Перейти к содержимому

4 суол дар бораи ҳамлаи “ДОЪИШ” ба дидбонгоҳи “Султонобод”

Акс аз Родию Озодӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бар асоси гузориши расонаҳои давлатӣ, шаби гузашта як гурӯҳи мусаллаҳ ба дидбонгоҳи марзии “Султонобод” ҳуҷум кард ва билофосила тавассути ниҳодҳои қудратӣ “безарар” гардонида шуда ва 5 нафари онҳо боздошт шудаанд.

Дар гузориши нахустини “Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ”, аз ин гурӯҳ ба унвони “гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафар шахсони номаълуми ниқобдор” ном бурда шуд, ки “бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳ” ҳуҷум карданд ва дар натиҷаи амалиёт, “1 сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ ва 1 корманди Вазорати корҳои дохилии ҶТ ҳалок шуданд.”

Дар гузориши дуввуми ин марказ, ки соате пеш мунташир шуд, ҷузъиёте аз ин ҳодиса гузориш шуд. Тибқи баёнияи ин марказ, “дар ҷараёни ҳаракатҳои тафтишотӣ ва пурсиши боздоштшудагон маълум гардид, ки гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ, ки шаби 06-уми ноябри соли 2019 ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и “Ишқобод”-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии “Султонобод” ҳуҷуми мусаллаҳона намуданд, санаи 3-юми ноябри соли 2019 аз вулусволии Қалъаи Золи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо супориши махсус (ҳама узви гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” (ДОЪИШ) мебошанд), бо истифода аз торикии шаб хати сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур карда, ба ҳудуди ноҳияи Қубодиён гузаштаанд. Онҳо дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод”-ро барои худ ҷои муносиб интихоб намуда, ба задухӯрди мусаллаҳона даст заданд.”

* * *

Бо он ки аз муддате пеш гузоришҳое дар бораи вуҷуди ҷанҷӯёни доъишӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар расонаҳо мунташир мешуд, бо ин ҳама аммо вуқӯи ин ҳодиса дар ин шабу рӯз чанд суолро бармеангезад:

1) Аввалан, ин гурӯҳи мусаллаҳ чӣ гуна ба ҳамин роҳатӣ аз марзи Афғонистон бо Тоҷикистон убур карда ва тавониста то ба ноҳияи Рӯдакӣ, ки наздик ба Душанбест бирасад? Он ҳам дар замоне, ки тамоми чашму гӯшҳои на танҳо ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон, ки ҳатто Созмони паймони амнияти ҷамъӣ (ОДКБ) бахусус Русия, мутаваҷҷеҳи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аст, бо дар назар гирифтани ин воқеият, ки дар онҷо ҷангҷӯён ва теруристҳои ДОЪИШ дар ҳоли гирд омадан ҳастанд?!

2) Дуввум, ин “гурӯҳи мусаллаҳ” агар тавониста то ноҳияи Рӯдакӣ худро бирасонад, қоъидатан гурӯҳе будааст бисёр коркушта ва обдида, бо ин ҳол, чӣ гуна дар яке ду соат ба ҳамин роҳатӣ ва бидуни муқовимате ончунонӣ, “безарар” гардонида шуд? Тоза, 5 нафари онҳо боздошт ҳам шудаанд? Агар ин “гурӯҳи мусаллаҳ” воқеан доъишӣ ҳастанд, тибқи он чи аз доъишиҳо маъруф аст, ин гурӯҳ агар эҳсос кунад дастгир мешавад, худро мунфаҷир мекунад, то ба дасти “душманонаш” наафтад.

3) Севвум ин ки, дар баёнияи дуввуми “Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ” омадааст, ки ин гурӯҳ “бо супориши махсус” ҳуҷум овардаанд. Хуб, агар инҳо доъишӣ ҳастанд, пас пурравшан аст бо чӣ аҳдофе ба инҷову онҷо ҳамла мекунанд. Оё гунҷонидани иборати “бо супориши махсус” дар ин баёния ҳокӣ аз як шайтанат ва муқаддимачинии мақомот барои иттиҳоми мухолифон нест? Чунонки дар ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ дар соли гузашта, билофосила Вазорати дохила ҳанӯз чизе бармало нашуда, ҲНИТ-ро муттаҳам карда буд? Ва ин иттиҳом ҳатто замоне, ки маълум шуд ин ҷиноят кори дасти ДОЪИШ будааст, аз сафҳаи сойти Додгоҳи Олӣ бардошта нашуда ва ҳанӯз дар ҷои худ боқист.

4) Суоли чаҳорум ва асосӣ ин аст, ки, чаро ин ҳодиса ҳангоме воқеъ мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар Урупо қарор дорад? Раҳмоне, ки чанд сол аст тамоми саъю талоши худро ба харҷ медиҳад, то барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бахусус урупоиҳо “собит” кунад, ки мухолифонаш терурист ва экстремист ҳастанд ва аз ДОЪИШ ҳеч фарқе надоранд?

Ин суолҳо суолҳое ҳастанд, ки ҷавоб мехоҳад. Акнун бояд мунтазир буд мақомоти Тоҷикистон чӣ оше мехоҳанд бипазанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: