Перейти к содержимому

Амир Насри Сомонӣ ва муаллим

Амир Насри Сомонӣ (яке аз амирони Оли Сомон, ки аз соли 301 то 331 ҳ.қ. салтанат кардааст) дар айёми кӯдакӣ муаллиме дошт, ки Амир назди ӯ Қуръон мехонд, вале аз ноҳияи ин муаллим кутаки бисёре хӯрда буд. (Дар куҳан муаллимон шогирдони худро танбеҳи баданӣ мекарданд). Амир Наср кинаи муаллимро ба дил гирифта буд ва бо худ мегуфт: ҳар гоҳ ба мақоми подшоҳӣ бирасам, интиқоми худро аз ӯ мегирам.

Вақте Амир Наср ба подшоҳӣ расид, як шаб ба ёди муаллимаш афтод ва дар бораи чигунагии интиқом аз ӯ андешид, то ин ки тарҳе ба назараш расид ва онро чунин иҷро кард: ба хидматкори худ гуфт:

— Бирав дар боғи русто чӯбе аз дарахти беҳ (ҳамон биҳӣ) бигир ва биёвар.

Хидматкор рафт ва чунон чӯберо назди Амир Наср овард ва Амир ба хидматкори дигараш гуфт:

— Ту низ бирав он муаллимро эҳзор кун ва ба инҷо биёвар.

Хидматкор назди муаллим омад ва паёми Амирро ба ӯ иблоғ кард. Муаллим ҳамроҳи ӯ ҳаракат кард, то назди Амир Наср биёяд. Муаллим дар масири роҳ аз хидматкор пурсид:

— Сабаби эҳзори ман чӣ бошад?

Хидматкор ҷараёнро нақл кард ва муаллим донист, ки Амир Наср дар садади интиқом аст. Дар масири роҳ ба мағозаи мевафурӯшӣ расид, пуле дод ва як меваи беҳ (биҳӣ) харид ва онро дар миёни остинаш пинҳон кард.

Ҳангоме ки назди Амир Наср омад, дид дар дасти Амир чӯбе аз дарахти беҳ ҳаст ва онро баланд мекунад ва такон медиҳад.

Ҳамин ки чашми Амир Наср ба муаллим афтод, хитоб ба ӯ гуфт:

— Аз ин чӯб чӣ хотирае дар ёд дорӣ? (Оё медонӣ, бо чунин чӯбе дар айёми кӯдакии ман, бо ман чӣ мекардӣ?)

Дар ҳамон дам муаллим даст дар остини худ кард ва он меваи беҳро берун овард ва ба Амир Наср нишон дод ва гуфт:

— Умри подшоҳ мустадом бод! Ин меваи ба ин латифӣ ва шодобӣ аз он чӯб ба даст омадааст. (Яъне бар асари чӯбу тарбияти муаллим, шахсе ба монанди шумо фарде барҷаста ба вуҷуд омадааст).

Амир Наср аз ин посухи ҷолиб бисёр масруру шодмон шуд, муаллимро дар оғӯши муҳаббати худ гирифт, ҷоизаи бузурге ба ӯ дод ва барои ӯ ҳуқуқи моҳиёна таъйин кард, ба тавре ки зиндагии муаллим то охири умр дар хушӣ ва шодобӣ гузашт.

(Манбаъ: “Ҷавомеъул-ҳикоёт”, Муҳаммад Авфӣ, нақл ба мазмун)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: