Перейти к содержимому

Ду ҳикоят аз Маснавӣ

Ихтиёр аст, ихтиёр аст, ихтиёр

Азамат ва бузургии Мавлоно яке дар ин аст, ки ӯ тавониста бо ҳикоёту достонҳои гоҳе хиёлӣ, матолиби печидаи фалсафиро баён карда ва дар ихтиёри хонанда қарор бидиҳад. Дар замони вай (ва ҳатто дар даврони мо) мусалмононе ҳастанд мӯътақид ба ҷабргароӣ. Яъне боварашон ин буда ва ҳаст, ки инсон дар корҳое, ки аз ӯ содир мешавад, аз худ ҳеч ихтиёре надорад ва ҳама ба дасти Худо анҷом мегиранд.

Фалосифа ва мутакаллимони барҷастае барои исботи пучии ин бовар камар бастаанд ва китобҳое навиштаанд, ки ҷуз хавосс касе аз он навиштаҳо чизе сар дарнамеёварад. Аммо Мавлонои бузург ҳамон матолиби печидаро бо як достон ва ҳикоят тавзеҳ додааст. Дар як достоне кӯтоҳ дар Маснавӣ меоварад:

Марде дар як боғ дарахти хурморо такон медод ва бар замин мерехт. Соҳиби боғ омад ва гуфт:

— Эй марди аҳмақ! Чаро ин корро мекунӣ?

Дузд гуфт:

— Чӣ ишколе дорад? Бандаи Худо аз боғи Худо хурмоеро бихӯрд ва бибурд, ки Худо ба ӯ рӯзӣ кардааст. Чаро бар суфраи густардаи неъматҳои Худованд ҳасодат мекунӣ?

Соҳиби боғ ба ғуломаш дастур фармуд, то таноберо биёварад. Вақте овард, соҳиби боғ дуздро гирифт ва муҳкам бар дарахт баст ва бо чӯб бар соқи по ва пушти ӯ зад. Дузд фарёд баровард:

— Аз Худо шарм кун, чаро мезанӣ?

Соҳиби боғ гуфт:

— Ин бандаи Худо бо чӯби Худо дар боғи Худо бар пушти як бандаи Худо мезанад. Ман иродае надорам. Кор кори Худост.

Дузд, ки ба ҷабр эътиқод дошт, гуфт:

— Ман эътиқод ба ҷабрро тарк кардам, ту рост мегӯӣ эй марди бузурвор! Назан! Бар ҷаҳон ҷабр ҳоким нест, балки ихтиёр аст, ихтиёр аст, ихтиёр!

Он яке мерафт болои дарахт,

Мефишонд он меваро дуздона сахт.

Соҳиби боғ омаду гуфт: эй данӣ!

Аз Худо шармет ку? Чӣ мекунӣ?

Гуфт: аз боғи Худо бандай Худо,

Гар хурад хурмо, ки Ҳақ кардаш ато.

Омиёна чӣ маломат мекунӣ?

Бухл бар хони Худованди ғанӣ?

Гуфт: эй айбак, биёвар он расан,

То нагӯям ман ҷавоби булҳасан.

Пас бибасташ сахт он дам бар дарахт,

Мезад ӯ бар пушту соқаш чӯб сахт.

Гуфт: охир аз Худо шарме бидор,

Мекушӣ ин бегунаҳро зор-зор.

Гуфт: аз чӯби Худо ин бандааш

Мезанад бар пушти дигар банда хваш.

Чӯби Ҳаққу пушту паҳлӯ они ӯ,

Ман ғулому олати фармони ӯ.

Гуфт: тавба кардам аз ҷабр, эй аёр!

Ихтиёр аст, ихтиёр аст, ихтиёр.

* * *

Тарси мустақбал куну мозӣ нигар

Ҷазирае буд сарсабзу пуралаф, ки гове дар он зиндагӣ мекард. Ҳар рӯз аз субҳ то шаб алафи саҳроро мехӯрд ва чоқу фарбеҳ мешуд. Ҳангоми шаб, ки вақти истироҳат аст, яксара дар ғами фардо буд, ки оё фардо чизе барои хӯрдан пайдо хоҳам кард?

Гов аз ин ғусса то субҳ ранҷ мебурд ва намехобид ва мисли мӯй лоғар ва борик мешуд. Субҳ, ки саҳро сабзу хуррам ва аз алафҳо пур ва то камари гов мерасид, дубора бо иштиҳо ба чаридан машғул ва то шаб мехӯрд ва чоқу фарбеҳ мешуд. Аммо боз шабонгоҳ аз тарси ин ки фардо алаф барои хӯрдан пайдо мекунад ё на, лоғар ва борик мешуд.

Солиёни сол кори гов ҳамин буд. Аммо ӯ ҳеч вақт бо худ фикр намекард, ки ман солҳост аз ин алафзор мехӯрам ва алаф ҳамеша ҳаст ва тамом намешавад, пас чаро ғамнок бошам?!

Як ҷазирай сабз ҳаст андар ҷаҳон,

Андар ӯ говест танҳо хушдаҳон.

Ҷумла саҳроро чарад ӯ то ба шаб,

То шавад зафту азиму мунтаҷаб.

Шаб зи андеша, ки фардо чӣ х(в)арам?

Гардад ӯ чун тори мӯ лоғар зи ғам.

Чун барояд субҳ, гардад сабз дашт,

То миён руста қасили сабзу кашт.

Андарафтад гов бо ҷуъулбақар,

То ба шаб онро чарад ӯ сар ба сар.

Боз зафту фарбеҳу ламтур шавад,

Он танаш аз пиҳу қувват пур шавад.

Боз шаб андар таб афтад аз фазаъ,

То шавад лоғар зи хавфи мунтаҷаъ.

Ки чӣ хоҳам хӯрд фардо вақти х(в)ар?

Солҳо ин аст кори он бақар.

Ҳеч нандешад, ки чандин сол ман

Мехӯрам з-ин сабзазору з-ин чаман.

Ҳеч рӯзе кам наёмад рӯзиам,

Чист ин тарсу ғаму дилсӯзиам?

Боз чун шаб мешавад, он гови зафт

Мешавад лоғар, ки о ваҳ! Ризқ рафт.

* * *

Паёме, ки Мавлоно Балхӣ мехоҳад бо ин ҳикоят бароямон бирасонад ин аст:

Нафс он гов асту он дашт ин ҷаҳон,

К-ӯ ҳаме лоғар шавад аз хавфи нон.

Ки чӣ хоҳам хӯрд мустақбал? Аҷаб!

Лути фардо аз куҷо созам талаб?

Солҳо хӯрдиву кам н-омад зи х(в)ар,

Тарси мустақбал куну мозӣ нигар.

Луту пути хӯрдаро ҳам ёд ор,

Мангар андар ғобиру кам бош зор.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: