Перейти к содержимому

Чанд ҳикоят

Забони ҳоли наҷосот

Шайх Абӯсаъиди Абулхайр бо муридон аз ҷойе мегузаштанд. Чоҳ (хало)-и хонаеро тахлия мекарданд. Коргарон наҷосотро аз аъмоқи чоҳ берун мекашиданд ва дар гӯшае мерехтанд. Шогирдони Шайх худро канор мекашиданд ва либоси худро ҷамъ мекарданд, ки мабодо ба наҷосат олуда шавад, ва ба суръат аз он ҷой мегурехтанд.

Шайх Абӯсаъид ононро садо зад ва гуфт:

— Биистед, то бигӯям ин наҷосот ба забони ҳол бо мо чӣ мегӯянд?! Мегӯянд: мо ҳамон таъомҳои хушбӯ ва хуштаъме ҳастем, ки шумо дирӯз моро ба қиматҳои газоф мехаридед ва аз баҳри мо ҷону моли худро нисор мекардед ва ҳар сахтӣ ва машаққатеро дар роҳи ба даст овардани мо таҳаммул мекардед. Моро, ки таъомҳои хуштаъму бӯ будем, ба хонаҳоятон овардед ва ба як шаб, ки бо шумо ҳамсӯҳбату ҳамнишин шудем, ба рангу бӯйи шумо даромадем. Ҳол аз мо мегурезед? Бар мост, ки аз шумо бигурезем.

* * *

Обрӯдорӣ

Марде аз ансор назди Имом Ҳусайн (а) омад ва хост, то ниёзи моддии худро ба Имом бигӯяд. Имом Ҳусайн (а) фармуд:

— Эй бародар! Ниёзи худро ба забон нагӯ, то обрӯятро нигоҳ дошта бошӣ. Ҳар чӣ мехоҳӣ, дар номае бинавис ва биёвар. Ман ба хости Худованд ба қадре ба ту кӯмак хоҳам кард, ки туро хушҳол кунад.

Он мард навишт: «Ё Абуабдиллоҳ! Фалон шахс понсад динор аз ман талабкор аст. Ӯ талаби худро хостааст ва ман инак моле надорам. Аз ӯ бихоҳ, то ба ман мӯҳлат диҳад, ки пас аз сару сомон ёфтани рӯзгорам, талаби ӯро хоҳам дод.»

Имом Ҳусайн (а) пас аз хондани нома, вориди манзил шуд ва кисае ҳамроҳи худ овард, ки ҳазор динор дар он буд. Кисаро ба мард дод ва фармуд:

— Бо понсад динор он қарзатро адо ва понсад динори дигарро харҷи зиндагият кун. Аз ин пас ҳоҷати худро ҷуз бо се тан дар миён магзор: диндор, ҷавонмард ва обрӯдор. Зеро диндор ба хотири диндорияш ба ту кӯмак хоҳад кард. Ҷавонмард аз ҷавонмардии худ шарм мекунад ва ба ту ёрӣ мерасонад. Ва обрӯдор мефаҳмад, ки ту барои ҳифзи обрӯят ҳоҷати худро ба ӯ гуфтаӣ, ӯ низ обрӯятро ҳифз мекунад ва ҳоҷати туро бармеоварад.

* * *

Ӯро ба хонаи мо мебаранд

Рӯзе ҷанозаеро мебурданд. Писари Мулло Насриддин аз падараш пурсид:

— Падарҷон! Ин ҷанозаро куҷо мебаранд?

Мулло Насриддин гуфт:

— Ӯро ба ҷое мебаранд, ки на об ҳаст, на нон ҳаст, на пӯшиданӣ ҳаст ва на ҳеч чизи дигаре.

Писари Мулло гуфт:

— Фаҳмидам… Ӯро ба хонаи мо мебаранд.

* * *

Масҷиди Баҳлул

Иддае масҷиде месохтанд, Баҳлул сар расид ва пурсид:

— Чӣ кор мекунед?

Гуфтанд:

— Масҷид месозем.

Гуфт:

— Барои чӣ?

Посух доданд:

— Маълум аст, барои ризои Худо.

Баҳлул хост, мизони ихлоси онҳоро ба худашон бифаҳмонад. Маҳрамона ба касоне суфориш кард, санге тарошиданд ва рӯйи он навиштанд: «Масҷиди Баҳлул». Шабона онро болои дари масҷид насб кард.

Созандагони масҷид рӯзи баъд омаданд ва диданд, ки болои дари масҷид навишта шудааст: «Масҷиди Баҳлул». Нороҳат шуданд. Баҳлулро пайдо карданд ва шурӯъ карданд ба кутак задани вай, ки заҳамоти дигаронро ба номи худат қаламдод мекунӣ?

Баҳлул гуфт:

— Магар шумо нагуфтед, ки масҷидро барои Худо сохтаед? Фаразан мардум иштибоҳ карданд ва гумон бурданд, ки ман масҷидро сохтаам, вале Худо, ки иштибоҳ намекунад, ӯ, ки медонад бонии масҷид шумоед, на ман.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: