Перейти к содержимому

Авзоъи Эрон дар шароити таҳрим

Эрон то ин ҷои кор аз фишори таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида ҷони солим ба дар бурдааст. Барномаи ҳастаӣ ва фаъолиятҳои минтақаии Эрон ҳам ба рағми эъмоли фишорҳои Омрико дучори ихтилол нашудаанд. Дунолд Тромп рӯйкарди бефоидаеро дар пеш гирифта ва ба назар намерасад, ки битавонад аз ин ба баъд ҳам кори чандоне пеш бибарад.

Ба қалами Ҳенри Рум (Henry Rome) дар нашрияи Foreign Affairs

Ҳенри Рум (Henry Rome)

Соли гузашта дар чунин замоне (4 ноябр) давлати Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, кампини “эъмоли фишори ҳаддиаксарӣ” алайҳи Эронро оғоз кард. Омрико, ки моҳи майи 2018 аз Барҷом хориҷ шуда буд, дар моҳи ноябр бо эъмоли муҷаддади таҳримҳои нафтӣ ва иқтисодӣ, дар садади осеб задан ба содироти Эрон ва мумониат аз дастрасии ин кишвар ба низоми молии ҷаҳонӣ баромад. Бархе аз таҳлилгарон пешбинӣ карда буданд, ки дӯстони Эрон дар Урупо ва Осиё дар баробари таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида истодагӣ ва ба Эрон кӯмаки иқтисодӣ хоҳанд кард ва бархе дигар ҳушдор дода буданд, ки таҳримҳо иқтисоди Эронро ба қаъри “морпечи марг” мефиристад ва Теҳронро ба интихоб байни таслим ё фурӯпошӣ вомедорад. Ҳеч кадом аз ин пешбиниҳо таҳаққуқ наёфт. Дар муқобил, Эрон акнун дар ҳоле вориди дуввумин соли зери фишорҳои ҳаддиаксарӣ шуда, ки аз суботи иқтисодӣ ва мавқеияти минтақаии худ итминон дорад ва интизор меравад, ки Оятуллоҳ Сайидалии Хоманаӣ, раҳбари Эрон, ва дигар усулгароёни ин кишвар ба пешравӣ дар масири феълӣ идома диҳанд: Эрон ба заҷр додани бозори нафт идома хоҳад дод ва дар айни ҳол, иқтисоди ғайринафтии худро тақвият хоҳад кард ва ҳамчунин барномаи ҳастаии худро тавсиъа хоҳад дод ва ҳамчунон аз музокира бо Омрико сар боз хоҳад зад.

Дӯстони инчунинӣ

Эрон пас аз хуруҷи Омрико аз Барҷом интизор дошт, ки дигар шарикони тавофуқи ҳастаӣ ба ӯ дар тақвияти иқтисодаш кӯмак кунанд, чаро ки ба касби итминон аз идомаи содироти нафтии ӯ мутааҳҳид шуда буданд. Бо ин ҳол, Эрон дар зери фишорҳои Иёлоти Муттаҳида чунин ҳимояте аз дигар тарафҳои тавофуқ дарёфт накард. Урупо ба эҷоди як созукори молӣ барои давр задани таҳримҳо кӯмак кард, аммо ин созукор танҳо дар тиҷорати мавориди башардӯстона метавонад муассир бошад. Ниҳоятан давлатҳои урупоӣ наметавонистанд аз тиҷорат бо Эрон чандон ҳимоят кунанд, чун тавони тарғиби ширкатҳои хусусӣ ба нақзи таҳримҳои Иёлоти Муттаҳидаро надоштанд.

Дигар кишварҳои дӯсти Эрон ҳамчун Русия, Чин ва Ҳинд ҳам кӯмаки чандоне ба Эрон накарданд. Ҳамаи онҳо авлавиятҳои дигареро дунбол мекарданд ва намехостанд хатари барҳам хӯрдани равобиташон бо Иёлоти Муттаҳидаро ба ҷон бихаранд: барои Чин музокироти тиҷорӣ ва равобити истротежик дар авлавият буд. Русия мехост аз додани баҳонаи дигаре ба Кунгураи Омрико дар эъмоли таҳрим алайҳи Кремлин ҷилавгирӣ кунад. Ва Ҳинд ба дунболи тақвияти равобити дифоӣ бо Иёлоти Муттаҳида ва истифода аз туркҳо дар равобити худ бо Покистон буд. Шароити кунунӣ дар бозори нафтӣ он қадре ба ин се кишвар фишор наёварда, ки онҳоро ба ҳимоят аз Эрон ва ба ҷон харидани хатари таҳримҳои Омрико водорад.

Мақосиди нафтӣ

Эрон аз инзивои иқтисодии байналмилалӣ шоки шадидеро мутаҳаммил шудааст. Содироти нафти ин кишвар аз 2.4 милюн бушка дар рӯз дар апрели 2018, дар сентябри 2019 ба камтар аз 500 ҳазор бушка дар рӯз коҳиш ёфтааст. Давлати Тромп аз ин ба унвони исботи муваффақияти таҳримҳо истифода мекунад. Аммо фориғ аз ин, дигар нишонаҳо аз ин масъала ҳикоят дорад, ки иқтисоди Эрон ба самти субот пеш меравад.

Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ пешбинӣ кардаанд, ки иқтисоди Эрон дар соли 2020 беҳбуд хоҳад ёфт. Сандуқи байналмилалии пул ҳамчунин пешбинӣ карда, ки нархи таваррум дар Эрон аз 35.7 дарсад дар соли 2019, дар соли 2020 ба 31 дарсад коҳиш хоҳад ёфт. Навасоноти шадиди арзӣ ҳам нисбатан мутаваққиф шуда ва арзиши риёл дар баробари дулор тасбит шудааст. Машғулияти нерӯи кор ва нархи иштиғол рӯ ба афзоиш аст ва агарчӣ тавлиди нохолиси дохилии Эрон дар соли 2020 тақрибан бо соли 2015 баробар аст, аммо суботи куллӣ дар ин шароит метавонад мақомоти ин кишварро мутмаин созад, ки таҳримҳо дигар таъсире нахоҳанд дошт.

Яке аз далоили давом овардани иқтисоди Эрон зери фишори таҳримҳо мутанаввеъ будани он аст. Соли 2017 нафти хом танҳо 43 дарсад аз содироти Эронро ба худ ихтисос дода буд ва ба ҳамин далел, бахшҳои хадамоти санъатӣ, кишоварзӣ ва ғайринафтии Эрон тавонистанд зарбаи ношӣ аз суқути даромадҳои нафтиро коҳиш диҳанд. Ба илова, бештари фурсатҳои иштиғол дар Эрон дар бахшҳои ғайринафтӣ аст, ки дар баробари таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида муқовимати бештаре нишон додаанд.

Иқтисоди Эрон орӣ аз мушкил нест. Бекорӣ ҳамчунон як мушкили асосӣ ба шумор меравад, низоми бонкӣ асосан заъиф аст ва аз камбуди сармоя ранҷ мебарад ва бахши хусусӣ камкор аст. Аммо шароити Эрон дар соли оянда чандон вахим ба назар намерасад ва сарони ин кишвар ҳам барои беҳбуди авзоъ гомҳои муассире бардоштаанд. Тибқи эълони манобеи хабарӣ, давлат қасд дорад дар набуди даромадҳои нафтӣ будҷаро поинтар дар назар бигирад. Агарчӣ чунин иқдомоте пойдор нестанд, аммо метавонанд суботи иқтисодии Эронро дар соли оянда тақвият кунанд.

Абарқудрати минтақаӣ

Аз ҷумлаи аҳдофи кампини “эъмоли фишори ҳаддиаксарӣ”-и Иёлоти Муттаҳида афзоиши ҳазинаи моҷароҷӯиҳои минтақаии Эрон буд. Аммо ба назар мерасад Эрон дар ҳоле вориди дуввумин соли таҳти фишори таҳримҳо шуда, ки мавқеияти минтақаии қудратмандтаре дорад. Давлати Тромп моҳи гузашта муттаҳидони худро дар Сурия танҳо гузошт ва аз хоки ин кишвар ақибнишинӣ ва халаъе эҷод кард, ки Эрон барои пур кардани он дар мавқеияти муносибе қарор дорад. Давлати Тромп агарчӣ таъкид дорад, ки муттаҳидони худ дар минтақаро танҳо раҳо намекунад, аммо нишон дода ҳеч тамоюле ба иқдоми низомӣ дар баробари рафторҳои таҳрикомези Эрон надорад; барои Эрон, Арабистони Саудӣ, Исроил ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ паём комилан возеҳ аст: Тромп мумкин аст мавзеъи дифоӣ дар минтақаро тақвият кунад, аммо ҷуръати даргирӣ дар ҷангро надорад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ва фаъолиятҳои минтақаии он таҳти фишори таҳримҳо осеби ҷиддӣ надидаанд. Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки тарафҳои севвум барои тарғиби Эрон ва Иёлоти Муттаҳида ба ҳузур пойи мизи музокира талош кунанд, аммо эҳтимолан шикаст хоҳанд хӯрд, чаро ки бо таваҷҷӯҳ ба суботи нисбӣ дар шароити дохилӣ ва минтақаии Эрон, раҳбари ин кишвар ниёзе ба мувофиқат бо дидорҳои радаи боло эҳсос намекунад. Дар чунин шароите, пешбинӣ мешавад, ки соли дуввуми кампини “эъмоли фишори ҳаддиаксарӣ” бисёр пурталотумтар аз соли аввали он бошад.

Foreign Affairs

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: