Перейти к содержимому

Ҳизби ҳоким дар Ҳинд то чӣ замоне иқдом алайҳи мусалмононро идома хоҳад дод?

Суол ин аст, ки ҳизби ҳоким дар Ҳинд то чӣ замоне иқдом алайҳи мусалмононро идома хоҳад дод? Набояд фаромӯш кунем, ки аз лиҳози ҷамъият Ҳинд севвумин кишвари бузурги мусалмоннишини ҷаҳон ба ҳисоб меояд, бо ин ҳол ба ҳуқуқи мусалмонони ин кишвар таваҷҷӯҳи хоссе намешавад. Нуктаи баъд вазифае аст, ки маҷомеи ҷаҳонӣ ба ӯҳда доранд. Кишварҳои ғарбӣ, ки барои ҳар мавзӯи кучаке баёния содир карда ва аз ҳуқуқи башар сухан мегӯянд, боз ҳам нисбат ба ҳаққи поймолшудаи мусалмонони мазлум сукут ихтиёр карда ва роҳи бетафовутӣ пеш гирифтаанд.

Парвандаи ҷанҷолии Масҷиди Бобурӣ, ки то кунун марги садҳо инсонро дар пай доштааст, саранҷом ба нуқтаи ниҳоии худ расид.

Дар ҳоле, ки ин рӯзҳо масъалаи Кашмир табдил ба бузургтарин бӯҳрони шибҳиқорраи Ҳинд шуда ва мусалмонони мазлуми ин минтақа 98 рӯз аст тавассути низомиёни ҳиндӣ дар хонаҳои худ ҳабс шудаанд, Додгоҳи олии Ҳинд дар мавриди бузургтарин ва ҷанҷолитарин парвандаи таърихи ин кишвар, тасмими ниҳоии худро эълом кард.

Бозандаи қатъии ин парванда мусалмонони Ҳинд буданд ва баранда ҳамон тавр ки пешбинӣ мешуд, ҳиндумазҳабон. Ин тасмимгирӣ, ки дар нахустин моҳҳои оғози даври дуввуми ҳукумати Мудӣ ва ҳамзамон бо ҳазфи моддаи 370 аз Қонуни Асосии Ҳинд рух додаастро наметавон беиртибот ба барномаи тазъифи мусалмонон дар Ҳинд ва ба ҳошия кашондани онҳо донист.

Масҷиди Бобурӣ аз оғоз то шурӯи ҷанҷол

Дар соли 1528 мелодӣ Заҳируддин Бобур, муассиси силсилаи подшоҳии гурконӣ, ки панҷумин насли Темурланг ба ҳисоб меояд ва охирин подшоҳии қудратманди мусалмонон дар шибҳиқорра маҳсуб мешавад, як масҷиди зебо дар шаҳри Аюдҳё (100 километрии шаҳри Лакнҳу) сохт. Ин масҷид ба номи Масҷиди Бобурӣ шӯҳрат ёфт.

Бинои масҷид то соли 1992 мелодӣ ба ҳаёти худ идома дод, то ин ки дар ин сол ҳиндуҳои ифротӣ бо ҳамла ба ин масҷиди таърихӣ ва 464-сола онро ба вайронае табдил карданд. Ҳиндуҳо муддаӣ буданд, ки ин масҷид дар замини як маъбад сохта шудааст ва дар асл зодгоҳи “худои” онҳо Ромо аст.

Аз он таърих ба баъд мавзӯи эҳёи масҷид ё сохти маъбад табдил ба маҳалли низоъ байни мусалмонон ва ҳиндуҳо шудааст, дар ин даргириҳои тӯлонӣ ҳаддиақал 2 ҳазор нафар инсон, ки бештари онҳо мусалмон ҳастанд, ҷони худро аз даст додаанд.

Таърих ривоят мекунад, ки англисиҳо дар даврони истеъмори шибҳиқорра аз ҳиндуҳо ҳимоят карда ва талош мекарданд аз тариқи ба роҳ андохтани низоъ ихтилоф байни мардуми шибҳиқорраро бештар кунанд.

Аввалин низои муҳим дар соли 1853 мелодӣ анҷом шуд ва пас аз он Невил, афсари аршади англисӣ бидуни ироаи санади таърихӣ, бар ин иддаои ҳиндуҳо сиҳҳа гузошта ва эълом кард, ки ин масҷид бар рӯи як маъбад бино шудааст ва бояд аз байн биравад.

То соли 1855 ҳиндуҳо ва мусалмонон аз бахшҳои мухталифи як сохтмон истифода мекарданд, аммо аз соли 1857 ба баъд мусалмонон бо ҳисоркашӣ монеи вуруди ҳиндуҳо ба дохили масҷид шуданд.

Ҳамзамон бо истиқлоли Покистон аз Ҳинд дар соли 1947, даргириҳо бар сари Масҷиди Бобурӣ боз ҳам шиддат гирифт ва мусалмонон дар соли 1949 бо муроҷеа ба додгоҳ эълом карданд, ки ҳиндуҳо шабона бути Ромро зери гунбади масҷид ва рӯ ба рӯи меҳроб насб кардаанд.

Ҷавоҳирлаъл Неҳру, аввалин нахуствазири Ҳинд дар ин хусус вокуниш нишон дода ва дастур дод, то бутро аз масҷид хориҷ кунанд, вале 35 сол масҷидро таътил кард.

Дар соли 1990 мелодӣ беш аз як милюн ҳинду вориди Аюдҳё шуданд ва санги бинои маъбади Ромро ба дасти руҳонии худ дар 90 метрии масҷид қарор доданд. Дар ҳамин сол ҳизби ҳиндуи Бҳоротиё Ҷоното (ки акнун қудратро дар Ҳинд ба даст дорад) бо ба роҳ андохтани роҳпаймоӣ назари ҳиндуҳоро нисбат ба масъалаи Бобур ҷалб кард ва ин нуқтаи оғози даргириҳои хунин байни мусалмонон ва ҳиндуҳо шуд.

Дар соли 1992 Масҷиди Бобурӣ мавриди ҳамлаи беш аз 150 ҳазор ҳиндуи ифротӣ қарор гирифт ва ин бинои таърихӣ ба куллӣ вайрон шуд.

Тӯлонитарин таҳқиқоти таърихи Ҳинд

Дар соли 2009 низ Кумисиюни Либерҳон, ки аз 16 декабри 1992 ташкил шуда буд то дар бораи рӯйдодҳое, ки ба тахриби масҷид мунтаҳӣ шуд таҳқиқ кунад, гузориши худро пас аз наздик ба 17 сол таҳқиқу баррасӣ ба Монмуҳон Синг, нахуствазири Ҳинд ироа кард. Ин тӯлонитарин таҳқиқи таърихи Ҳинд аст, ки дар даврони давлатҳои мухталифи Ҳинд анҷом шудааст. Ҳарчанд натоиҷи ин гузориш эълом нашуд, аммо матолиби дарзкарда ба расонаҳои хабарӣ ҳокӣ буд, ки ин гузориш аъзои баландпояи давлати Ҳинд ва миллигароёни ҳиндуро барои тахриби масҷид сарзаниш кардааст.

Охирин тасмими додгоҳ

Рӯзи гузашта (9 ноябр) Додгоҳи олии Ҳинд тасмими Додгоҳи Аллоҳобод (ки дар соли 2010 иттихоз шуда ва заминро байни мусалмонон ва ҳиндуҳо тақсим шуда буд)-ро лағв карда ва ба сароҳат эълом кард: ин масҷид дар маҳалли як маъбад бино шуда буд ва мусалмонон ҳаққе дар он надоранд.

Додгоҳи олии Ҳинд дар ҳукми худ эълом кардааст, ба мусалмонон миқдоре замин дар ҷои дигаре дода хоҳад шуд, то масҷиди худро дар онҷо бисозанд.

Ба ин тартиб ҳизби Бҳоротиё Ҷоното, ки худ яке аз омилони ба роҳ афтодани қатлу куштор дар даргирҳо буд, дар замони ҳукумати худ саранҷом тири халосро ба мавзӯъ зад.

Суоли поёнӣ

Мавзӯи Кашмир бо бетафовутии кишварҳои ҷаҳон ва бахусус кишварҳои исломӣ ҳамроҳ шуд, чаро ки онҳо бо Ҳинд манофеи муштараки иқтисодӣ доранд. Ин дуввумин тасмими бузурге аст, ки алайҳи мусалмонони Ҳинд дар чанд моҳи ахир гирифта мешавад ва яқинан ба сарнавишти мавзӯи Кашмир дучор хоҳад шуд.

Суол ин аст, ки ҳизби ҳоким дар Ҳинд то чӣ замоне иқдом алайҳи мусалмононро идома хоҳад дод? Набояд фаромӯш кунем, ки аз лиҳози ҷамъият Ҳинд севвумин кишвари бузурги мусалмоннишини ҷаҳон ба ҳисоб меояд, бо ин ҳол ба ҳуқуқи мусалмонони ин кишвар таваҷҷӯҳи хоссе намешавад.

Нуктаи баъд вазифае аст, ки маҷомеи ҷаҳонӣ ба ӯҳда доранд. Кишварҳои ғарбӣ, ки барои ҳар мавзӯи кучаке баёния содир карда ва аз ҳуқуқи башар сухан мегӯянд, боз ҳам нисбат ба ҳаққи поймолшудаи мусалмонони мазлум сукут ихтиёр карда ва роҳи бетафовутӣ пеш гирифтаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: