Перейти к содержимому

Мавлудхонӣ

Ёддошти Саъдӣ Ворисов

Намози ҷумъаи имрӯз дар масҷиди марказии Душанбе ҳолу ҳавои дигаре дошт. Хутбаи тоҷикӣ ҷойи худро ба “мавлудхонӣ” дода буд. Чанд ҳанҷараи ҷавон бо навбат гулчини ашъору ғазалҳову қасоиди форсӣ ва баъзан тозӣ дар васфи Муҳаммад паёмбарро бо ихлосу шуру шавқ замзама мекарданд. Хеле фораму гушнавоз.

Муҳтавои ашъор ё тавсифи бузургӣ ва азамати охирин сафири илоҳӣ барои башар буд ё изҳори ишқу алоқа ба он ҳабиби арабӣ:

“Зи шаъни болои ту,

Зи ҳусни зебои ту,

Бутҳои Каъба аз тарс,

Уфтода дар пойи ту.

Ё Расулаллоҳ!

Аз ҳама кас беҳтарини Ё Расулаллоҳ!

Раҳматаллилоъалимини ё Расулаллоҳ!

Ҳуҷҷатул лилмузнибинӣ ё Расулаллоҳ!”

Замзама ба як жанри аҷиб иҷро мешуд. Бархе бо таъсир аз таҷвиду қавоиди қуръону хутбахонӣ ва баъзеи дигар илҳомгирифта аз нашиду оҳангҳои маъруф. Мавлудхонҳои ҷавон ҳарҷо ҳарфи “ъ” ва ё “ҳ” ҳалқии арабиро медиданд талаффузи арабияш мекарданд то рангу буйи динӣ бигирад))).

Дар гузаштаи на онқадар дур мавлудхонӣ дар мамлакати мо дар доираҳои хос сурат мегирифт, вале ҳоло дар ақсои ҷумҳурӣ иҷро мешавад. Мавлудхонӣ бархоста аз тасаввуфи Ислом аст.

Таърихан паёмбари Худо дар рикоби худ шоироне дошт, ки васфу мадҳаш мекарданд ва аммо баъд аз вафоташ ин кор дар адабиёти тозиву порсӣ ба авҷи аълои худ расид ва ё ба бовари Мавлоно ҷовидона шуд:

Аз дирамҳо номи шоҳон баркананд,

Номи Аҳмад то абад бармезананд.

Ҳофиз:

Ситоре бидурахшиду моҳи маҷлис шуд,

Дили рамидаи моро анису мунис шуд.

Нигори ман, ки ба мактабу нарафту хат нанавишт,

Ба ғамза масъалаомузи сад мударрис шуд.

Аттор:

Анбиёро дидаҳо рӯшан кунӣ,

Қудсиёнро ҷонҳо гулшан кунӣ.

Саъдӣ:

Ваъдаи дидори ҳар касе ба қиёмат

Лайлатул исро шаби висоли Муҳаммад

Рузи одина ва моҳи мавлуд бар шумо хуҷаста!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: