Перейти к содержимому

Ислом дар чанд ҷумла

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Яке аз азизон хост, барояш дини исломро кӯтоҳ ва дар чанд ҷумла хулоса кунам. Ва ҳарчанд бисёр душвор аст кулли исломро дар чанд сатр баён дошт, аммо кӯшиш кардам ин корро барояш анҷом диҳам. Ва шоиста дидам, матлаберо, ки барои ин азиз баён доштам, инҷо ҳам биёварам; бошад, ки мавриди истифодаи соири азизон ҳам қарор бигирад:

Некӯтарин роҳ барои ин кор, баёни матлаб аст бо такя ба ояте аз Қуръони Карим:

فَأَقِمْ وَجْهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفًا فِطْرَةَ اللَّهِ الَّتِي فَطَرَ النَّاسَ عَلَيْهَا لَا تَبْدِيلَ لِخَلْقِ اللَّهِ ذَلِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ وَلَكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ

«Покдилона рӯй ба ин дин биёвар; ин фитрати илоҳист, ки мардумонро бар вифқи он офарида. Дар офариниши илоҳӣ тағйире роҳ надорад. Ин дини устувор аст, вале бештари мардум намедонанд.» (Сураи Рум, ояти 30)

Ислом дини фитрат аст. Яъне ойинест, ки вуҷуди одамӣ ба он сиришта шуда ва ҳамонро мехоҳад. Зеро ислом иборат аст аз: андеша (ақида), аҳком ва ахлоқ.

1) Фитрӣ будани ақидаи исломӣ он аст, ки ақоиду андешаҳои исломӣ мисли: ҷаҳон Худое дорад, ӯ ягона аст, паёмбароне барои ҳидояти башар фиристода, инсонро пас аз марг зиндагие дигар дар интизор аст ва ғайра… ин андешаҳо, ҳама дар сиришти одамӣ наҳуфта, ки бо андак тафаккур ва тазкия ва пок кардани руҳу равон, одамӣ онҳоро дар вуҷуди худ меёбад.

2) Ва аммо фитрӣ будани ахлоқи исломӣ он аст, ки хислатҳое, ки ислом инсонҳоро ба ороста шудан ба онҳо хондааст, ҳама дар фитрати одамӣ ниҳода шудаанд, мисли росткорӣ ва ростгӯйӣ, вафо ба паймонҳо, ихлос ва ғайра… Одам писандида будани ин хислатҳоро ҳатто агар мусалмон ҳам набошад, дар сиришти хеш меёбад. Ва ҳамчунин, агар ислом гуфтааст: дурӯғ нагӯй, риё макун, ғайбат нагӯй… ин хислатҳо хислатҳоест, ки фитрати одамӣ аз онҳо гурезон аст ва онҳоро зишт мешуморад.

3) Фитрӣ будани аҳкоми исломӣ он аст, ки дастуроти шариати поки муҳаммадӣ (с) ҳама реша дар фитрату сиришти одамӣ доранд. Агар ислом мегӯяд, намоз бихон, ба ин далел аст, ки парастиши офаридгор дар сиришти одамӣ наҳуфта. Агар ислом дастур медиҳад, закоти мол ба бенавоён бипардоз, бад-ин ҷиҳат аст, ки сиришту фитрати одамӣ кӯмак ба мустамандонро нек мешуморад. Агар ислом мегӯяд, шароб манӯш, ба ин хотир аст, ки фитрати одамӣ аз ин ки ақлашро аз даст бидиҳад ва беҳуш бошад (ҳарчанд дар чанд лаҳза) гурезон ва мутанаффир аст.

Ин аст Ислом дар чанд ҷумла.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: