Перейти к содержимому

Конфронси ваҳдати исломӣ бо ҳузури 350 донишманд аз 90 кишвар дар Теҳрон баргузор мешавад

Дабири кулли Маҷмаи тақриби мазоҳиби исломӣ, аз баргузории 33-юмин Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ бо ҳузури 350 нухбаи исломӣ аз беш аз 90 кишвари ҷаҳон дар рӯзҳои 23 то 25 обонмоҳ (14 то 16 ноябр) хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Мӯҳсини Арокӣ, дабири кулли Маҷмаи тақриби мазоҳиби исломӣ, ба муносибати оғози ҳафтаи ваҳдат дар як нишасти хабарӣ изҳор дошт: “Имрӯз метавонем бигӯем, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон маркази аслии ваҳдати ҷаҳони ислом аст ва қалби тапандаи он ниҳодҳое ҳамчун Маҷмаи тақриби мазоҳиби исломӣ аст, ки муваффақ шуда дар баробари ҷараёни такфир ва оташафрӯзиҳои он ба пирӯзӣ даст ёбад.”

Арокӣ идома дод: “Ҷумҳури Исломӣ тавонистааст такфирро аз майдон хориҷ кунад ба тавре, ки имрӯз гуфтумони такфир шикаст хӯрдааст ва дигар ниёзе ба исботи хилофи виҷдон ва ҷомеаи башарӣ будани он вуҷуд надорад. Зеро ҷомеаи башарӣ имрӯз ин ҳақоиқро дарк кардааст ва ин як дастоварди бузург аст.”

Дабири кулли Маҷмаи тақриби мазоҳиби исломӣ бо баёни ин ки дастоварди дигар густариши гуфтумони ваҳдат ба сурати ҷиддӣ, майдонӣ ва амалиётӣ дар ҷаҳони ислом аст, тасреҳ кард: “Имрӯз ҷараёни ваҳдат шиор нест ва дар сар то сари дунё аз Андунезӣ гирифта то Мағриб ва Муритониё ва шимолу ҷануби ислом ин ҷараён ҳузури айнӣ ва майдонӣ дорад.”

Вай афзуд: “Ҷараёни муқовимат, ки ҷилваи бузурги ваҳдати исломӣ аст, имрӯз дар миёни ҷавонони ислом густурдатарин пойгоҳро дорад. Ва агар ба мо иҷоза медоданд дар Маккаи Мукаррама, ки пойтахти ҷаҳони ислом ва нуқтаи оғози даъват аст ҷавонони ин ҷабҳаро ҷамъ мекардем, таҷаммӯъи даҳҳо милюнӣ мешуд, ки якпорча муқовиматро фарёд мезананд ва омодагии худро барои ҷонфишонӣ дар роҳи дифоъ аз ислом, Масҷидулақсо, Фаластин ва дигар мазлумони ислом эълом мекарданд.”

Арокӣ афзуд: “Омрико метавонад ин имтиҳонро амалӣ кунад ва ба дастнишондаҳои худ дар Арабистон иҷоза диҳад, то мо ин фарохони саросариро анҷом диҳем, то ҷавонон таҷаммӯъ кунанд ва қавл медиҳем даҳҳо милюн ҷавони тарафдори муқовимат ва парчамдори ваҳдати ҷаҳони ислом гирд хоҳанд омад, ва ин беҳтарин нишон аз пирӯзмандии ҷараёни ваҳдатгарои ислом аст.”

Дабири кулли Маҷмаи тақриби мазоҳиби исломӣ бо баёни ин ки имсол ҷавононе аз беш аз 40 кишвари ҷаҳон ба намояндагӣ аз ҷавонони ҷабҳаи муқовимат ва ваҳдат ҳузур хоҳанд дошт, тасреҳ кард: “Барпоии ин конфронс дар шароити таҳрими Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯи истикбор, ки ба гуфтаи онҳо ба сақфи ниҳоии худ расида ва ҳадафаш низ қатъи иртиботи Ҷумҳурии Исломӣ бо дигар кишварҳо буда, нишондиҳандаи он аст, ки ин таҳримҳо беасар аст ва Эрон мунзавӣ нест.”

Арокӣ афзуд: “Дар конфронси имсол 350 нухба аз 90 кишвари исломӣ ва ғайриисломӣ ҳузур хоҳанд дошт, ки ин афрод намояндаи даҳҳо ҳазор инсони дигар ҳастанд, ки шомили муовинони раисиҷумҳур, нахуствазир, муфтӣ, устоди донишгоҳ, ҷавони донишҷӯ, ҳунарманд, нависанда, шоир, аз бонувон ва оқоён ҳастанд, ки нишон медиҳад Ҷумҳурии Исломӣ ҳақиқатан маркази ҷаҳони ислом аст.”

Вай бо баёни ин ки дар тӯли 8 соли ҳузур дар Маҷмаи тақриб, бо мавҷи такфири фарогири зидди ваҳдат мувоҷеҳ шуд, тасреҳ кард: “Мо барои мубориза бо ин ҷараён беш аз 500 конфронси байналмилалӣ ва маҳаллӣ ва нишаст дар саросари ҷаҳони ислом шомили Андунезӣ, Марокаш, Ироқ, Сурия, Тунис ва ғайра баргузор кардем, ки бисёре аз ин конфронсҳо бо ҳамкории нухбагони ҳамон кишварҳо баргузор шуд.”

Арокӣ бо ишора ба имтиёзоти 33-юмин Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ гуфт: “Рӯйкарди дифоъ аз Масҷидулақсо яке аз имтиёзоти конфронси имсол аст. Ва имтиёзи баъдии он ҳузури пурранги бонувон аст, ки дар солҳои гузашта теъдоди бонувон ба сурати каммӣ ва кайфӣ қобили қиёс бо имсол нест. Ва дар ниҳоят имтиёзи севвум, ҳузури ҷавонон ва донишҷӯён аст, ки се нишасти вежа низ барои онон баргузор хоҳем кард.”

Вай бо ишора ба ҳузури раҳбарон ва шахсиятҳои барҷастаи ҷараёни муқовимат дар конфронси имсол тасреҳ кард: “Имсол аз Фаластин 70 меҳмон дорем ва аз кишвари Лубнон ва Сурия низ шахсиятҳои барҷастае ҳузур хоҳанд дошт. Ҳамчунин бино дорем аз шахсияти Оятуллоҳ Мӯҳсинӣ, аз уламои бузурги ҷаҳони ислом, ки дар кишвари Афғонистон талошҳои ваҳдатофарини бисёре доштаанд, тақдиру таҷлил кунем.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: