Перейти к содержимому

“Ваҳдат як токтики сиёсӣ нест, як эътиқод ва имони қалбӣ аст” (тасовир)

Раҳбари Эрон бо ишора ба номгузории 12 то 17 рабиулаввали ҳар сол ба унвони ҳафтаи ваҳдат дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, ваҳдатро на як ҳаракати сиёсӣ ва токтикӣ, балки “эътиқод ва имони қалбӣ ба лузуми иттиҳоди уммати исломӣ” донист.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, субҳи имрӯз (ҷумъа, 15 ноябр), дар дидор бо меҳмонони ширкаткунанда дар 33-умин Конфронси ваҳдати исломӣ, аввалин қадам дар иттиҳоди дунёи исломро “парҳези ҷомеаҳо, давлатҳо, ақвом ва мазоҳиби исломӣ аз таъарруз ва зарба задан ба якдигар” ва “иттиҳод дар муқобили душмани муштарак” хонд ва гуфт: “Кишварҳои исломӣ бояд бо якдигар дар илм, сарват, амният ва қудрати сиёсӣ дар ҷиҳати дастёбӣ ба тамаддуни навини исломӣ ҳамафзоӣ ва талош кунанд, ки Ҷумҳурии Исломӣ низ ҳамин нуқта яъне расидан ба тамаддуни навини исломиро ҳадафи ниҳоии худ қарор додааст.”

Вай, мусибатҳои мавҷуд дар дунёи ислом аз ҷумла қазияи Фаластин ва ҷангҳои хунин дар Яман, ғарби Осиё ва шимоли Офриқоро ношӣ аз пойбанд набудан ба асли парҳез аз муориза ва иттиҳод дар муқобили душмани муштарак донист ва хотирнишон кард: “Имрӯз бузургтарин мусибати дунёи ислом, қазияи Фаластин аст, ки миллатеро аз хона ва ватани худ овора карданд.”

Раҳбари Эрон бо ишора ба мавозеи равшани Имом Хумайнӣ аз оғози наҳзати исломӣ дар эъломи хатар алайҳи нуфуз, дахолат ва зулми саҳюнизм, мавзеи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қазияи Фаластинро мавзеи қатъӣ ва усулӣ хонд ва гуфт: “Аз ибтидои Инқилоби Исломӣ то ба имрӯз ҳамчунон бар ин мавзеъ боқӣ ҳастем, яъне бидуни мулоҳиза, ба Фаластин ва фаластиниҳо кӯмак карда ва хоҳем кард ва ин корро вазифаи ҳамаи дунёи ислом медонем.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба талоши душманон барои таҳрифи маънои таъкиди Имом Хумайнӣ ва масъулони низоми исломӣ дар хусуси “маҳви Исроил” гуфт: “Мо тарафдори Фаластин ва истиқлол ва наҷоти он ҳастем ва маҳви Исроил ба маънои маҳви мардуми яҳудӣ нест, чаро ки мо бо онҳо ҳеч коре надорем ҳамчунон ки дар кишвари мо низ ҷамъе аз яҳудиён дар камоли амният зиндагӣ мекунанд.”

Вай, “маҳви Исроил”-ро ба маънои нобудии ҳукумат ва режими таҳмилии саҳюнистӣ хонд ва таъкид кард: “Мардуми Фаластин чӣ мусалмон чӣ масеҳӣ ва чӣ яҳудӣ, ки соҳибони аслии он сарзамин ҳастанд, бояд битавонанд худашон давлати худро интихоб, ва бегонаҳо ва арозилу авбоше монанди Натонёҳуро берун ва кишварашонро идора кунанд, ки албатта ин иттифоқ хоҳад афтод.”

Раҳбари Эрон дар идома, душмании Омрико, режими саҳюнистӣ ва душманони ваҳдати исломиро мутаваҷҷеҳи ҳамаи кишварҳои исломӣ донист ва афзуд: “Моҳияти ислом, нафйи зулму истикбор ва султа аст, бинобар ин онҳо бо асли ислом ва ҳамаи кишварҳои исломӣ мухолифанд ва ин тасаввур, ки душмании онҳо фақат бо Ҷумҳурии Исломӣ аст, саҳеҳ нест.”

Вай, бо ишора ба таъбирҳои тавҳиномези омрикоиҳо дар бораи Саудӣ гуфт: “Ин ки онҳо сареҳан мегӯянд, саудиҳо ғайр аз пул чизи дигаре надоранд яъне бояд биравем ва онҳоро ғорат кунем, ки ин душмании ошкор бо як кишвар ва миллат аст ва тарафҳои онҳо бояд бифаҳманд, ки дар муқобили чунин тавҳинҳое бо ғайрати арабӣ ва шарафи исломӣ чӣ вазифае доранд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳузури Омрико дар минтақаро мӯҷиби эҷоди шарр, фасод, ноамнӣ ва ташкили гурӯҳҳое аз қабили ДОЪИШ донист ва бо таъкид бар лузуми ошно шудани миллатҳои мусалмон бо чеҳраи воқеӣ ва нифоқолуди Омрико афзуд: “Имрӯз силоҳи аслии Омрико дар минтақаи мо нуфуз дар марокизи ҳассос ва тасмимгир, эҷоди тафриқа ва тазалзул дар азми миллатҳо, эҷоди беэътимодӣ миёни миллатҳо ва давлатҳо, дасткорӣ дар муҳосиботи тасмимгирон ва вонамуд кардани ин матлаб аст, ки ҳаллоли мушкилот рафтан зери парчами Омрико ва таслим шудан аст, ки ин силоҳ аз силоҳи низомӣ ва сахт низ хатарноктар аст.”

Раҳбари Эрон роҳи мувоҷеҳа бо душманонро амал ба фармони Парвардгор яъне истодагӣ дар роҳи ҳақ хонд ва афзуд: “Албатта ин истодагӣ сахтиҳое низ хоҳад дошт, аммо таҳаммули ин сахтиҳо амали солеҳ аст ва назди Худованд аҷр хоҳад дошт, зимни ин ки таслими душман шудан, сахтиҳои бештаре дорад ва Худованд касонеро, ки тан ба зулм диҳанд, муҷозот хоҳад кард.”

Вай, ҳар сухан, ҳаракат ва иқдом дар дунёи ислом дар ҷиҳати истиқлоли сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии миллатҳои мусалмон, ваҳдат ва иқтидори уммати исломӣ, кӯмак ба мардум ва мустазъафон, таблиғи ҳақоиқ ва муқобила бо мавҳумот ва тарвиҷи илму таҳқиқот аз ҷумла энержии ҳастаиро ҳасана ва амали солеҳ донист ва гуфт: “Энержии сулҳомези ҳастаӣ ниёзи миллатҳост, аммо инҳисорталабони ғарбӣ ба дунболи он ҳастанд, ки ин энержиро дар инҳисори худ нигаҳ доранд ва онро қатра-қатра ба онҳо бидиҳанд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: “Ғарбиҳо медонанд мо аз лиҳози мабноӣ ва эътиқодӣ ба дунболи силоҳи ҳастаӣ нестем, бинобар ин иллати мухолифати онҳо бо ҳаракати ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ, боздоштани Эрон аз дониш, санъат ва тавоноии ҳастаӣ аст.”

Раҳбари Эрон вазифаи равшанфикрон ва уламои дунёи исломро бисёр муҳим донист ва таъкид кард: “Бо қудрат аз ҳақ дифоъ кунед ва аз душман натарсед ва бидонед дунёи ислом ба фазли илоҳӣ дар ояндаи на чандон дур, таҳаққуқи орзуҳои дурахшони худро хоҳад дид.”

Тасовире аз ин дидор:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: