Перейти к содержимому

Ҷамъияти Тоҷикони “Нур” узвияти худ ба ПМТ-ро эълон кард

Абдуқодир Аминӣ (Абдуқодир Шейхов), раиси Ҷамъияти Тоҷикони “Нур”, ки мақарраш дар Олмон аст, зимни суханронӣ дар таҷаммӯи эътирозии мухолифони тоҷик дар Порис, эълом кард, ки ин ҷамъият аз имрӯз (8 ноябр) расман узви Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) буда ва дар чорчӯби ин эътилоф фаъолият хоҳад намуд.

Абдуқодир Аминӣ дар ин суханронӣ, гуфт, ӯ 15 сол аст, ки дар Урупост ва то ба имрӯз коре ба сиёсат надошт. Ӯ афзуд, ҳатто замоне, ки бародарашро дар Тоҷикистон ба 8 сол зиндон маҳкум карданд, чизе нагуфт.

Вай ёдовар шуд: “Ҷамъияти мо бо ҳадафи дифоъ аз тоҷикон ва густариши фарҳанги тоҷикон дар Урупо таъсис шудааст, вале мебинам, ҳар касе, ки барои миллат хидмат мекунад ва дилаш барои миллат месӯзад, дар назди ин ҳукумат ва мақомот ҳамчун терурист эълон мешудааст.”

Аминӣ баён дошт: “Мо то имрӯз бо сафорати Тоҷикистон дар Олмон низ дар иртибот будем ва инро пинҳон намекунем, мо бо ҳамаи ақшори мухталиф рафту омад доштем, аммо бо ин ҳама, моро вориди листи теруризм намуданд ва терурист эълон карданд.”

Вай изҳор дошт: “Мо то ба имрӯз узви Паймони Миллии Тоҷикистон набудем, аммо эълон мекунам, ки аз имрӯз расман ба Паймони Миллии Тоҷикистон пайвастем.”

Гуфтанист, Ҷамъияти Тоҷикони “Нур”, ки як созмони расмӣ аст ва мақарраш дар Дортмунди Олмон мебошад, умдаи фаъолияташ иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буд. Вале ахиран ҳукумат афроди ин ҷамъият аз ҷумла раиси он, Абдуқодир Аминиро дар феҳристи “афроди алоқаманд ба теруризм” ворид кардааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: