои тааҷҷуб надорад, ки пешбинӣ мешавад имсол теъдоди фавтшудагон дар Куреи ҷанубӣ бештар аз теъдоди мутаваллидон бошад.

Дар Чин завҷҳоеро, ки тасмим мегиранд баччадор нашаванд ғолибан DINK меноманд: “Ду даромад, бебачча” (Double Income, No Kids). Гузориш шудааст теъдоди завҷҳое, ки эътиқод доранд баччаҳо сабки зану шавҳарҳоро маҳдуд мекунанду бас, дар Чин рӯ ба афзоиш аст. Вожаи бехаёл мутародифи ин дурнамои бебачча шудааст.

Дар тӯли таърих, аз занон интизор доштаанд, ки вақте по ба бузургсолӣ гузоштанд, модариро бипазиранд ва бачча ба дунё биёваранд. Ин интизор ҳанӯз роиҷ аст. Вале ҳамакнун нигоҳи манфӣ ба модарӣ низ ба масоф омадааст, ки мегӯяд баччадор шудан, баландпарвозиҳои занро ақим мегузорад ва кайфияти зиндагиашро мекоҳад.

Ғолибан мегӯянд, ки омили бегонагии ҷомеаи қарни 21-ум бо бачча доштан, шавқи занон ба истиқлоли бештар аст. Гоҳе низ авҷгирии руҳияи зидди зоду валадро ба нуфузи феминизм гиреҳ мезананд. Ин маворид шояд дар табалвури ҳолу ҳавои зидди зоду валад нақш дошта бошанд, вале омилҳои қудратмандтари дигаре ҳам дар коранд.

Як иттифоқи муҳим он аст, ки нигоҳ ба ҷанбаҳои фаровоне аз вуҷуди башар аз даричаи беморӣ роиҷ шудааст. Хусусан навъе аз иҷтимоӣ шудан бар ҷавонҳо эъмол мешавад, ки онҳоро ташвиқ мекунад масоил ва мушкилоти вуҷуд (дард, сархӯрдагӣ, фишор, изтироб)-ро аз даричаи равоншиносӣ бибинанд. Онҳо ба гунае бузург шуда ва омӯзиш дидаанд, ки аз фишорҳо ё таҷрибаҳои чолишбарангез ё нороҳаткунанда масун бошанд. Шеваи феълии иҷтимоӣ шудан, ба ҷои он ки зарфияти кӯдакон дар касби истиқлолро парвариш диҳад, ҷавононро ташвиқ мекунад, ки нисбат ба “осебпазириашон” ҳушёр бошанд.

Дар чунин шароите, таваҷҷӯҳи ҷавонҳо аз шавқи бузург шудан, ба ӯҳда гирифтани нақшҳои бузургсолон, ва пазируфтани вазифа ва масъулият, ба чизҳои дигар маътуф мешавад.

Ин яке аз далоиле аст, ки занон (ва мардон)-и ҷавони бисту чандсола муддаиаяд, ки бачча намехоҳанд. Он ҳам ҳаргиз. Бе тардид баъзе аз ин ҷавонҳо дар бурҳае тағйири назар медиҳанд ва тасмим мегиранд баччадор шаванд. Аммо шеваи мутмаин ва қотеонае, ки дар ибрози майлҳои зидди зоиши худ доранд ҳокӣ аз он аст, ки ҳамакнун мӯътақиданд парҳез аз фишори падару модар шудан комилан маъқул ва мантиқӣ аст.

* * *

Ҷунбиши зидди инсонгароёна алайҳи таваллуд

Як дуктурини зидди инсонгароёна ҳам бар бегона шудани бархе қишрҳои ҷомеаи ғарбӣ аз модарӣ сиҳҳа мегузорад: ин дуктурин башариятро на роҳи ҳалли мушкилоти дунё, ки иллати ин мушкилот мешуморад.

Дар даҳаҳои ахир, бахши умдае аз ҷунбиши муҳитизистгаро ба самти шиорҳои тунду тези инсонгурез рафтааст. Ба гуфтаи бархе аз онҳо, инсонҳо навъе саратонанд, ки ба ҷони муҳити зист афтодаанд. Пайравони мактаби бумшиносии жарфнигар (Deep Ecology = як фалсафаи муҳитизистӣ, ки мегӯяд, мавҷудоти зинда фориғ аз он, ки ба дарди инсон бихӯранд ё на, арзиши зотӣ доранд) муддаиянд, ки башарият аз тариқи идеулужии инсонмадор, ки табиатро манбаи суду фоида барои инсон мешуморад, мӯҷиби табоҳии сайёраамон шудааст. Инсонҳо ғолибан дар нақши ангал тарсим мешаванд, ва ин амр ҳам маҳдуд ба афроди тундрав ва ҳошияӣ нест. Мойкел Мичер (Michael Meacher), вазири собиқи давлати Ҳизби коргар, гуфт, инсонҳо навъе “вирус” ҳастанд, ки тани заминро мубтало ба беморӣ мекунад. Ҷеймз Ловлок (James Lovelock), мубдиъи машҳури “фарзияи гоё” (Gaia hypothesis = ин фарзия муддаӣ аст, ки сайёраи замин мисли як мавҷуди зинда дорои ҳаёт аст), мегӯяд, инсонҳо “аз бархе ҷиҳатҳо шабеҳи навъе организми беморизо ё селлулҳои як тумур ё ғудда рафтор мекунанд”. Мутаоқибан, ба гуфтаи Ловлок, теъдоди мо афзоиш ёфтааст ва “гунаи инсон акнун чунон зиёд шуда, ки ба нохушии ҷиддие барои сайёраамон табдил шуда”. Ӯ натиҷа мегирад, ки “гоё аз тоуни одамиён дар ранҷ аст”.

Дар ғарб, лобиҳои контроли ҷамъият саргарми интиқод аз онҳоеанд, ки хонаводаҳои бузурге доранд, чунонки барчасби “масъулиятнопазирии зистмуҳитӣ” ба онҳо мезананд. Бо баччадор шудан, хусусан агар теъдоди баччаҳо зиёд бошад, мисли як ҷинояти иқлимӣ бархӯрд мешавад. Шоҳзода Ҳери (Prince Harry) дар он нусхае аз муҷаллаи Vogue, ки ҳамсараш Меган Моркл (Meghan Markle) дабираш буд, ҳамин ҳафта ин идеяро эълом кард ва ваъда дод, ки таҳти ливои пойдории иқлимӣ фақат ду бачча биёварад.

Аз ин манзар, як инсони изофа яъне як олам интишори бештари курбун, ки зоҳиран ба ҳамин далел беҳтар аст ин инсонҳои изофа асосан ба вуҷуд наёянд. Ба таъбири Optimum Population Trust, “як одами номавҷуд ҳеч радди пойи зистмуҳитие надорад; сарфаҷӯии ӯ дар интишори курбун фаврӣ ва комил аст”.

Ва алъон бо кунишгарони тағйироти иқлимӣ мувоҷеҳем, ки ҷунбиши BirthStrike (ба маънои эътисоби зоймон ё таваллуд)-ро шакл додаанд. Онҳо тасмим гирифтаанд, ки “ба хотири вахомати бӯҳрони иқлимшинохтӣ ва беамалии феълӣ қувваҳои ҳоким дар мувоҷеҳа бо ин таҳдиди вуҷудӣ фарзандовариро канор бигузоранд. Вебсойт ин ҷунбиш эъломияҳои шахсӣ аз ҷониби касонеро мунташир мекунад, ки фикр мекунанд ба дунё овардани бачча хатост. Олтои 39 сола мегӯяд:

Авлавияти шавҳарам ва ман ин аст, ки аз овардани як баччаи дигар дар шароити таҳаммулнопазири оянда аз қабили мавҷҳои гармо ва хушксолӣ парҳез кунем, хусусан ки мебинем баччаҳо ҳамин имсол доранд дар Ҳинду Покистон дар натиҷаи мавҷҳои гармо ҷон медиҳанд.”

Имрӯза селебритиҳо низ ин идеяро таъйид мекунанд, ки бачча овардан як гуна ҷиноят алайҳи муҳити зист аст. Мойли Сойрус (Miley Cyrus) мегӯяд, насли ҳазора “намехоҳад тавлиди мисл кунад, чун мо медонем замин аз паси ин бор барнамеояд”.

Албатта ҷунбиши BirthStrike ифротитарин ва ҳузнангезтарин ҷилва аз ин фарҳанги зидди инсонгароёнае аст, ки бар мадори манфинигарӣ ва бадбинӣ мечархад. Он чи эшонро ба ин натиҷа мерасонад, ки агар одамҳо аз баччадор шудан даст бикашанд дунё ҷои беҳтаре хоҳад шуд, сирфан тааллуқи хотири амиқашон ба муҳити зист нест, балки инсонгурезиашон ҳам дар он нақш дорад. Дар нигоҳи онҳо, баччаҳо олояндаҳои сайёраанд. Ин дидгоҳ дақиқан бо ҳамон ҳиссу ҳоле ҷур дармеояд, ки волид шуданро ҳадафи номатлуб ва “мушкилофарин” мебинад.

То ҳамин авохир, баччаҳо лутфи Худо ва баракати зиндагӣ шумурда мешуданд. Акнун, афроди зиёде мегӯянд, ки бачча надоштан лутфу баракат аст. Дар ниҳоят, далели ин беимон шудан ба руҳи башар, на иқтисодӣ аст ва на зистмуҳитӣ. Балки мутури аслии ин ҷунбиши зидди зоду валад он аст, ки ин қишрҳои ҷомеа имрӯза ба сахтӣ метавонанд маъное барои зиндагӣ биёбанд. Бозёбии эътимодамон ба руҳи башар ва фазоили қадимии башарӣ, беҳтарин подзаҳр барои ин чархиш алайҳи баччадор шудан аст.

Spiked

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: