Перейти к содержимому

Ташаккури Фарҳод Одинаев аз ситоде, ки барои озодии ӯ таъсис шуда буд

Фарҳод Одинаев, фаъоли сиёсӣ ва фарҳангии тоҷик, пас аз озодӣ, дар гуфтугӯ бо Родию Озодӣ, бо ишора ба ин ки ҳоло дар Олмон аст, изҳор дошт: “Фақат пас аз озод шудан фаҳмидам, ки барои озод шудани ман ситод таъсис додаанд. Тасмим дорам, барои ҳамаи онҳо ва заҳматҳояшон ташаккур гӯям. Дар 42 рӯзе, ки дар боздошт будам, он қадар мактубе ба ман омад, ки дар 40 сол нагирифта будам. Фақат ҳамаи он мактубҳоро ба ман намедоданд ва танҳо онҳоеро дастрасам мекарданд, ки дар бораи вазъи сиҳҳатиам мепурсиданд. Баъди озод шудан он мактубҳоро ба ман нишон доданд. Белорусро ман кишвари ҳуқуқӣ донистам, ки маро истирдод накард. Ман ҳоло дар Олмон раводиди яксола дорам. Ҳанӯз ба як қарор наомадам, ки чӣ кор бояд кунам. Каме ба худ биоям, баъдан тасмим мегирам.”

Акс аз Родию Озодӣ

Ба гузориши пойгоҳи интернетии Родию Озодӣ, Фарҳод Одинаев, фаъоли сиёсии тоҷик, пас аз озод шудан аз боздоштгоҳе дар Белорус, барои зиндагӣ ба Олмон сафар кардааст. Ӯ 43 рӯз дар боздошт қарор дошт.

Фарҳод Одинаев рӯзи 10-уми ноябр дар сӯҳбати телефонӣ бо Родию Озодӣ гуфт, ки то лаҳзаи боздошт бовар надошт, ки дар ҷустуҷӯ қарор дорад, аз ин рӯ, дигар кишварҳои пасошӯравиро барои худ макони амн намедонад. Фарҳод Одинаевро мақомоти Белорус бо дархости расмии Тоҷикистон дастгир карданд. Ӯ дар кишвар ба ифротгароӣ муттаҳам мешавад, иттиҳоме, ки худаш рад кардааст. 11 созмони мудофеи ҳуқуқи рӯзи 7 октябр башар аз ҳукумати Белорус хостаанд, ки рӯзноманигори мустақил ва фаъоли сиёсии тоҷик Фарҳод Одинаевро ба Тоҷикистон истирдод накунад. Ин созмонҳо гуфтанд, ки дар ҳолати истирдод Одинаевро дар Тоҷикистон хатари шиканҷа ва бадрафторӣ, таҳдид мекунад.

Фарҳод Одинаев, ки рӯзи 25-уми сентябри имсол ба машварати солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар бораи ҳуқуқи инсон ба Варшав мерафт, дар гузаргоҳи марзии “Каменний Лог” дар сарҳади Литвонӣ ва Белорус дастгир шуд. Фарҳод Одинаев 42 сол дошта, зодаи ноҳияи Ҳисор аст. Соли 2013 ба ҳайси яке аз муассисони телевизиони “Сафо” дар Маскав кор кардааст, ки аз моҳи август то ноябри он сол тавонист барномаҳо таҳия кунад. Фаъолони мухолифин мегӯянд, телевизиони мустақил он сол зери фишори мақомоти тоҷик баста шуд. Родию Озодӣ бо Фарҳод Одинаев сӯҳбате анҷом дод.

Родию Озодӣ: Шуморо мақомоти тоҷик бо панҷ моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон — узвият дар гурӯҳҳои тундрав, ҷалби аъзо ба гурӯҳҳои тундрав аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, кӯмаки молӣ ба гурӯҳҳои террористӣ ва терроризм айбдор медонанд. Бо кадом далел нисбати шумо парванда боз шуда буд?

Фарҳод Одинаев: Бале, маро ба узвият дар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва «Гурӯҳи 24» айбдор мекарданд. То як сол пеш ман аз боз шудани парванда хабар надоштам. Бовар надоштам, ки таҳти пайгард қарор дорам. Пас аз боздошт вақте аз Додситонии кулли Тоҷикистон ба додситонии Белорус санад равон карданд, огоҳ шудам, ки ба чӣ айбдор мешавам. Аз он айбҳо ҳайрон шудам, чунки ҳеч гоҳ ман узви «Гурӯҳи 24» набудам. Далелҳо равшан набуд. Танҳо далел ин буд, ки гуё касе аз «Гурӯҳи 24» ба Тоҷикистон баргаштааст ва шоҳидӣ додааст. Ин тӯҳмати беасос буд. Дуруст аст, ки то сентябри соли 2015 узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон будам.

Ба ҳамагон маълум аст, ки баъди мамнӯъ шудани ҳизб мо дар Русия зиндагӣ мекардем ва шаҳрвандии ин кишварро доштем, фаъолияти худро манъ кардем ва эълон кардем. Моро касе маҷбур накарда буд, мо худамон омада дар сафорат аризаҳои даст кашидан аз ҳаракатҳои сиёсиро супурдем. Метавонистем хомӯш бошем, вале вақте, ки наҳзат ҳаққи фаъолияти ҳуқуқӣ надошт, мо бо ихтиёри худамон даст кашидем. Гуфтем, ҳар вақте вазъ дигар шуд, баъд фикр мекунем. Кормандони сафорат огоҳ буданд. Аз 2015 то 2018 чизе набуд. Ҳатто моҳи марти 2019 дар ҷашни наврӯзии ташкилкардаи сафорат иштирок карда будем. Он ҷо ҳеч гапе набуд. Ин айбнома аз куҷо пайдо шуд, барои ман муаммо аст.

Родию Озодӣ: Агар шумо ҳеч фаъолият надоштед, пас иттиҳоми «даъват барои шомил шудан ба гурӯҳҳои тундрав дар шабакаҳои иҷтимоӣ» аз куҷо пайдо шуд? Маъмулан, мақомот далеле пешниҳод мекунанд, хоҳ шумо онро эътироф кунед, хоҳ не.

Фарҳод Одинаев: Фикр мекунам, ки далеле вуҷуд надошт ва фақат ин бандро рӯбардор карда буданд. Кай, дар куҷо, ман касеро даъват карда бошам, далел вуҷуд надошт. Агар нафаре шоҳидӣ дода бошад, пас он ҳам бояд далел дошта бошад. Агар аъзои «Гурӯҳи 24» мешудам, ҳатман ҷое аз онҳо пуштибонӣ мекунам. Баръакс, бисёриҳо медонанд, ки аз нигоҳи идеулужӣ мо бо ин гурӯҳ мухолиф ҳастем. Ягон вақт ман тарафдори табаддулот набудам. Ҳатто вақте фаъолиятҳои сиёсӣ мекардем, дӯстонро даъват мекардем, ки дар зиндагии сиёсӣ фаъол бошед.

Дар интихоботҳо иштирок кунед, бо ин роҳ мехостем, ҷомеаи шаҳрвандиро ободу озод кунем. Соли 2013 вақте бо гурӯҳе аз муҳоҷирон дар Русия телевизиони «Сафо»-ро боз кардем, он ҳам ба хотири рушди демукросӣ дар Тоҷикистон буд. Соли 2013 мо ҳис кардем, ки дар фазои маҳвораӣ ягон телевизион надорем ва ин сабаб шуд, ки тасмим гирифтем, телевизион таъсис диҳем. Агар фаъолиятҳои мо дар ин телевизионро дар назар дошта бошанд, пас чаро то соли 2018 иттиҳоме набуд ва соли 2019 пайдо шуданд.

Родию Озодӣ: Бори охир кай ба Тоҷикистон сафар доштед?

Фарҳод Одинаев: Аз соли 2014 то ҳол ба Тоҷикистон нарафтаам.

Родию Озодӣ: Агар шумо худро гунаҳкор намедонистед ва то соли 2018 ба зидди шумо парванда вуҷуд надошт, чаро аз сафар ба Тоҷикистон ҳарос доштед?

Фарҳод Одинаев: Аз рӯйи санадҳое, ки ба Белорус фиристоданд, моҳи декабри соли 2018 ба зидди ман парванда боз шудааст ва дар ҷустуҷӯ қарор гирифтам. Ман аз рафтан ба Тоҷикистон ҳарос надоштам, вале аз соли 1999 дар Русия зиндагӣ мекунам ва аз соли 2013 хонаводаам низ ба Русия омада буд. Рости вазъияти оилавӣ чунин буд, ки ҳамсарам дуюним сол дар шифохона буд. Дигар аз қафои зиндагӣ будем ва фарзандонро гузошта рафтан имкон надошт. Баъди соли 2015, ки ҳизби наҳзат ғайриқонунӣ шуд, ростӣ, як эҳтиёткорӣ ҳам пайдо шуд.

Родию Озодӣ: Дар шабакаҳои иҷтимоӣ кори шумо дар телевизиони «Сафо» интиқод мешуд. Мунтақидон мегуфтанд, ки он бо пули Эрон сохта шудааст.

Фарҳод Одинаев: Борҳо гуфтам, ки агар Эрон ва ё шахсияти пулдоре телевизиони моро маблағгузорӣ мекард, телевизиони мо ҳамагӣ чор моҳ кор намекард. Сабаби кам будани маблағ буд, ки мо натавонистем, ки кор кунем. Танҳо мо як гурӯҳ муҳоҷирон хостем, ки телевизион таъсис диҳем ва пушти он касе ё гуруҳе набуд.

Родию Озодӣ: Албатта, барои таъсиси телевизион маблағе лозим аст, ки муҳоҷири оддӣ дар Русия надорад. Шумо чӣ қадар маблағ барои таъсис он сафар кардед?

Фарҳод Одинаев: Мо телевизионро яку якбора таъсис надодем. Таъсиси он тақрибан як сол давом кард. Қисм-қисм мо пул сарф кардем ва барои ҳамин дар хотирам нест, ки дар умум чӣ қадар маблағ сарф шудааст. Бисёриҳо фикр мекунанд, ки мо пули калоне сарф кардаем, аммо ин тавр нест. Агар аҳамият дода бошед, телевизиони мо аз нигоҳи техникӣ ва барномаҳо бой набуд, яъне маълум буд, ки маблағи зиёд сарф нашудааст. Телевизиони оддии як гурӯҳ муҳоҷирон буд. Моро на ягон кишвар ва касе маблағгузорӣ накардааст.

Родию Озодӣ: Феълан, дар куҷо ҳастед?

Фарҳод Одинаев: Ҳоло дар Олмон ҳастам ва ба хабаргирии хоҳарбузургам омадам. Фақат пас аз озод шудан фаҳмидам, ки барои озод шудани ман ситод таъсис додаанд. Тасмим дорам, барои ҳамаи онҳо ва заҳматҳояшон ташаккур гӯям. Дар 42 рӯзе, ки дар боздошт будам, он қадар мактубе ба ман омад, ки дар 40 сол нагирифта будам. Фақат ҳамаи он мактубҳоро ба ман намедоданд ва танҳо онҳоеро дастрасам мекарданд, ки дар бораи вазъи сиҳатиам мепурсиданд. Баъди озод шудан он мактубҳоро ба ман нишон доданд. Белорусро ман кишвари ҳуқуқӣ донистам, ки маро истирдод накард. Ман ҳоло дар Олмон раводиди яксола дорам. Ҳанӯз ба як қарор наомадам, ки чӣ кор бояд кунам. Каме ба худ биоям, баъдан тасмим мегирам.

Родию Озодӣ: Маъмулан, мақомоти Тоҷикистон афродеро, ки ба терроризму ифротгароӣ муттаҳам ҳастанд, ба кишвар даъват мекунанд ва ваъдаи афв медиҳанд. Шумо чунин даъвате гирифтед?

Фарҳод Одинаев: Ҳамеша ман бо мақомот дар тамос будам. Модарам занг мезад ва мегуфт, ки аз Вазорати умури дохилӣ ва ё Кумитаи амнияти миллӣ нафаре омадааст ва шуморо мепурсад. Лекин намегуфтанд, ки ту ҷинояткори бузург ҳастӣ ва бовар ҳам надоштам, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ ҳастам. Чун ҳамеша барои онҳо дастрас будам ва ҳар вақте лозим буд, сӯҳбат мекардам. Фақат як бор ба додарам гуфта буданд, ки бо моддаи 307 парванда дорад ва агар баргардад, афв мешавад. Лекин ман ба ин бовар надоштам. Даъватҳояшон мутақоидкунанда набуд.

Гуфтанист, мақомоти Ҷумҳурии Белорус рӯзи 6-уми ноябр ба хешовандони Фарҳод Одинаев гуфтаанд, ки дархости Тоҷикистон барои истирдоди ӯро рад карданд. Ӯро рӯзе баъд аз боздоштгоҳ раҳо шуд. Давлати Тоҷикистон солҳои ахир барои таъқиби мухолифони давлат дар хориҷ ва истифодаи Интерпол барои боздошти онҳо аз тарафи ҳомиёни ҳуқуқ бисёр танқид мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳадаф аз ин кори ҳукумат саркӯб кардани мухолифон ва «мӯҳр задан ба даҳони дигарандешону мунтақидони давлат аст».

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: