Перейти к содержимому

Коршиноси рус: “Ҳамла ба марзҳои Тоҷикистон иқдоме намоишӣ аст”

Коршиноси масоили сиёсии Русия дар робита бо ҳамлаи ДОЪИШ ба посгоҳи марзии Тоҷикистон гуфт: “Ба назари ман ин мавзӯъ намоишӣ ва барои фитнаангезӣ аст.

Александр Князев, коршиноси масоили сиёсии Русия, бо ишора ба ҳамлаи ДОЪИШ ба посгоҳи марзии Тоҷикистон гуфт: “Ман бо минтақаи марзии мавриди ишора ошно ҳастам ва мӯътақидам ахбори мунташиршуда дар ин робита дақиқ нест.”

Ин коршинос тасреҳ кард: “Дар марҳилаи аввал шибҳинизомиёни кушташуда иқдомоти аҷибе аз лиҳози ҷуғрофиёӣ анҷом доданд, зеро тай кардани масири шаҳри Қундузи Афғонистон ба Тоҷикистон роҳат нест ва илова бар ин дар роҳ даҳҳо посгоҳҳои марзии дигар қарор доранд.”

Князев хотирнишон кард: “Дар ин замина дигар мулоҳизоте низ вуҷуд дорад ва ба назари ман ин мавзӯъ намоишӣ ва барои фитнаангезӣ аст.”

Вай афзуд: “Ҳадаф аз ин иқдомот густариши тарс дар байни мардум аз созмонҳои теруристӣ ва нишон додани тавонмандии ҳукумат дар заминаи дифоъ аз кишвар аст, ки дар натиҷаи ин барнома мудирият кардани мардум тавассути ҳукумат роҳаттар мешавад.”

Ин коршиноси рус гуфт: “Ҳамчунин ҳатто ҳукумат эътимод ва ҳимояти мардумро касб мекунад.”

Князев тасреҳ кард: “Ин мавзӯъ сериёли тӯлонӣ аст ва ба унвони мисол дар чорчӯби ин барнома, фишор ба Ҳизби наҳзати исломӣ анҷом мешавад. Аз сӯи дигар Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аз тавтиъаҳои ДОЪИШ алайҳи ҳукумати ин кишвар хабар медод.”

Вай гуфт: “Ҷомеаи байналмилалӣ ҳанӯз ба тасмимоти ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба Ҳизби наҳзати исломӣ шак дорад, зеро ин “ҳамлаи теруристӣ” ҳамзамон бо сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури ин кишвар ба Урупо сурат гирифт.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: