Перейти к содержимому

2 ҳафта пас аз марги Абӯбакри Бағдодӣ, фарзанди Тоҳир Юлдош дар Афғонистон чӣ мекунад?

Манобеи хабарӣ аз ҳузури хонаводаи раҳбари собиқи Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон дар шимоли Афғонистон ва шурӯи бархе таҳаррукоти теруристӣ дар ин манотиқ хабар медиҳанд.

Ҳудуди ду ҳафта аз эъломи хабари марги Абӯбакри Бағдодӣ — саркардаи гурӯҳи теруристии ДОЪИШ дар манотиқи шимолии Сурия ва ҳамчунин эъломи фарди ҷойгузини вай мегузарад, ки гумоназаниҳое дар мавриди идомаи ҳаёти ин гурӯҳ дар нуқоти мухталифи ҷаҳон сурат гирифтааст.

Шояд яке аз муҳимтарин маконҳое, ки барои идомаи ҳаёти ДОЪИШ аз он ном бурда мешавад, Афғонистон бошад, ки ин мавзӯъ худ далоили мутаъаддид ва мухталифе дорад, ки баҳс дар мавриди ҳамаи абъоди он дар ин маҷол намегунҷад.

Таҳаввулоти марбут ба фаъолияти ДОЪИШ дар Афғонистон бо фарозу нишебҳои зиёде ҳамроҳ буда ва то кунун раҳбарони фаровоне аз ин гурӯҳ дар Афғонистон бурузу зуҳур дошта ва пас аз муддати андаке ё кушта шудаанд ё фарди дигаре ба унвони раҳбари ин гурӯҳи теруристӣ дар Афғонистон фаъолияти худро оғоз кардааст.

Омилҳои пушти пардаи бурузу зуҳури ДОЪИШ дар Афғонистон дар ибтидо саъй доштанд бо эҷоди иншиъоб дар гурӯҳи Толибон, бахше аз баданаи раҳбарии онро ҷудо карда ва бо теъдоде аз баданаи низомии он, онҳоро ба унвони ДОЪИШ-и Афғонистон муаррифӣ карда ва аз ин гурӯҳ ва афрод барои найл ба аҳдофи худ истифода кунанд.

Дар мароҳиле ин иттифоқ ҳам ба вуқӯъ пайваст ва бархе аз раҳбарон ва аъзои аршади собиқи Толибон, ки ба далоили мухталифе аз ин гурӯҳ ҷудо шуда ва касбу коре ҷуз ҷанг надоштанд, мавқеиятро муносиб дида ва бо иртибот бо сафорати Омрико ва Арабистони Саудӣ дар Кобул тамоми талоши худро ба кор бастанд, то ДОЪИШ-и Афғонистонро шакл диҳанд.

Абдурразоқ Мансур Маҳдӣ, Мулло Нангёлӣ ва Мансур Додуллоҳ аз ҷумлаи ин афрод буданд, ки тавонистанд бо ҷалби ҳимоятҳои молӣ ва низомии омрикоиҳо ва саудиҳо ва бо бархе ҳамоҳангиҳо дар дохили ҳукумати Афғонистон, парчамдори ҳузури ДОЪИШ дар Афғонистон шаванд.

Ин мавзӯъ ба мазоқи Толибон хуш наомад. Толибон билофосила муборизаи аланӣ бо ин гурӯҳ ва афродро оғоз кард ва тавонист дар муддати кӯтоҳе тақрибан ҳамаи онҳо ва афродашонро аз байн бибарад. Ҳоло дигар касе ҷуръати пайвастан ба ДОЪИШ-ро надошт ва афроди вобаста ба Толибон ҳам илова бар пирӯзиҳои ин гурӯҳ дар баробари Омрико, ҳоло бо комёбии раҳбаронашон дар муқобили ДОЪИШ ҳам мувоҷеҳ шуда ва беш аз пеш худро вобаста ба гурӯҳи Толибон медонистанд.

Дигар, имкони ёргирӣ аз баданаи Толибон барои ДОЪИШ вуҷуд надошт, дар ин мақтаъ буд, ки “План В” барои омилҳои пушти пардаи ташкили ДОЪИШ дар Афғонистон калид хӯрд ва он ҳам истифода аз боқимондаҳои Алқоъида ва соири гурӯҳҳои ба истилоҳ “ҷиҳодӣ”-и хориҷӣ дар Афғонистон буд. Афроде, ки пас аз хуруҷ аз Афғонистон ва адами имкони ҳузур дар кишварҳояшон, озими манотиқи қабоилӣ дар Покистон шуда буданд. Ӯзбакҳо, тоҷикҳо, чеченҳо, арабафғонҳо, уйғурҳои Чин ва даҳҳо миллияти дигар, дар миёни афроди гурӯҳҳои теруристӣ ҳузур доштанд, ки солҳо дар манотиқи қабоилии Покистон зиндагӣ мекарданд. Бисёре аз ин афрод ҳамзамон бо шурӯи набардҳо дар Ироқ ва Сурия, барои пайвастан ба ДОЪИШ ва ё Алқоъида озими Шому Ироқ шуданд ва бархе дигар ҳамчунон дар Покистон боқӣ монданд.

Боқимондаи афроди ин гурӯҳҳои ба истилоҳ “ҷиҳодӣ”, аносури матлуб барои созмондиҳандагони ДОЪИШ дар Афғонистон буданд.

Бар асоси эъломи манобеи маҳаллӣ дар Афғонистон дар тӯли чанд рӯз, чанд ҳазор нафар аз ин афрод бо худравҳои зиреҳии нерӯҳои хориҷӣ бавежа омрикоиҳо вориди хоки Афғонистон шуда ва билофосила бо болгард ба манотиқи мухталифи ин кишвар аз ҷумла шимолу ғарби Афғонистон мунтақил шуданд. Онҳо илова бар маъмурияти дохилиашон дар Афғонистон, ба дунболи ноамнсозии марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ буданд.

Гурӯҳи Толибон дубора вориди майдони набард бо ДОЪИШ шуданд ва даргириҳои ҷиддӣ ва тӯлонимуддате миёни ин ду гурӯҳ дар манотиқи мухталифи Афғонистон аз ҷумла дар вилоятҳои Ҳирот, Форёб ва Нангарҳор ба вуқӯъ пайваст, ки дар ин даргириҳо бисёре аз ҷангҷӯёни чандмиллиятии ДОЪИШ кушта ва теъдоди зиёде аз онҳо низ ба асорати гурӯҳи Толибон даромаданд, ки бархе аз ҷиддитарин фармондеҳони хориҷии ДОЪИШ, ки дар асорати Толибон буданд, дар амалиёти нерӯҳои омрикоӣ озод ва ба минтақае амн дар наздикии пойгоҳи Багром мунтақил шуданд.

Ин мавзӯъ нишон медод, ки саудиҳо ва омрикоиҳо бар рӯи ҷангҷӯёни хориҷӣ ва ғайриафғонистонии ДОЪИШ ҳисоби ҷиддӣ боз кардаанд ва қасд доранд дар тӯлонимуддат аз ин зарфият ба нафъи аҳдофи худ истифода кунанд ва ҳамин мавзӯъ ҳам боис шуд, то омрикоиҳо бо кӯмаки бархе кишварҳо аз ҷумла Туркия, боқимондаҳои ДОЪИШ-ро аз тариқҳои мухталиф ба Афғонистон мунтақил кунанд.

Ҳоло ҳудуди беш аз ду ҳафта аз марги Абӯбакри Бағдодӣ мегузарад ва иддае ингуна таҳлил мекарданд, ки бо марги ӯ, ин гурӯҳ уфти шадиде дар амалиёти худ хоҳад дошт. Аз ҷумла ин ки таҳлил шуд дар манотиқи дигар аз ҷумла Афғонистон ва ҷануби шарқи Осиё ДОЪИШ фаъолияташро мутаваққиф хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол аст, ки сару каллаи хонаводаи Тоҳир Юлдош дар шимоли Афғонистон пайдо мешавад.

Тоҳир Юлдош аз раҳбарони қудратманди гурӯҳи теруристии Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон буд, ки пас аз муддатҳо фаъолияти ба истилоҳ “ҷиҳодӣ”, дар ҳамлае дар наздикии марзи Афғонистон ва Покистон кушта шуд. Чанд сол аз марги вай мегузарад ва то кунун радди пойе аз хонаводаи вай вуҷуд надошт.

Акнун манобеи Толибон ва манобеи маҳаллӣ дар шимоли Афғонистон мегӯянд, фарзанди Тоҳир Юлдош ба ҳамроҳи бархе дигар аз афроди хонаводаи вай озими шимоли Афғонистон дар наздикии марзҳои Осиёи Марказӣ шуда ва дар ҳоли сару сомон додан ба фаъолияти аъзои Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон ҳастанд.

Ҳамзамон волии Форёб дар нишасти хабарие эълом кардааст, ки бо вуруди хонаводаи Тоҳир Юлдош ба шимоли Афғонистон, фаъолияти гурӯҳҳое бо парчами сиёҳ ва ба таъбири ӯ, ДОЪИШ, дар ин вилоят шакле ҷиддӣ ба худ гирифта ва дар бархе манотиқ фаъолияти расмии онҳо оғоз шудааст. Вай саъй дошт, фаъолияти Ҳаракати Исломии Ӯзбакистонро ба ҳамроҳии онҳо бо Толибон муртабит созад, ки хабаре дигар аз роҳ расид.

Афроди наздик ба фармондеҳон ва раҳбарони Толибон дар шимоли Афғонистон эълом карданд, ки хонавода ва фарзанди Тоҳир Юлдош тавассути Толибон асир шуда ва фаъолияти теруристии онҳо дар шимоли Афғонистон ҳолате ниматаътил ба худ гирифтааст.

Ба назар мерасад, ҳомиёни ташкили ДОЪИШ дар Афғонистон акнун бо истифода аз бунгоҳҳои расонаии худ саъй доранд ҳаёти ин гурӯҳ дар Афғонистонро фарёд зада ва пас аз марги Бағдодӣ нагузоранд фаъолияти онҳо дар Афғонистон бо хадша рӯ ба рӯ шавад.

Ҳузури хонадони Тоҳир Юлдош дар Афғонистон маънояш ин аст, ки гурӯҳҳои теруристии хориҷӣ дар Афғонистон акнун бо тамоми қувва вориди майдон шуда ва ҳар кадом мехоҳанд парчамдори ҳаёти ҷадиди теруристҳои хориҷӣ дар ин кишвар бошанд.

Дар ин бора нигарониҳои ҷиддӣ аз сӯи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, Чин ва Русия вуҷуд дорад ва борҳо дар бораи амнияти марзҳои худ ба давлати Афғонистон ҳушдорҳое додаанд.

Теруристҳои чандмиллиятии ҳозир дар Афғонистон, ки акнун бо барномарезии омрикоиҳо дар ҳоли ташкили хилофати ҷадид ва навпо ҳастанд, ба шиддат метавонанд бар амнияти минтақаӣ таъсиргузор буда ва онро бо чолиш мувоҷеҳ кунанд.

Tasnimnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: