Перейти к содержимому

Тасовире аз омодагии мухолифон барои тазоҳурот дар Порис

Қарор аст ҳамин соатҳо тазоҳуроте аз сӯи мухолифони тоҷик дар майдони “Республика”-и Порис, пойтахти Фаронса баргузор гардад. Ин тазоҳурот дар эътироз ба сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки имрӯзҳо дар Фаронса қарор дорад баргузор мешавад.

Ин тазоҳурот соати 10 ба вақти Фаронса (14 ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад ва бо эҳтимоли зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук ва Ютуб мустақиман пахш хоҳад шуд.

Филм ва тасовире аз омодагии мухолифон барои барпоии тазоҳурот:

Гуфтанист, дишаб низ гурӯҳе 20-нафара аз аъзои Паймони Миллии Тоҷикистон дар рӯ ба рӯи биное, ки қарор буд Раҳмон дар он барои вохӯрӣ бо соҳибкорони фаронсавӣ ҳузур пайдо кунад, таҷаммӯъ карданд. Аммо дертар маълум шуд ҷои баргузории нишаст бо дархости ҷониби Тоҷикистон тағйир пайдо кардааст.

Бо ин ҳама, ҷамъе аз аъзои Гурӯҳи 24 дар макони ҷадид даст ба эътироз заданд, ки дар натиҷа байни муҳофизони Эмомалӣ Раҳмон ва ин гурӯҳ ҷанҷоле бапо шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: