Перейти к содержимому

Муҳаммад Рашид Ризо; ислоҳгари динӣ дар тақриби мазоҳиб

Муҳаммад Рашид Ризо яке аз чеҳраҳои шохис дар арсаи ваҳдатофаринӣ, ҳамгароӣ ва бедории мусалмонони кишварҳои исломӣ ба шумор меравад. Ӯ, ба унвони ислоҳгари динӣ, танҳо роҳи раҳоӣ аз ақибмондагии уммати исломиро дар иттиҳоди ҷаҳони ислом ва тақриби мазоҳиб ҷустуҷӯ мекард.

Пешгирӣ аз фирқагароӣ дар миёни мусалмонон ва талош барои ҳифзи ваҳдати исломӣ ва ҳамсӯии уммати исломӣ ҳамвора мавриди таваҷҷӯҳ ва таъкиди бузургон ва андешамандони динӣ будааст. Дар тӯли таърих низ афроде будаанд, ки нисбат ба паёмадҳои тафриқа ва ихтилоф ҳушдор дода ва роҳкорҳоеро низ барои пешгирӣ аз он ироа додаанд. Аз манзари ислоҳгарони динӣ, заъфи сиёсии мусалмонон дар садаҳои гузашта, боиси ихтилоф ва чандпорчагии уммати исломӣ шудааст. Роҳи бурунрафт аз ин заъфу нотавонӣ тавассул ба омӯзаҳои илоҳӣ ва якпорчагии уммати исломӣ ва таълифи китобҳое дар бораи ҷанба‏ҳои муштараки мусалмонони саросари ҷаҳон бар пояи усули ислом ва таблиғи он ба василаи уламои исломӣ аст. Муҳаммад Рашид Ризо яке аз афроде аст, ки талош‏ҳо ва иқдомоти бисёре барои ваҳдати исломӣ ва ҳамсӯии мусалмонон сурат дод ва ӯро дар ин роҳ метавон аз пайравони Шайх Муҳаммад Абдуҳ ва Сайидҷамол‏уддини Асадободи ба шумор овард.

Шайх Муҳаммад Рашид Ризо дар хонаводае сурияитабор ва дар рустои атрофи Тароблуси Лубнон ба дунё омад. Пас аз фарогирии дарсҳои муқаддамотӣ, ба ҳифзи оятҳои Қуръони Карим пардохт ва сипас ба Тароблус рафт ва дар мадрасаи ибтидоии Аррашидия, ки аз мадориси давлати Усмонӣ буд, ба таҳсил машғул шуд ва илова бар дуруси ибтидоӣ, забони туркиро низ омӯхт.

Дар соли 1881 ба Мадрасаи Алватания Алисломия рафт, ки аз мадориси пешрави он замон ва бунёнгузораш Шайх Ҳусайн Алҷиср буд. Аммо дере напоид, ки ин мадраса аз тарафи давлати Усмонӣ таътил шуд. Рашид Ризо бар хилофи дигар толибони илм, дар килос‏ҳои ғайрирасмии Шайх Ҳусайн Алҷиср ҳузур ёфт ва улуми шаръӣ, ақлӣ ва арабиро назди вай фаро гирифт. Дар ҳамон замон илми ҳадисро назди Шайх Маҳмуд Нашшоба омӯхт.

Ошноӣ ӯ бо Асадободӣ ва Абдуҳ

Рашид Ризо бо мутолеаи нашрияи “Уравтул-вусқо”, бо ақоид ва дидгоҳҳои Сайидҷамол‏уддини Асадободӣ ва Муҳаммад Абдуҳ ошно шуд. Вай мукотиботе бо Сайидҷамол‏уддини Асадободӣ анҷом дод ва замоне ки Шайх Муҳаммад Абдуҳ ба иттиҳоми фаъолият‏ҳои инқилобӣ алайҳи давлати Усмонӣ ба Бейрут табъид шуд ва дар онҷо ҳалқа‏ҳои дарси худро дар мадрасаи Ассултонияи Бейрут оғоз кард, ҳузури Абдуҳ дар Тароблус, ин фурсатро муҳайё кард, то бо Рашид Ризо дидор кунад.

Сайидҷамолуддини Асадободӣ густариши наҳзати исломиро, дар мубориза бо ҳукумат ва нақди аланӣ медид, дидгоҳҳои Шайх Муҳаммад Абдуҳ ҳам дар густариши наҳзати исломӣ, густариши таълиму тарбият буд, Рашид Ризо бо мутолеаи андеша, равиш ва усули ин ду, тавонист равиши хоссеро дар густариши наҳзати исломӣ ва ваҳдати исломӣ тарсим кунад. Ӯ фаъолият‏ҳои исломӣ ва иҷтимоии худро аз рустои Қаламун — зодгоҳаш оғоз кард ва дар онҷо килос‏ҳои динӣ ва тафсири оятҳои Қуръон барпо кард.

Пас аз азимати Муҳаммад Абдуҳ ба Миср, Рашид Ризо низ ба онҷо рафт ва дар ин кишвар бо ҳамроҳии Абдуҳ пас аз табодули назарҳои фаровон, маҷаллаи “Аламанор”-ро бо ҳадафи густариши ваҳдат ва ислоҳоти исломӣ ва иҷтимоӣ ва посух ба шубаҳоти тарҳшуда аз тарафи ғарбиён дар бораи ислом ва ҳаракат дар ҷиҳати ҳамсӯии мусалмонон, поягузорӣ кард.

Нақду баррасии “исроилиёт” ва ривоятҳои ҷаълӣ дар бораи ислом, Қуръон ва Паёмбар (с), аз ҷумлаи мабоҳисе ба шумор мерафт, ки Рашид Ризо дар маҷаллаи “Алманор” ба он мепардохт. Ӯ ҳамчунин дар маҷаллаи “Алманор” борҳо дар бораи густариши мадориси таблиғотии масеҳиён, ки дар кишварҳои мухталифи исломӣ ба василаи истеъморгарон таъсис мешуд, ҳушдор медод.

Асоси фикрии Рашид Ризо дар бораи ҳукумат ва хилофат

Аз назари Рашид Ризо, назарияҳои суннатӣ дар бораи ҳукумати исломӣ дар ҷомеаи имрӯз нокоромад аст. Ӯ “омӯзаҳои шӯроӣ”-и Қуръон дар асри ҷадидро муносибтарин муҳтаво барои ҳукумати исломӣ медонист. Яке аз мабоҳиси ҷиддӣ ва муҳимме, ки пояи тафаккури Рашид Ризоро ташкил медод, баҳс дар бораи хилофат ва ҷойгоҳи халифа дар ҳукумати исломӣ буд. Ӯ шаръӣ будани асоси ҳукумат дар исломро бо таъкид бар суннати Паёмбар (с) ва иҷмоъи муслимин зарурӣ муаррифӣ мекард.

Масъалаи шӯро низ яке аз муҳимтарин ва ҷиддитарин масоиле буд, ки Рашид Ризо ба он таваҷҷӯҳи вежае дошт. Ӯ барои ин ки хилофати исломӣ бо демукросӣ татбиқ дошта бошад ва ҳамчунин барои дур кардани халифа аз истибдод бо тавассул ба оятҳои шӯро, “ҳукумати шӯроӣ”-ро пешниҳод мекунад. Ояҳои 38 сураи Шӯро ва 159 сураи Оли Имрон, мустанадҳое буданд, ки вай дар ин иртибот ба онҳо ишора мекард. Дар бораи аҳаммияти шӯро Рашид Ризо мегӯяд: “Машварат лозим ва воҷиб аст ва аз ин рӯ имом метавонад дар ҷое, ки насси сареҳе аз ҷониби Худо ва Паёмбари Худо (с) вуҷуд надорад ва низ иҷмоъе бар он мавҷуд нест, иқдом ба машварат кунад.”

Бахше аз фаъолиятҳои Рашид Ризо ба мубориза бо фаъолият‏ҳои табширӣ ва таблиғотии ғарбиён, ки аз тарафи истеъмор ҳимоят мешуд, марбут мешавад. Вай зимни тавсияи уламо ва бузургони исломӣ ба роҳандозии мадориси мутараққӣ ва ҷадид барои муқобила бо фаъолият‏ҳои ғарбиён, худ низ анҷумани “Доруддаъва вал-иршод”-ро таъсис кард. Вай нахуст ҳангоми дидор аз китобхонаи ҳайъати мубаллиғони мазҳабии омрикоӣ дар Тароблус, дар андешаи таъсиси ин анҷуман афтод ва аз ин роҳ ме‏хост ҳам таблиғоти ҳайатҳои мазҳабии масеҳиро дар кишварҳои исломӣ беасар гузорад ва ҳам воизону омӯзгорони ҷавоне барои таблиғи омӯзаҳои исломӣ тарбият кунад.

Аз муҳим‏тарин фаъолият‏ҳои Рашид Ризо ваҳдат, ҳамгароӣ ва бедории мусалмонон ва кишварҳои исломӣ буд. Меҳвари фаъолият‏ҳои вай дар ин замина, дар се шоха инъикос ёфт: мақолоти ӯ дар маҷаллаи “Алманор”, суханронӣ ва ҳушдорҳое, ки дар маҳофили исломӣ ва макон‏ҳои омӯзишӣ эрод мекарданд ва таълифи осоре монанди “Алваҳдатул-исломия”.

Рашид Ризо дар маҷаллаи “Алманор”, ки густараи васеъеро аз ҷаҳони ислом дарбар мегирифт, мақолот ва ёддошт‏ҳои мухталифе ба манзури наздик кардани мусалмонон ба якдигар ба нигориш даровард. Вай хатари саҳюнизм ва тавтиъа‏ҳои истеъморгаронро ба мусалмонон ҳушдор ме‏дод ва хостори ваҳдати исломӣ дар қиболи саҳюнизм ва истеъмор буд.

Дар бораи нигоҳи Рашид Ризо дар хусуси андеша‏ҳои сиёсии ислом назариёти мухталифе вуҷуд дорад. Ҳамид Иноят мӯътақид аст, ки вай дар ин замина бештар дунболарави Муҳаммад Абдуҳ ва Сайидҷамол будааст. Танҳо нукта‏е, ки ақоиди ӯро аз таҷаддудхоҳони дигар мутамойиз мекунад, исрори ӯст бар сари ислоҳи хилофат ва баргардондани он ба шакле, ки дар садри ислом маъмул буд.

Рашид Ризо дар хилоли беш аз 35 соли фаъолият ва талоши мудовим дар пажӯҳиш, нигориш, таълиф, суханронӣ дар конфронс‏ҳо ва нишаст‏ҳои мухталиф, поягузори наҳзате шуд ба номи “Наҳзатус-салафия”, ки парчамдори бисёре аз ислоҳот ва раҳоӣ аз исроилиёт, аҳодиси ҷаълӣ, таҳаккумоти мазҳабӣ ва назоири он буд. Нақши вай дар тарҳи дубораи аносуре чун шӯро, масолеҳи умумӣ ва ваҳдати исломӣ низ инкорнопазир аст.

Осори Рашид Ризо

Алманор (тафсири Қуръони Азим), тафсирест дар 12 ҷилд, ки бо ояти 53 сураи Юсуф поён меёбад. Ин тафсир дар миёни тафсирҳои Қуръони Карим дорои рӯйкарде сиёсӣ, иҷтимоӣ ва тарбиятӣ аст.

Аз осори ӯ дар заминаи таваҷҷӯҳ ба ҳуқуқи занон дар ислом ме‏тавон ба 2 китоби “Ҳуқуқун-нисо фил-ислом” ва “Мусовотур-раҷули бил-маръа” ишора кард.

* * *

Манбаъ:

Иноят, Ҳамид: Сайре дар андешаи сиёсии араб

Irna

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: