Перейти к содержимому

Гузидае аз суханони Паёмбари Акрам (с)

* Худо зебост ва зебоиро дӯст дорад.

* Худо онро, ки дар дуо исрор варзад, дӯст дорад.

* Худо мардуми нексират ва гумноми парҳезгорро дӯст дорад.

* Худо мӯъмини косибро дӯст дорад.

* Худо дили андӯҳнокро дӯст дорад (дар сурате ки андӯҳаш барои кори лағв ва гуноҳ набошад).

* Худо корҳои некӯ ва шарифро дӯст дорад ва умури паст ва беарзишро хуш надорад.

* Худо дӯст дорад, аз ҳалоли ӯ истифода кунанд, чунон ки дӯст дорад, ҳаромро вогузоранд.

* Худо барои мусалмон ғаюр аст, ӯ ҳам бояд ғайратманд бошад.

* Худо гоҳе ин динро ба дасти марди бедине таъйид мекунад.

* Худо ҳаё мекунад, дастеро, ки ба ҷониби Ӯ бардоштаанд, холӣ баргардонад.

* Ҳар чӣ фарзанди Одам пиртар мешавад, ду сифат дар ӯ ҷавонтар мегардад: ҳирс ва орзу.

* Ду гурӯҳ аз уммати ман ҳастанд, ки агар салоҳ биёбанд, уммат салоҳ меёбад ва агар фосид шаванд, уммати ман фосид мешавад: уламо ва ҳукком.

* Наметавон ҳамаро ба мол розӣ кард, аммо ба ҳусни хулқ метавон.

* Нодорӣ балост, аз он бадтар бемории тан, ва аз бемории тан душвортар, бемории дил.

* Мӯъмин ҳамвора дар ҷустуҷӯи ҳикмат аст.

* Мусалмон касе аст, ки мусалмонон аз дасту забони ӯ дар осойиш бошанд.

* Дар рафтор бо занон, аз Худо битарсед, ва он чӣ дар бораи онон шояд, аз некӣ дареғ нанамоед.

* Парвардигори ҳама якест, ва падари ҳама яке, ҳама фарзанди одамизод ва Одам аз хок аст.

* Аз лаҷоҷат бипарҳезед, ки ангезаи он, нодонӣ ва ҳосили он, пушаймонӣ аст.

* Бадтарини мардум касе аст, ки гуноҳро набахшад ва аз лағзиш чашм напӯшад, ва боз аз ӯ бадтар касе аст, ки мардум аз газанди ӯ дар амон ва ба некии ӯ умедвор набошанд.

* Чун туро ситойиш кунанд, бигӯ: эй Худо! Маро беҳтар аз он чӣ гумон доранд бисоз ва он чиро аз ман намедонанд, бар ман бибахш, ва маро масъули он чӣ мегӯянд, қарор мадеҳ!

* Субҳу шоме бар мӯъмин намегузарад, магар он ки бар худ гумони хато бибарад.

* Диловартарини мардум он аст, ки бар ҳавои нафс ғолиб ояд.

* (Ҳеч) мусалмонеро натарсонед; зеро тарсондани мусалмон зулме аст бузург.

* Ба дурустӣ бадтарин (фард аз миёни) мардум дар рӯзи қиёмат касе аст, ки мардум аз тарси баддаҳонии ӯ, аз вай фосила бигиранд.

* Ҳар ки гуноҳе ва хоҳиши ҳароме ӯро пеш ояд ва аз тарси Худо онро тарк намояд, Ҳақ Таъоло ҷаҳаннамро бар ӯ ҳаром гардонад ва ӯро аз тарси бузурги қиёмат эман гардонад.

* Бадтарини уммати ман касоне ҳастанд, ки мардум эшонро гиромӣ медоранд аз тарси бадии эшон. Ба дурустӣ, ки аз ман нест ҳар ки чунин бошад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: