Перейти к содержимому

Андешкадаи бритониёӣ: “Эрон бо гурӯҳҳояш дар минтақа, бар Омрико ва муттаҳидонаш бартарӣ ёфта”

Як андешкадаи бритониёӣ, дар тозатарин гузориши худ, ки ҳосили 16 моҳ мутолеа буда, бар бартарии муассири Эрон бар Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар минтақаи Ховари Миёна таъкид кардааст.

Ба гузориши Guardian, Муассисаи байналмилалии мутолеоти истротежик (International Institute for Strategic Studies = IISS), ки як андешкадаи бритониёӣ дар ҳавзаи мутолеоти низомӣ, истротежик ва жеупулитик аст, дар гузорише вазъияти тавозуни мавҷуд байни Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар минтақаи Ховари Миёнаро баррасӣ карда ва чунин натиҷа гирифта, ки Эрон ба воситаи тавсиъаи нуфузи низомӣ ва жеупулитик аз тариқи шабакае аз шибҳинизомиён дар сар то сари минтақа, тавониста бартарии муассире бар Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ба даст оварад.

Ин гузориш бо таваҷҷӯҳ ба истротежии Эрон дар минтақа ва дар кишварҳое чун Лубнон, Сурия, Яман ва Ироқ, гурӯҳҳои шибҳинизомии наздик ба Эронро силоҳи буранда ва муассире дониста, ки тавониста тавозуни минтақаиро ба нафъи муассире ба суди Эрон ва ба зарари Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва муттаҳидонаш, рақам бизанад.

Бар асоси ин гузориш, ин шабакаҳо барои Эрон ҳатто аз барномаи мушакии болистик, барномаи ҳастаӣ ё нерӯҳои низомиаш, аҳаммияти бештаре доранд ва Эрон ба мадади пуштибонӣ аз ин шабакаҳои қудратманд, тавозуни низомӣ дар минтақаро комилан ба нафъи худаш тағйир додааст.

Ин гузориш меафзояд, бо вуҷуди таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида ва эътирозоти дохилӣ, ки ахиран дар Ироқ ва Лубнон ба ҷараён афтодааст, аммо Эрон ҳамчунон нуфузи худро ҳифз хоҳад кард, ва шояд беҳтарин роҳ барои муқобила бо ин нуфуз, гуфтугӯ ва ба тавофуқ расидан бар сар масоили минтақаӣ бошад.

Ба навиштаи ин гузориш, шабакаи шибҳинизомиёни ҳомии Эрон дар кишварҳои мухталифи минтақа, мутафовит амал мекунад. Ин шабакаест, ки тайи 40 сол ба хубӣ меъморӣ шуда ва ба унвони аслитарин абзор барои муқобила бо мухолифони минтақаӣ ва фишорҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон амал мекунад ва бар ин мабно ҳазинаи рӯёрӯии низомӣ бо Эрон дар минтақа, ба шиддат боло рафтааст. Эрон то кунун ба мадади шарикони ғайридавлатии худ дар кишварҳои мухталифи минтақа, ин ҷанги номутақорин бо Омрикоро бо пирӯзӣ ба пеш бурдааст.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, бо вуҷуде, ки ҳамчунон Иёлоти Муттаҳидаи Омрико аз манзари тавозуни низомии марсум ва мутаораф, бар Эрон бартарӣ дорад, аммо тавозуни нерӯи муассир ҳамакнун ба нафъи Эрон аст.

Ин гузориш мегӯяд, нерӯи мутаорафи низомӣ қодир ба таҳдиди ҳокимияти Эрон нест, зеро ба далели печидагии шароит дар минтақаи Ховари Миёна, бештари даргириҳо дар Ховари Миёна бо ҷанги давлат дар баробари давлат таъриф намешавад, ки шомили баробарии нерӯҳое бошад, ки машмули қавонини байналмилалӣ ҳастанд.

Муассисаи байналмилалии мутолеоти истротежик Эронро фаъолтарин ва коромадтарин давлат дар заминаи тавсиъаи шабакаи нуфуз дар даврони ҷанги мудерн тавсиф карда ва таъкид карда Эрон тавоноии худро аз тариқи нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ бо тавсиъаи беш аз 200 ҳазор шибҳинизомии мубориз дар сар то сари минтақа тавсиъа додааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: