Перейти к содержимому

Раиси вақти Кумитаи дини Тоҷикистон: “Мо бояд коре кунем, ки дин дар чашми мардум беобрӯ шавад”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллии Тоҷикистон, бо ёдоварии хотираи гуфтугӯи худ бо Муродулло Давлатов, раиси вақти Кумитаи дини Тоҷикистон, гуфт: “Муродулло Давлатов ба ман гуфт, бояд коре кунем, ки дин дар чашми мардум беобрӯ шавад. Коре кунем, ки дар сари минбар одамони бесавод ва муттаҳам бошанд, ки ҳукумат лаҷоми онҳоро дар даст дорад. Имом-хатибе, ки мустақил аст, савод дорад, маҳбубият дорад ва пеши мақомот муттаҳам нест, ӯ барои мо хатарнок аст, ӯро бояд аз минбар дур кард.”

Муҳиддин Кабирӣ дар гуфтугӯи онлайнии навбатиаш бо мардум, хитоб ба мақомоти кишвар, бо баёни ин ки агар имрӯз теруризм Тоҷикистонро таҳдид мекунад, омили ба вуҷуд омадани он худи шумо ҳастед, бо овардани яке ду далел бар ин иддао, изҳор дошт: “Далели дигар ин аст, ки вақте ки қонуни дин дар порлумон тасвиб мешуд; ва он замон раиси Кумитаи дин Муродулло Давлатов буд, баҳси қонуни дин дар маҷлис як каме ҷанҷолӣ шуд, ман хеле мухолифат кардам. Раиси маҷлис, ки он замон Сайдулло Хайруллоев буд танаффус эълон кард ва гуфт, баъд аз танаффус идома медиҳем. Нуралӣ Риоев, ки он вақт узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар умури иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ буд, ман ва Муродулло Давлатовро ба утоқаш даъват кард ва мо се нафар нишастем ва баҳс кардем.”

Кабирӣ афзуд: “Дар ин нишаст, Муродулло Давлатов ба ман гуфт, ҳоло ту чӣ мушкиле дорӣ бо ин қонун, президент таъйид ва пешниҳод кардааст ба маҷлис, бояд қабул шавад. Гуфтам, ман бо президент мушкил надорам, ман бо шумо ҳам мушкиле надорам. Ман медонам, ин қонуне, ки шумо қабул карда истодаед, дар оянда миллатро ба бӯҳрон мекашонад, зиддияти дину давлатро ба вуҷуд меоварад, зиддият дар ҷомеаро ба вуҷуд меоварад. Шумо амдан ва барқасдона як гурӯҳ аз мардумро алайҳи ҷомеа ва давлат мешӯронед. Пурсид, чӣ гуна? Гуфтам, бибинед шумо тавассути ин қонун коре карда истодаед, ки умури динӣ; имом-хатибҳо ва кормандони дин касоне мешаванд, ки лаёқат надоранд, шумо мехоҳед, ки уламои кишварро аз минбар дур кунед — он касонеро, ки миллат дӯсташон медорад, он касонеро, ки миллат ҳарфи онҳоро мешунавад, ба онҳо эътиқод дорад, шумо мехоҳед онҳоро аз масҷиду минбар дур кунед ва ба ҷояшон касонеро биёваред, ки онҳо на лаёқат доранд, на динро хуб дарк мекунанд ва на мардум ба онҳо эътимод доранд.”

Раиси ПМТ дар идома изҳор дошт: “Ҳоло ман хоҳиш мекунам, ки Муродулло Давлатов биёяд ва дар минбар ин ҳарфҳои маро инкор кунад, бигӯяд, ки на, ин ҳарфҳо набуд. Ӯ ҷавобаш ба ман дақиқан ин буд. Гуфт, Муҳиддин! Худат як инсони таҳсилкарда ҳастӣ, номзади илм ҳастӣ, як муллои бесавод нестӣ, ту дар муборизаи байни дунявият ва дин бояд тарафи дунявиятро бигирӣ. Пурсидам, чаро, ва дар куҷо ҳаст ин мубориза? Гуфтам, ҷиноят аст тақсим кардани миллати тоҷик ба динӣ ва дунвяӣ, ин миллат ҳамон тавр ки 1400 сол бо дини ислом зиндагӣ кард, ҳам умури дунявияашро пеш бурд, ҳам умури диниашро, ҷудо накунед миллатро!

Кабирӣ афзуд: “Сипас Муродулло Давлатов ба ман гуфт: на, бояд андешаи дунявӣ ғолиб бошад, алъон андешаи динӣ рӯз ба рӯз қавитар шуда истодааст, мо бояд коре кунем, ки дин дар чашми мардум беобрӯ шавад. Гуфтам, чӣ кор мекунед? Гуфт, коре кунем, ки дар сари минбар одамони бесавод ва муттаҳам бошанд, ки ҳукумат лаҷоми онҳоро дар даст дорад. Онҳоро муттаҳам мекунад ба фоҳишагӣ бо ба навор гирифтан, муттаҳам мекунад ба фасодзадагӣ, коррупсия, бесаводӣ, билохира ҳарфи ҳукумат ба ин имом-хатибҳо бигзарад ва ҳар чизе, ки ҳукумат мегӯяд, ҳамонро кунанд. Ӯ афзуд, имом-хатибе, ки мустақил аст, савод дорад, маҳбубият дорад ва пеши мақомот муттаҳам нест, ӯ барои мо хатарнок аст, ӯро бояд аз минбар дур кард.”

Раиси ПМТ дар идома хотирнишон кард: “Ман ба Давлатов гуфтам, шумо бо ин коратон воқеан як ҷиноят мекунед, агар ниятатон ҳамин бошад, бидонед, ки миллатро бахусус ҷавононро бе соҳиб мегузоред. Вақте ки созмонҳои динӣ дастнишондаи ҳукумат мешаванд, эътимоди миллат ва диндорҳоро ҳукумат аз даст хоҳанд дод, он гоҳ мардум мераванд суроғи гурӯҳҳои ифротӣ ва ба онҳо эътиқод пайдо мекунанд. Шумо фикр накунед, ки мардуми диндори тоҷик ҳарфи як муллои дарбориро гӯш хоҳанд кард, онҳо мераванд ҳарфи як нафареро гӯш мекунанд, ки баъд дарди сари шумо хоҳад шуд.”

Кабирӣ афзуд: “Ман фикр мекардам, ки мушкил фақат дар амсоли Муродуло Давлатовҳо аст, баъд фаҳмидам, ки инҳо ҷуз иҷрокунандаи як сиёсати бузургтаре набудаанд; сиёсате, ки бар асоси он, бояд тавассути ин қонунҳо уламои уишварро аз минбар дур кунанд, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро мамнӯъ кунанд, равшанфикроне, ки андешаи миллӣ доранд ва мехоҳанд, ки дину давлат ва дину миллат бо ҳам дӯст бошад, инҳоро аз майдону минбару телевизиюн дур кунанд, инҳоро хоин эълон кунанд, мисли устод Мӯъмин Қаноату Барзу Абдурраззоқро; онҳоеро, ки воқеан миллатро дӯст медоранд. Бо ин сиёсат, гурӯҳҳои мӯътадили диниву дунявиро аз минбару ҳамаҷо дур кунанд ва минбарҳоро бидиҳанд ба дасти чандто муттаҳам, чӣ дар бахши дунявӣ ва чӣ дар бахши динӣ. Ва он гоҳ инҳо мехоҳанд дигар бо ҳамин нафарҳо бо теруризм мубориза кунанд. Дар сурате, ки тамоми миллатро бахсус ҷавонони бо нангу номусро инҳо худашон тела доданд ба домани теруристҳо.”

Кабирӣ хитоб ба мақомот хотирнишон кард: “Гулмурод Ҳалимов барои чӣ рафт ба ДОЪИШ пайваст? Магар ӯ тарбиятдидаи ҲНИТ буд? Ё Анҷумани Озодандешони Тоҷик буд? Ё дар маҳфилҳои шеърии Мӯъмин Қаноат ва Барзу Абдурраззоқов тарбият медид? Ӯ парваришёфтаи худи шумо буд, дар Вазорати дохила тарбият ёфт, аммо вақте ба ӯ супориш додед, ки рав ба фоҳишаҳо ҳиҷоби исломӣ бипӯшон ва муттаҳам кун занҳои ҳиҷобпӯшро ба фоҳишагарӣ, ӯ номусаш бедор шуд, гуфт агар ин аст, беҳтар аст ман меравам ба ДОЪИШ мепайвандам ва алайҳи шумо мубориза мебарам.”

Навори комили гуфтугӯи онлайнии Кабирӣ бо мардум:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: