Перейти к содержимому

ДОЪИШ расман масъулияти ҳамла дар марзи Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифт

Гурӯҳи теруристии ДОЪИШ расман масъулияти ҳамла ба дидбонгоҳи «Ишқобод» дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба ӯҳда гирифт.

Дақоиқе пеш, Родию Озодӣ ба нақл аз сойти Аъмоқ – мутаъаллиқ ба ин гурӯҳи теруристӣ навишт, ки ДОЪИШ дар ин ҳамла даҳ сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро куштааст.

Бар асоси гузориши расонаҳои давлатӣ, як гурӯҳи мусаллаҳ ба дидбонгоҳи марзии “Султонобод” ҳуҷум кард ва билофосила тавассути ниҳодҳои қудратӣ “безарар” гардонида шуда ва 5 нафари онҳо боздошт шудаанд. Дар гузориши нахустини “Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ”, аз ин гурӯҳ ба унвони “гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафар шахсони номаълуми ниқобдор” ном бурда шуд, ки “бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳ” ҳуҷум карданд ва дар натиҷаи амалиёт, “1 сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ ва 1 корманди Вазорати корҳои дохилии ҶТ ҳалок шуданд.”

Дар гузориши дуввуми ин марказ, ки соате пеш мунташир шуд, ҷузъиёте аз ин ҳодиса гузориш шуд. Тибқи баёнияи ин марказ, “дар ҷараёни ҳаракатҳои тафтишотӣ ва пурсиши боздоштшудагон маълум гардид, ки гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ, ки шаби 06-уми ноябри соли 2019 ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и “Ишқобод”-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии “Султонобод” ҳуҷуми мусаллаҳона намуданд, санаи 3-юми ноябри соли 2019 аз вулусволии Қалъаи Золи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо супориши махсус (ҳама узви гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” (ДОЪИШ) мебошанд), бо истифода аз торикии шаб хати сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур карда, ба ҳудуди ноҳияи Қубодиён гузаштаанд. Онҳо дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод”-ро барои худ ҷои муносиб интихоб намуда, ба задухӯрди мусаллаҳона даст заданд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: