Перейти к содержимому

Ҳикоятҳо ва ҳидоятҳо

Номаи Назаралии Толиқонӣ ба Худо

Ин моҷаро моҷароест воқеӣ. Ҷавоне ба номи Назаралии Толиқонӣ дар замони Носируддиншоҳи Қочор дар мадрасаи Марвии Теҳрон дарс мехонда. Ӯ бисёр фақир буда ба ҳадде, ки шабҳо давру бари ҳуҷраи талабаҳо мегашта ва аз боқимондаи ғизоҳои онҳо чизе барои хӯрдан пайдо мекарда ва рӯз мегузаронда.

Як рӯз Назаралӣ номае менависад хитоб ба Худо ба ин мазмун:

«Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Хидмати ҷаноби Худо

Саломун алайкум

Инҷониб бандаи шумо ҳастам. Аз он ҷо, ки шумо дар Қуръон фармудаед: «Ҳеч бандае нест, магар ин ки рӯзии ӯ бар ӯҳдаи Худост», ман ҳам ҷунбандае ҳастам аз ҷунбандагони шумо рӯйи замин. Дар ҷойи дигаре аз Қуръон фармудаед: «Мусалламан, Худо хулфи ваъда намекунад.»

Бинобар ин, инҷониб ба чизҳои зер ниёз дорам:

— Ҳамсаре зебо ва мутадайин (диндор);

— Хонае васеъ ва як ходим;

— Як колиска (ҳамон коляска) ва сучӣ (касе, ки коляска меронад);

— Як боғ ва миқдоре пул барои тиҷорат.

Лутфан, баъд аз ҳамоҳангӣ, ба ман иттилоъ диҳед.

Мадрасаи Марвӣ, ҳуҷраи шумораи 16,

Бандаи шумо Назаралии Толиқонӣ.»

Назаралӣ баъд аз навиштани нома, бо худаш фикр мекунад, ки номаро куҷо бигузорад? Мегӯяд, масҷид хонаи Худост, пас беҳтар аст бигузорамаш дар масҷид. Меравад ба Масҷиди Шоҳ дар бозори Теҳрон, номаро дар масҷид дар як сӯрох қоим мекунад ва бо худаш мегӯяд: ҳатман Худо пайдо мекунад!

Ӯ номаро панҷшанбе дар масҷид мегузорад. Субҳи ҷумъа Носируддиншоҳ бо дарбориҳо мехоста ба шикор биравад. Корвони ӯ аз ҷилави масҷид мегузашта. Ногаҳон як боде тунд шурӯъ ба вазидан мекунад ва ба сабаби он, номаи Назаралӣ рӯи пойи Носируддиншоҳ меуфтад, Носируддиншоҳ номаро мехонад.

Ӯ як пайк ба мадрасаи Марвӣ мефиристад ва Назаралиро ба кох фаро мехонад. Дастур медиҳад, ҳамаи вузарояш ҷамъ шаванд ва мегӯяд: номае, ки Назаралӣ барои Худо навишта ба дасти ман афтод. Шояд иродаи Худо ин будааст, ки хостаҳои Назаралӣ ба воситаи ман бароварда шаванд. Пас мо бояд анҷомаш бидиҳем.

Носируддиншоҳ дастур медиҳад, ҳамаи хостаҳои Назаралӣ як ба як иҷро шаванд.

* * *

Давои дардҳо

Яке аз бузургони сӯфия мегӯяд:

Ба сарзамини Мағриб (шимоли ғарби Офриқо) табиберо дидам, ки маризон дар пеши рӯ, дармонашонро васф ҳамегуфт. Пеш рафтам ва гуфтам:

— Худоят биёмурзад! Маро низ дармон кун.

Соате дар ман нигарист ва сипас гуфт:

— Арақи «фақр» ва барги «бурдборӣ»-ро бо ҳалилаи «фурӯтанӣ» гард кун ва ҳамаро дар зарфи «яқин» бигузор ва оби «хашят» дар он бирез ва оташи «ғам» зераш рӯшан кун. Сипас бо софии «муроқибат» дар ҷоми «ризо»-яш биполой ва онро бо ҷуръаи «таваккул» биёмез ва бо дасти «сидқ» бигираш ва дар сароҳии (зарфи) «истиғфор»-аш бинӯш. Пас аз он ба оби «зуҳд» мазмаза кун ва худро аз «озу тамаъ» маҳфуз бидор. Иншоаллоҳ Худованд шифоят диҳад!

* * *

Ду ракъат намоз ва биҳишт

Яке аз асҳоби ҳол рӯзе ба ёронаш мегуфт:

— Агар байни вуруд ба биҳишт ва гузордани ду ракъат намоз мухайяр мешудам, гузордани ду ракъат намозро бармегузидам.

Ёронаш гуфтанд:

— Чӣ гуна?

Фармуд:
— Зеро ки дар биҳишт ба ҳаззи худ (баҳраи худ) машғул ва дар гузордани намоз ба парвардигори хеш машғул хоҳам буд.

* * *

Маҳрумият аз муноҷоти бо Худо

Дар Бани Исроил марде буд, ки мегуфт: ман дар ҳамаи умр Худоро нофармонӣ кардаам ва басе гуноҳу маъсият, ки аз ман сар задааст, аммо то кунун зиёне ва кайфаре надидаам. Агар гуноҳ ҷазо дорад ва гуноҳкор бояд кайфар бинад, пас чаро моро кайфаре ва азобе намерасад?

Дар ҳамон рӯзҳо паёмбари қавми Банӣ Исроил назди он мард омад ва гуфт:

— Худованд мефармояд, ки мо туро азобҳои бисёр кардаем ва ту худ намедонӣ.

Оё туро аз ширинӣ ва лаззати ибодати худ маҳрум накардаем?

Оё дари муноҷотро бар рӯйи ту набастаем?

Оё умед ба зиндагии хуш дар охиратро аз ту нагирифтаем?

Азобе бузургтар ва саҳмгинтар аз ин мехоҳӣ?

* * *

Паёми ин достон:

Гоҳе бо дидани ҳолу аҳволи хубу хуши одамони бадкор ва ситамгар ва ин ки бо вуҷуди садҳо гуноҳу маъсият, ки аз онҳо сар мезанад, аммо ҳеч кайфаре намебинанд, пеши худ ба фикр фурӯ меравем ва ҳатто аҳёнан кор ба ҷойе мерасад, ки дар вуҷуди Худо шакку тардид дар мо роҳ меёбад. Ғофил аз он ки худобехабарии ҷамоати бадкору бадкирдору ситамгар ва маҳрумияташон аз ибодати Худо ва аз лаззату ширинии муноҷот бо Офаридгор, худ бузургтарин кайфар ва ҷазои илоҳӣ ба онҳост. Зеро кайфар ва ҷазои моддӣ (мисли он ки одам бо мушкилоте дар зиндагӣ рӯ ба рӯ шавад) дар муқоиса бо ҷазои руҳӣ ва маънавӣ чизе нестанд, ва аслан қобили қиёс нестанд.

Аз ин рӯ, вақте дар худ коҳилӣ ва танбалӣ дар адои намоз эҳсос бикунем ва ё дидем, майли хондани Қуръон ва дуову муноҷот бо Парвардигор дар мо кам шудааст, фавран бояд тавба кунем ва бибинем, чӣ гуноҳе аз мо сар зада, ки ин ҳолат бар мо ориз шуда.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: