Перейти к содержимому

Ҳикояте аз Саъдӣ

Корвонеро дар замини Юнон бизаданд ва неъмати беқиёс бибурданд. Бозаргонон гиряву зорӣ карданд ва Худою Пайғамбар шафеъ оварданд, фоида набуд.

Чу пирӯз шуд дузди тираравон,

Чӣ ғам дорад аз гиряи корвон.

Луқмони Ҳаким андар он корвон буд, яке гуфташ аз корвониён:

— Магар инонро насиҳате кунӣ ва мавъизае гӯӣ, то тарфе аз моли мо даст бидоранд, ки дареғ бошад чандин неъмат, ки зойеъ шавад!

Гуфт:

— Дареғи калимаи ҳикмат бошад бо эшон гуфтан:

Оҳанеро, ки мӯриёна бихӯрд,

Натавон бурд аз ӯ ба сайқал занг.

Бо сияҳдил чӣ суд гуфтани ваъз?

Наравад мехи оҳанин дар санг.

— Ҳамоно, ки ҷурм аз тарафи мост.

Байт:
Ба рӯзгори саломат шикастагон дарёб,

Ки ҷабри хотири мискин бало бигардонад.

Чу соил аз ту ба зорӣ талаб кунад чизе,

Бидеҳ, вагарна ситамгар ба зӯр бистонад.

“Гулистон”-и Саъдӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: