Перейти к содержимому

Ҳикояте аз Будо

Будо ба деҳе сафар кард. Зане, ки маҷзуби суханони ӯ шуда буд, аз Будо хост, то меҳмони вай бошад. Будо пазируфт ва муҳайёи рафтан ба хонаи зан шуд. Кадхудои деҳкада ҳаросон худро ба Будо расонид ва гуфт:

— Ин зан бадкора аст, ба хонаи ӯ наравед!

Будо ба кадхудо гуфт:

— Яке аз дастонатро ба ман бидеҳ.

Кадхудо таъаҷҷуб кард ва яке аз дастонашро дар дастони Будо гузошт.

Он гоҳ Будо гуфт:

— Ҳоло каф бизан.

Кадхудо бештар таъаҷҷуб кард ва гуфт:

— Ҳеч кас наметавонад бо як даст каф бизанад.

Будо лабханде зад ва фармуд:

— Ҳеч зане низ наметавонад ба танҳоӣ бад ва бадкора бошад, магар ин ки мардони деҳкада низ бадкора бошанд. Бинобар ин, мардон ва пулҳояшон аст, ки аз ин зан зани бадкорае сохтаанд. Бирав ва ба ҷойи нигаронӣ барои ман, нигарони худат ва дигар мардони деҳкада бош!

Манбаъ: Латоиф ва зароиф

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: