Перейти к содержимому

Ҳошияҳои сафари Раҳмон ба Урупо

Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Урупо пас аз 3 сол агарчӣ аз дараҷаи аҳаммияти вежае бархӯрдор аст, аммо бо ҳошияҳои бисёр зиёде низ ҳамроҳ будааст. Охирин сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Урупо ба 3 сол пеш, дар охирҳои соли 2016 бозмегардад. Тайи 3 соли ахир низ танишҳо ва ихтилофоти бисёр зиёде дар ҳавзаҳои мухталифе назири озодии расонаҳо, мавзӯи зиндониёни сиёсӣ ва ҳазфи мухолифон вуҷуд доштааст. Бо ин ҳол, ба назар мерасад заминаҳои муштарак бавежа дар ҳавзаи масоили амниятӣ, мӯҷиб шуда муносиботи сиёсӣ ва ҳамин тавр кӯмакҳои урупоиҳо ба давлати Тоҷикистон дар айни мизбонӣ аз мухолифони сиёсии он, тадовум ёбад.

Дар ҳамин росто, алорағми он ки то пеш аз сафари Раҳмон ба Урупо, расонаҳо таваҷҷӯҳи вежае ба ин сафар ва абъоду паёмадҳои он доштанд, ба якбора бо вуқӯи ҳамлаи ахири теруристӣ ба пойгоҳи марзии “Ишқобод” дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, нигоҳҳо ба ин мавзӯъ ҷалб шудааст. Ҳамин масъала боис шуд то дастовардҳо ва ҳошияҳои сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суис (Швейтсария) ва Фаронса камтар мавриди таваҷҷӯҳ қарор бигирад. Бо ин ҳол, ҳошияҳои эҷодшуда дар ин сафар, бавежа эътирозоти мухолифон дар Фаронса, қобили таваҷҷӯҳ мебошад.

Ду гурӯҳи сиёсии Паймони Миллии Тоҷикистон ва Гурӯҳи 24 аслитарин таҷаммӯоти эътирозӣ ва ҷараёнҳои мухолифат бо Эмомалӣ Раҳмонро дар сафар ба Урупо тартиб додаанд. Дар ҳамин росто, хабаргузории Тасним гуфтугӯеро бо Илҳомҷон Ёқубов, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳоияи Урупо ва низ Нуруддин Ризоӣ, масъули равобити хориҷии Гурӯҳи 24 перомуни ҳошияҳои марбут ба эътирозот ба сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Урупо тартиб додааст.

Илҳомҷон Ёқубов, бо ишора ба ташкили таҷаммӯи эътирозии Паймони Миллӣ нисбат ба сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса дар шаҳри Порис мегӯяд: “Паймони Миллии Тоҷикистон пас аз он ки сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ба Урупо ва бавежа дидори вай бо Емонуил Мокрун, раисиҷумҳури Фаронса мунташир шуд, агарчӣ фурсати каме буд, тазоҳуроти худро дар шаҳри Порис дар майдони “Ҷумҳурӣ” баргузор кард. Дар ин тазоҳурот беш аз 100 нафар аз аъзо ва тарафдорони Паймони Миллии Тоҷикистон мушорикат карданд.”

Ёқубов ҳамчунин бо ишора ба мавозеи давлати Фаронса дар ин замина меафзояд: “Аслан барои мо таъаҷҷубовар буд, ки раисиҷумҳури Фаронса, ҷаноби Мокрун, як диктотуре, ки мардумашро 28 сол дар қабзаи оҳанин нигаҳ медорад, ҳазорон зиндонии сиёсӣ дорад, мухолифони худро саркӯб мекунад, душмани озодии матбуот аст ва даҳҳо ҷинояти дигарро анҷом додааст, дар қасри худ қабул карда ва бо вай дидор мекунад. Ҳамон Мокруне, ки ба хотири равшан кардани моҷарои марги рӯзноманигори саудӣ, Ҷамол Хошуқчӣ, даҳҳо гуфтугӯ ва дидори сиёсиро бо Арабистони Саудӣ ва худи подшоҳи саудӣ, Малик Салмон лағв карда буд. Ӯ ҳатто иштироки вазири иқтисодашро дар маҷмаи иқтисодӣ, ки дар Риёз баргузор мешуд, ба хотири кушта шудани ин рӯзноманигор, манъ карда буд. Дар хотирам ҳаст, ки ҳатто ҳукумати Фаронса ба хотири кушта шудани ин рӯзноманигор, Ҷамол Хошуқчӣ, Арабистони Саудиро таҳдид ба эъмоли таҳрим карда буданд. Аммо имрӯз ҳамин ҷаноби раисиҷумҳур Емонуил Мокрун, раисиҷумҳури Тоҷикистонро, ки дар зӯру истибдод аз шоҳи Арабистони Саудӣ ҳеч камие надорад, даъват ба кишвараш кардааст.”

Ёқубов ҳамчунин тасреҳ кард: “Ҳадаф аз тазоҳурот ин паёми мо ва хитоби мо ба мардум ва ҷомеаи мадании Фаронса ва ҳукумати он буд, ки истиқболи давлати Фаронса аз як диктотур дар сарзамине, ки иддаои озодӣ дорад ва парчамдори демукросӣ дар ҷаҳон аст, барояшон як нуқтаи заъф аст. Ҳамчунин паёми дигари мо ба худи мардуми шарифи Тоҷикистон буд ва мо изҳор доштем, ки то охирин нафас барои озодии мардуми тоҷик, барқарории адолат дар Тоҷикистон ва решакан кардани зулму ситам даст аз мубориза барнахоҳем дошт. Албатта ин ду паём ба соҳибонаш расонида шуд ва як баёния ҳам аз сӯи тазоҳуроткунандагон пахш шуд ва ин баёния ба ҳукумати Фаронса низ расонда шуд.”

Вай дар поён бо ишора ба адами посухгӯии раисиҷумҳури Тоҷикистон ба суолҳои ҷиддии мухолифон меафзояд: “Воқеан Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури мардумӣ нест ва дар натиҷаи интихоботи ғайришаффоф бар сари қудрат омадааст. Ӯ ҷасорат надорад, ки ба суолҳои мардуми худ посух бигӯяд. Ҳамагӣ ба ёд дорем, ки чанде пеш ҳамтои ӯ дар Ӯзбакистон, ҷаноби Шавкат Мирзиёв, ба Олмон омад ва дар як фазои боз дар шаҳри Берлин бо садҳо тан аз ҳамватанони худ гуфтугӯ кард ва ба суолҳои бешумори онҳо ҷавоб дод. Раҳмон аммо чунин ҳиммату шуҷоатро надошт.”

Задухӯрди тими ҳифозатии Раҳмон бо аъзои Гурӯҳи 24

Нуруддин Ризоӣ, масъули равобити хориҷии Гурӯҳи 24 низ дар гуфтугӯ бо Тасним хабар дод, ки Гурӯҳи 24 низ тазоҳурот ва иқдомоти эътирозии қобили таваҷҷӯҳеро дар муқобили масирҳои сафари Эмомалӣ Раҳмон дар Урупо тартиб дод.

Ризоӣ бо ишора ба ин ки ҳатто дар шаҳри Берн, дар Суис (Швейтсария) низ бархе аъзои Гурӯҳи 24 нисбат ба ҳузури Раҳмон эътирозоте карда буданд, ки бо бархӯрди пулис мувоҷеҳ мешаванд, дар мавриди тазоҳуроти эътирозии ин гурӯҳи сиёсӣ дар Порис гуфт: “Аз субҳ ва пеш аз вуруди Раҳмон ба Кохи Элизе, мухолифон дар муқобили он таҷаммӯъ карда ва эътирозоти худро нисбат ба ҳузури Эмомалӣ Раҳмон эълом доштанд. Мо бародаронро дар чанд гурӯҳ тақсим кардем, ки дар атрофи қаср таҷаммӯоти эътирозӣ шакл бигирад. Як гурӯҳ низ аз бародаронамон аз Олмон омаданд.”

Салмон Холиқов, яке дигар аз аъзои Гурӯҳи 24 меафзояд: “Нуктаи дигар, сатҳи амниятии ҳузури Раҳмон дар Фаронса аст. Тамоми кӯчаҳои мунтаҳӣ ба Кохи Элизе масдуд шуда ва нерӯҳои амниятӣ ва пулис бо шумори бисёр зиёде ҳузур доранд. Дар маҳалли вуруди Раҳмон мо шоҳид будем, ки тими амниятии Фаронса ба теъдоди зиёде либосҳои мушобеҳи либоси Эмомалӣ Раҳмон пӯшида буданд, то шиносоии вай дар миёни ҷамъият душвортар шавад. Ҳамчунин мо шоҳид ҳастем, ки ҳатто барои шахсиятҳои сиёсии барҷастаи дунё ҳамчун Владимир Путин ҳам фазои амниятӣ инчунин сахту шадид намешуд.”

Масъалаи дигаре, ки дар ҳошияи сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон ба Урупо дар мавриди Гурӯҳи 24 сурат гирифтааст, даргирии физикӣ миёни тими ҳифозатии вай ва мӯътаризон аст. Ин даргирии физикӣ дар ҳошияи вуруди Раҳмон ба ҷаласае бо фаъолони иқтисодии фаронсавӣ рӯй дод. Бо ин ҳол, пас аз ҳузури мухолифон дар маҳалли ҷаласа барои эътироз, мушаххас шуд, ки тими ҳифозатии Раҳмон маҳалли ҷаласаро тағйир додаанд. Бо ин ҳол, замоне, ки мӯътаризони Гурӯҳи 24 аз маҳалли ҷаласа огоҳ шуданд ва ҳангоми вуруди Раҳмон ба маҳалли ҷаласа шиорҳое алайҳи вай сар доданд, тими ҳифозатии ӯ бо мӯътаризон даргир шуда ва задухӯрде рӯй дод.

Салмон Холиқов ҳамчунин дар ин замина мегӯяд: “Раҳмон ҳаргиз таваққӯъ надошт, ки касе ӯро баъд аз он ки маҳалли ҷаласаро тағйир дода буд, ғофилгир кунад. Муҳим он буд, ки он макон пайдо шуд ва он суханоне, ки бояд аз забони миллат шунида мешудро шуниданд. Баъд аз ҳамлаи муҳофизон низ мардонавор задухӯрд кардем. Ҳодиса аз соати 19 тақрибан то соати 23 идома ёфт. Баъд аз дахолати пулис боз ҳам пофишорӣ кардем, ки мо биноро тарк мекунем. Билохира Раҳмонро на аз назди мо, балки аз роҳи дигар хориҷ карданд.”

Ризоӣ, масъули равобити хориҷии Гурӯҳи 24 дар ин замина меафзояд: “Дар Урупо ҳамла кардан ва задухӯрди физикӣ паёмадҳое дорад. Вақте ҳам, ки ин задухӯрд аз сӯи як намояндаи расмӣ сурат мегирад, хеле сангинтар мешавад. Расонаҳои фаронсавӣ ҳам имрӯз дар тамос баромаданд ва қазияи дирӯзро комилан пайгир ҳастанд. Мо ҳам бо як вакили ботаҷриба сӯҳбат кардем ва иҷоза намедиҳем, ки ин қазия ба оромӣ бигузарад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: