Перейти к содержимому

Ҳикояти дуои модари қассоб

Чанд ҳикояти дарсомӯз

Дуои модар

Рӯзе ҳазрати Мӯсо (а) дар хилвати хеш аз Худой суол кард:

— Оё касе ҳаст, ки бо ман вориди биҳишт гардад?

Хитоб расид:

— Оре.

Мӯсо бо ҳайрат пурсид:

— Он шахс кист?

Хитоб омад:

— Ӯ марди қассобест дар фалон маҳалла.

Мӯсо пурсид:

— Метавонам ба дидани ӯ биравам?

Хитоб расид:

— Монеъе надорад.

Фардои он рӯз Мӯсо ба маҳаллаи марбут рафта, марди қассобро мулоқот кард ва гуфт:

— Ман мусофире гумкардароҳ ҳастам, оё метавонам шаберо меҳмони ту бошам?

Қассоб дар ҷавоб гуфт:

— Меҳмон ҳабиби Худост, лахте биншин, то корамро анҷом диҳам, он гоҳ бо ҳам ба хона меравем.

Мӯсо бо кунҷковии вофире ба ҳаракоти марди қассоб менигарист. Дид, ӯ қисмате аз гӯшти рони гӯсфандро бурид ва ҳам қисмате аз ҷигари онро ҷудо кард ва дар порчае печид ва канор гузошт. Соате баъд қассоб гуфт:

— Кори ман тамом аст, биравем.

Сипас бо Мӯсо ба хонаи қассоб рафтанд. Ба маҳзи вуруд ба хона, рӯ ба Мӯсо карда, гуфт:

— Лаҳзае таъаммул кун.

Мӯсо дид, қассоб сабадеро овард, ки дар он пиразане нишаста. Пиразанро бо меҳрубонӣ бардошт ва дасти муҳаббат бар сару сурати пиразан кашид, сипас бо оромиш ва сабру ҳавсала миқдоре ғизо ба ӯ дод ва дасту сурати ӯро тамйиз кард ва хитоб ба пиразан гуфт:

— Модарҷон! Дигар коре надорӣ?

Пиразан гуфт:

— Писарам! Иншоаллоҳ, ки дар биҳишт ҳамнишини Мӯсо шавӣ.

Сипас қассоб пиразанро муҷададан ба ҷойи худ ниҳод ва пеши Мӯсо омад ва бо табассум гуфт:

— Ӯ модари ман аст ва он қадр пир шуда, ки маҷбурам аз ӯ ин гуна нигаҳдорӣ кунам ва аз ҳама ҷолибтар он ки ҳамеша ин дуоро барои ман мехонад, ки: иншоаллоҳ дар биҳишт бо Мӯсо ҳамнишин шавӣ. Чӣ дуое! Охир, ман куҷо ва биҳишт куҷо? Он ҳам бо Мӯсо!

Мӯсо лабханде зад ва рӯ ба қассоб кард ва гуфт:

— Ман Мӯсо ҳастам ва ту яқинан ба хотири дуои модар, дар биҳишт ҳамнишини ман хоҳӣ шуд.

* * *

Султон Санҷар ва нороҳатии мардум

Султон Санҷар (аз подшоҳони дудмони Салҷуқӣ) ҳангоме ки вориди шаҳри Кирмон шуд, дарёфт, ки мардуми шаҳр дучори буғз ва нороҳатӣ ҳастанд.

Султон ройзанони хешро фаро хонд ва иллатро ҷӯё шуд. Гуфтанд:

— Бисёре аз кормандони дастгоҳи девонӣ, бар мардум фишор оварда ва аз ҷойгоҳи хеш суистифода мекунанд.

Султон ҳамонҷо устондори Кирмонро барканор намуд, бо ин ки аз наздиконаш буд ва ба ҷойи ӯ яке аз атобакон (ришсафедон)-ро бар кор гуморид.

Гурӯҳе аз кормандони мӯътариз назди султон омада ва гуфтанд:

— Сардии мардум аз кормандони пойин аст, на аз ҳокими рашиди Кирмон.

Султон Санҷар хандид ва гуфт:

— Мардум он қадр доно ҳастанд, ки мефаҳманд, бадкирдории кормандон бархоста аз пуштибони онҳост (ки устондор аст).

Сипас идома дод:

— Ободонии кишвар бо мардуми ранҷур роҳ ба ҷойе нахоҳад бурд.

Султон Санҷар, аз подшоҳони дудмони Салҷуқиён, ба некӣ пай ба решаи дард бурда ва онро бартараф намуд.

* * *

Ҳикояти бемории Ибни Асир

Ибни Асир, Маҷдуддин Абусаъодот, муаллифи «Ҷомеул-усул«, аз бузургоне буд, ки назди подшоҳон манзилате баҷо дошт ва мансабҳои мухталиферо ба ӯҳда гирифта буд, то ин ки беморие оризи вай шуд, ки дасту пояш аз кор бозмонд. Ба ҳамин сабаб тарки машоғили хеш гуфт ва хонанишин шуд. Аммо руасо ва мақомот ҳамчунон ба хонааш омаду рафт мекарданд. То ин ки табибе ба наздаш омад ва дармони вайро ӯҳдадор шуд. Аммо замоне ки дармонаш кард ва наздик буд саломатияшро бозёбад, миқдоре тилло ба табиб дод ва гуфт: ба роҳи хеш рав!

Ёрон сарзанишаш карданд ва пурсиданд, ки намегузорияш, то шифои комил ҳосил ояд?

Гуфт: замоне ки беморам, маносиби ҳукуматӣ ӯҳдадор нестам ва аз ин рӯ, вақтҳоямро сарфи такмили хеш ва хондани китобҳои илмӣ мекунам.

Ибни Асир тарҷеҳ дод, ҷисмаш нотавон ва мариз бошад, аммо маносиби ҳукуматӣ бар ӯҳда нагирад. Вай дар ин муддат китоби боарзиши «Ҷомеул-усул» ва «Анниҳоя» ва ғайри онҳоро ба риштаи таҳрир даровард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: