Перейти к содержимому

Дар бораи адолати Ардавон, шоҳи Эрон

Ардавон, подшоҳи Эронзамин (сеюмин подшоҳи ашконӣ ва фарзанди Тирдоди якум) аз бистари беморӣ бархоста буд. Бо тане чанд аз наздикон кохи фармонравоиро тарк гуфта ва дар миёни мардум қадам мезад. Ба дармонгоҳи шаҳр, ки расиданд, Ардавон гуфт:

— Ба дидори пизишки хеш биравем ва аз ӯ ба хотири он ҳама заҳмате, ки кашида қадрдонӣ кунем.

Чун вориди дармонгоҳ шуд, кӯдакеро дид, ки пояш захмӣ шуда ва пизишк пояшро муолиҷа мекунад. Модари кӯдак, ки ҳанӯз подшоҳро нашнохта буд, бо нола ба пизишк мегуфт:

— Худой пойи фарзанди подшоҳро инчунин кунад, то дигар ин балоро бар сари мардум наёварад!

Подшоҳ рӯ ба зан кард ва гуфт:

— Магар фарзанди шоҳ ин балоро бар сари кӯдакат оварда?

Модар гуфт:

— Оре, кӯдакам дар миёнаи кӯча буд, ки фарзанди подшоҳ Фарёбит бо асби хеш чунин балоеро бар сари кӯдакам овард.

Ардавон гуфт:

— Магар фарзанди шоҳро мешиносӣ?

Зан гуфт:

— На, ҳамсоягон ӯро ба ман муаррифӣ намуданд.

Подшоҳ дастур дод, Фарёбитро биёваранд.

Пизишк ба зан ишора намуд, ки ин касе, ки инҷост, ҳамон подшоҳи Эрон аст. Зан фикр мекард, ба хотири ҳарфе, ки зада ӯро ба ҷурми густохӣ бо теғи шамшер ба ду ним мекунанд.

Писари шоҳи Эронро оварданд. Падар ба ӯ гуфт:

— Чаро ин гуна кардӣ?

Фарзанд гуфт:

— Мутаваҷҷеҳ нашудам ва кӯдакро аслан надидам.

Падар гуфт:

— Аз ин зан ва кӯдакаш узрхоҳӣ кун.

Фарзанди подшоҳ рӯй ба модари кӯдак кард ва узр хост. Подшоҳи Эрон кисае зар ба модар дод ва гуфт:

— Фарзандамро бибахш, чун дар мароми подшоҳони Эрон зӯргӯйӣ ва азияти халқи хеш нест.

Зан бо дидани ин ҳама фурӯтании подшоҳ ва Фарёбит ба гиря уфтод ва гуфт:

— Маро ба хотири густохӣ бибахшед!

Ардавон дар ҳоле, ки аз дармонгоҳ берун меомад, мегуфт:

— Фарзанди ман бояд намунаи некрафторӣ бошад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: