Перейти к содержимому

Баёнияи ПМТ дар поёни таҷаммӯи эътирозӣ дар Порис

Паймони Миллии Тоҷикистон дар поёни таҷаммӯи эътирозии худ дар шаҳри Порис, пойтахти Фаронса, бо судури баёнияе, изҳори умедворӣ кард, ки “кишвари Фаронса ба унвони парчамдори озодӣ ва демукросӣ, бо истифода аз ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар ин кишвар, аз ӯ ба шиддат ба хотири сиёсатҳои саркӯбгаронааш интиқод ба амал оварда ва аз вай дархост намояд, ки Қонуни асосии Тоҷикистонро, ки озодӣ, демукросӣ ва ҳуқубунёдӣ асоси онро ташкил медиҳад амал кунад ва даст аз таъқибу фишори дигарандешон бардорад ва бигузорад аҳзоби сиёсӣ озодона дар дохили кишвар фаъолият кунанд ва ниёз ба паноҳ бурдан ба дигар кишварҳоро надошта бошанд.”

Ба гузориши сойти АОТ, матни ин баёния ба шарҳи зерин аст:

Мо, ҷамъе аз аъзо ва ҳаводорони Паймони Миллии Тоҷикистон – эътилофи мухолифони тоҷик, дар эътироз ба сиёсатҳои саркӯбгаронаи Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ин соатҳо дар шаҳри Порис қарор дорад, дар поёни таҷаммӯи худ дар майдони “Республика”-и шаҳри Порис, пойтахти Фаронса, иброз медорем:

1) Бисёр нанговар аст, ки дар остонаи солгарди Инқилоби Кабири Фаронса, ин кишвар мизбони касе мисли Эмомалӣ Раҳмон, ки намоди диктотурӣ ва зулму истибдод дар ҷаҳон маҳсуб меояд, бошад. 27 сол аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар раъси ҳирами қудрат дар Тоҷикистон қарор дорад ва дар ин муддат садҳо шаҳрванд фақат ба хотири мавқеи сиёсӣ боздошт ва ба зиндонҳо афканда шуданд ва анвоъи фишору шиканҷаҳоро аз сар мегузаронанд, ва на танҳо худи зиндониёни сиёсӣ, балки хонаводаҳои онҳо низ аз дасти мақомоти амниятии Тоҷикистон дар амон нестанд.

Бинобар ин, мо хитоб ба мардум ва ҷомеаи озоди Фаронса ва ҳукумати он, мерасонем, ки истиқболи ҳукумати Фаронса аз як диктотур дар сарзамини озодӣ ва пачамдори демукросӣ дар ҷаҳон, як нанг аст.

2) Мо умедворем кишвари Фаронса ба унвони парчамдори озодӣ ва демукросӣ, бо истифода аз ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар ин кишвар, аз ӯ ба шиддат ба хотири сиёсатҳои саркӯбгаронааш интиқод ба амал оварда ва аз вай дархост намояд, ки Қонуни асосии Тоҷикистонро, ки озодӣ, демукросӣ ва ҳуқубунёдӣ асоси онро ташкил медиҳад амал кунад ва даст аз таъқибу фишори дигарандешон бардорад ва бигузорад аҳзоби сиёсӣ озодона дар дохили кишвар фаъолият кунанд ва ниёз ба паноҳ бурдан ба дигар кишварҳоро надошта бошанд. Бигузорад интихобот дар Тоҷикистон озод ва шаффоф баргузор гардад.

3) Хитоб ба мардуми шарифи Тоҷикистон изҳор медорем, ки мо то охирин нафас баҳри озодӣ ва барқарории демукросӣ дар кишвари азизамон даст аз муборизаи мусолиматомез барнахоҳем дошт.

Зинда бод Озодӣ!

Зинда бод Демукросӣ!

Зинда бод Тоҷикистон!

Паймони Миллии Тоҷикистон

8 ноябри 2019

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: