Перейти к содержимому

Ваҳдатро фақат Эрон дунбол мекунад // Дигар кишварҳо дар ин робита бетафовут ҳастанд

Мавлавӣ Назир Аҳмад Саломӣ, руҳонии барҷастаи аҳли суннати Эрон ва узви Маҷлиси хубрагони раҳбарии ин кишвар, бо баёни ин ки “роҳкорҳои мутаъаддиде барои амри ваҳдат андешида шуда, ки яке аз онҳо баргузории Конфронси ваҳдат ва таъсиси Маҷмаи ҷаҳонии тақриб аст”, гуфт: “Мутаассифона ин корро фақат Эрон дунбол мекунад. Дигар кишварҳо дар ин робита бетафовут ҳастанд ва иқдоме дар ин замина надоранд. NGO-ҳо ва аҳзоби сиёсӣ дар кишварҳои исломӣ масъалаи ваҳдатро мепазиранд ва баъзе аз онҳо дар Конфронси ваҳдат ҳам ширкат мекунанд, аммо ин ки худашон мутасаддии ин умур бошанд, ингуна нест.”

Имрӯзҳо (аз 12-ум то 17-уми Рабиъулаввал) ва айёми вилодати Набии Мукаррами Ислом (с), дар Эрон ба унвони “Ҳафтаи ваҳдат” номгузорӣ шудааст. Масъалаи ваҳдат аз дербоз дар уммати исломӣ матраҳ буда ва талошҳои фаровоне барои тақриб ва ҳамгароӣ миёни кишварҳои исломӣ сурат гирифтааст. Агарчӣ дар ин байн шоҳиди чолишҳое дар таҳаққуқи амри ваҳдат доштаем ва ба лиҳози амалӣ ин муҳим таҳаққуқи комиле наёфтааст, аммо талошҳои суратгирифта низ то ҳадде рӯ ба ҷилав будааст.

Мавлавӣ Назир Аҳмад Саломӣ, узви аҳли суннати Маҷлиси хубрагони раҳбарии Эрон аз устони Систон ва Балучистон, дар гуфтугӯ бо хабаргузории Меҳр, дар мавриди ҷойгоҳи ваҳдати исломӣ дар раванди бедории исломӣ дар асри муосир гуфт: “Ваҳдати уммати исломӣ як асли асосӣ ва яке аз омӯзаҳои Қуръон ва суннати Расули Акрам (с) аст. Ваҳдат дарсе аст, ки дар мавориде мавриди ғафлат қарор гирифтааст. Дар бурҳаҳое аз замон ҳам афроде пайдо шуданд, ки ин дарс ва ин омӯзаи динии мағфулро эҳё кунанд. Дар асри ахир, яъне тақрибан 120 соли гузашта, ду мавҷ барои ваҳдати исломӣ шакл гирифта, ки оғози он бо фаъолиятҳои Сайидҷамолуддини Асадободӣ буд, ки авлавияти эшон огоҳӣ додан ба уммати исломӣ ва эҳёи ваҳдати исломӣ буд. Эшон барои ин манзур ва дар ин росто ба кишварҳои исломӣ мусофират карданд ва мақола навишта ва маҷаллоте мисли “Урватул-вусқо”-ро таъсис карданд. Эшон то ҳадде муваффақ буданд, ки шогирдонашон Муҳаммад Абдуҳ ва Рашид Ризо ва дар имтидоди ин хатт, Ҳасан ул-Банно ва ҷамоати Ихвонул-муслимин ҳама барои ваҳдати уммати исломӣ талош карданд, то ин ки навбат ба ҷомеаи Алазҳар ва фарде мисли Шайх Шалтут расид. Уламои номдоре дар ташайюъ ҳам барои ин амр талош доштанд. Маҷаллаи “Рисолатул-ислом” ҳам дар ҷиҳати эҳёи ваҳдат таъсис ва мунташир шуд.”

Мавлавӣ Салолмӣ афзуд: “Баъд аз муддате ин силсила мунқатеъ шуд ва ин дарс ба фаромӯшӣ супурда шуд, то ин ки бо пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар Эрон, Имом Хумайнӣ дубора мақулаи ваҳдатро эҳё карданд. Талоши Имом то ҳадде муваффақ шуд ва ин амр то алъон ҳам истимрор дорад. Конфронси ваҳдати исломӣ ва таъсиси Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ ва талошҳои дигаре низ барои ваҳдати уммати исломӣ анҷом шуд.”

Вай дар мавриди улгуи матлуби тақриб аз манзари аҳли суннат гуфт: “Дар Қуръон ва суннати Расулуллоҳ матолибе гуфта шуда, ки кифоят мекунад ба шарте, ки мо ба суроғи он биравем ва ин омӯзаҳоеро, ки аз Қуръону суннати Паёмбар дорем биёмӯзем. Ба лиҳози назарӣ, мо бениёз ҳастем яъне ниёзе ба чизи дигаре надорем. Ба лиҳози назарӣ ба андозаи кофӣ баҳсу тавсия дорем ва оятҳо ва ривоятҳое дорем, ки ҳеч ниёзе ба матолиби дигар ё ҷадиде надорем.”

Мавлавӣ Саломӣ афзуд: “Аммо ба лиҳози амалӣ, ин тавсияҳо иҷро шаванд. Ман мӯътақидам, мо дар ин мавзӯъ ҳанӯз дар нимаи роҳ ҳастем ва ҳанӯз натавонистаем ин омӯзаҳоро дар рафтору кирдори худ таҳаққуқ бибахшем. Аз ин рӯ ниёз аст барои ин ки мо ҷанбаи амалии ваҳдатро ба итмом бирасонем, ба ин омӯзаҳо иноят ва таваҷҷӯҳи бештаре дошта бошем ва саъй кунем инҳоро дар арсаи амал иҷроӣ кунем.”

Вай дар мавриди чолишҳое, ки монеи таҳаққуқи амалии ваҳдат мешавад, гуфт: “Ман мӯътақидам, дар таҳаққуқи амалии ваҳдат ду сатҳи чолишҳои дарунӣ ва берунӣ дорем: чолишҳои берунӣ душманони уммати исломӣ ҳастанд. Ҳар омиле, ки мӯҷиби рушду бақо ва истимрори уммати исломӣ бошад, душманон бо он мухолифат мекунанд ва намегузоранд уммати ислом ба ҷое бирасад, ки битавонад назарияи худро амалӣ кунад. Онҳо ҳамеша бо ашколи мухталиф дар талош ҳастанд ва намегузоранд уммати исломӣ амалан ба ваҳдат бирасад.”

Мавлавӣ Саломӣ идома дод: “Дар буъди дохилӣ ҳам тангназариҳо ва ифротигароиҳо, адами вусъати дид, адами сиъаи садр ва тафриту ифроте, ки миёни мазоҳиби исломӣ вуҷуд дорад, омилҳое ҳастанд, ки намегузорад уммати исломӣ амалан ба ваҳдати матлуб бирасад.”

Вай афзуд: “Роҳи амалӣ барои расидан ба тақриб ва ваҳдат ин аст, ки мо аз тариқи куллияи касоне, ки метавонанд дар ин замина нақшофаринӣ кунанд, монанди руҳониҳо, марокизи донишгоҳӣ, ҳавзаҳои илмия, асотиди донишгоҳ, минбариҳо ва ғайра ба ҷомеа дар ду арса огоҳӣ диҳем: яке дар иртибот бо интиқоли омӯзаҳо ва ганҷинаи динӣ дар робита бо ваҳдат ба мардум талош кунем. Дуввум ин ки бояд ба уммати исломӣ дар робита бо тавтиъаи душманон огоҳӣ бидиҳем. Ба таъбири дигар, бояд душманшиносиро ба ҷомеа мунтақил кунем. Мо бояд ин ду масъаларо ба наслҳои баъдӣ интиқол бидиҳем.”

Мавлавӣ Саломӣ гуфт: “Баъд, бояд саъй кунем, ки ҳамдигарро таҳаммул кунем. Пайравони ҳамаи мазоҳиб чӣ ҳанафӣ, шофеӣ, ҳанбалӣ, шиа ва ғайра, саъй кунанд такмилкунандаи якдигар бошанд. Бояд бо ҳифзи ташаххусҳо ва тафовутҳо такмилкунандаи ҳам бошем. Метавонем тафовутҳоро ҳифз кунем, аммо талаққии мо ин бошад, ки ин мазоҳиб такмилкунандаи ҳам ҳастанд. Агар мо тафовутҳоро ҳамл бар адовату душманӣ накунем ва дар мавориде, ки бо ҳам иттифоқ дорем, муовину кӯмаки якдигар бошем, шароити дигаре рақам хоҳад хӯрд. Агар дар мавориди ихтилофӣ якдигарро маъзур бидонем ва ихтилофотро ба наҳви аҳсан тибқи меъёрҳои динӣ ва суннати Паёмбар мудирият кунем, метавонем сареътар ва беҳтар ба ваҳдати матлуб бирасем.”

Вай дар мавриди вазъияти сиёсии кишварҳо дар мақулаи ваҳдат ва сиёсатҳои иттихозшуда дар қиболи масъалаи ваҳдат гуфт: “Душман дар ин замина тавре барномарезӣ кардааст, ки масолеҳи як кишвари исломиро дар зарари як кишвари исломии дигар тарроҳӣ кардааст. Масирро чунон пеш бурда, ки баъзе кишварҳои исломӣ маслиҳати худро дар зарари кишварҳои исломии дигар мебинанд. Ин тарроҳии душман аст, вагарна он чи барои як кишвари исломӣ маслиҳат аст, барои соири кишварҳо ҳам маслиҳат хоҳад буд. Мо бояд аз ин манзар нигоҳ кунем, ки маслиҳати як кишвари исломӣ айни маслиҳати ҳамаи кишварҳои исломӣ аст.”

Мавлавӣ Назир Аҳмад Саломӣ идома дод: “Танҳо роҳи бурунрафт аз ин бӯҳрон ва муқобила бо ин тавтиъа ин аст, ки мо бояд ба тамоми мардум ин огоҳиро бидиҳем, ки маслиҳати уммати ислом масъалае воҳид аст. Чизе, ки маслиҳат аст, барои ҳама маслиҳат аст, ва он чи зарару зиён дорад, барои ҳамаи уммати ислом зарар дорад. Душман мехоҳад ин амрро барои уммати исломӣ мубҳам кунад.”

Вай афзуд: “Масъалаи ваҳдат як маслиҳати лаҳзаӣ ва як маслиҳати сиёсӣ нест, балки як рукн ва як асли динӣ аст. Мардум бояд бидонанд, ки ваҳдат як амри динӣ аст ва ба нафъи уммати ислом аст. Амалан мо ҳаргиз ин масъаларо ба иҷро дарнаёвардаем.”

Мавлавӣ Саломӣ дар арзёбии роҳкорҳои иҷроии таҳаққуқи ваҳдат монанди Конфронси ваҳдати исломӣ гуфт: “Роҳкорҳои мутаъаддиде барои амри ваҳдат андешида шуда, ки яке аз онҳо баргузории Конфронси ваҳдат ва таъсиси Маҷмаи ҷаҳонии тақриб аст. Мутаассифона ин корро фақат Эрон дунбол мекунад. Дигар кишварҳо дар ин робита бетафовут ҳастанд ва иқдоме дар ин замина надоранд. NGO-ҳо ва аҳзоби сиёсӣ дар кишварҳои исломӣ масъалаи ваҳдатро мепазиранд ва баъзе аз онҳо дар Конфронси ваҳдат ҳам ширкат мекунанд, аммо ин ки худашон мутасаддии ин умур бошанд, ингуна нест.”

Ин руҳонӣ ва намояндаи мардуми Систон ва Балучистон дар Маҷлиси хубрагони раҳбарии Эрон гуфт: “Замоне мо метавонем муваффақ шавем ва дар амри тақриб ба матлуби ниҳоӣ бирасем, ки бақияи аҳзобу ҷараёнҳо дар кишварҳои исломӣ, ба ин натиҷа бирасанд, ки худашон амри ваҳдатро ҷиддӣ бигиранд ва ҳамчунон, ки мардуми Эрон барои Конфронси ваҳдат ҳазина мекунанд, дар кишварҳои исломӣ мисли Покистон, Миср, Туркия, кишварҳои халиҷи Форс ва ғайра, Конфронси ваҳдат бо тасаддигарии аҳзоби динии он кишвар анҷом шавад. То замоне, ки ин кишварҳо худашон мутасаддии ин иқдом набошанд, фикр намекунам мо хеле ба натиҷа бирасем.”

Мавлавӣ Саломӣ идома дод: “Дар мавриди Конфронси ваҳдат пешниҳоди ман ин аст, ки афроде, ки дар ин конфронс ширкат мекунанд ва даъват мешаванд, такрорӣ набошанд. Мо дидаем уламое, ки дар конфронс ширкат мекунанд, аксаран аз Сурия, Лубнон ва Ироқанд ва уламои аҳли суннат камтар буда ва шиъаён бештар ҳастанд. Бояд саъй кунем аҳли суннатро ҳам мушорикат диҳем ва онҳоро даъват кунем. Аз уламои кишварҳое мисли шибҳиқорраи Ҳинд, Банглодеш, Покистон ва Туркия ва ғайра даъват кунем ва аҳли суннатро дар ин конфронс мушорикат диҳем, то ин ки биёянд ва бибинанд, ки масоиле, ки пойгоҳҳои шойеъапарокунӣ ва шабакаҳои муонид матраҳ мекунанд дурӯғ аст. Он чи ки ин шабакаҳо дар мавриди Эрон таблиғ мекунанд, дар дохили Эрон ингуна нест.”

Вай афзуд: “Ман мӯътақидам, агар мо афродеро, ки пойгоҳи мардумӣ ҳам доранд даъват кунем, аз ин ки ҳар сол афроди такрориро даъват кунем, конфронс муассиртар хоҳад шуд.”

Мавлавӣ Саломӣ дар поён гуфт: “Дуои мо ин аст, ки Конфронси ваҳдат муваффақ шавад ва ҳар чӣ зудтар ба матлаби ниҳоӣ бирасад, то ҳар чӣ зудтар мо як ваҳдати воқеиро аз инҷо ба ҷаҳон содир кунем ва кишварҳои исломӣ аз мо дар амри ваҳдат улгу бигиранд.”

Гуфтанист, чанд сол пеш шабакаи телевизиюнии CATV NEWS низ бо Мавлавӣ Саломӣ мусоҳибае анҷом дода буд ва эшон назари худро дар робита ваҳдат иброз дошта буд, ки дар зер мегузорем:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: