Перейти к содержимому

Таассуб

Мутаассиб ба касе гуфта мешавад, ки ба андеша ва ақидае, ки дар сар дорад, кӯр-кӯрона ва бидуни далел часпидааст. Ва чунин фарде, ҳам метавонад диндор ва ақидааш динӣ бошад, ҳам як материалист ва моддигаро бошад, ва ҳам як секулор бошад. Хулоса, таассуб танҳо вежаи як гурӯҳи хосс нест, чунонки мутаассифона дар ин аср ин вожаро фақат ба диндорон итлоқ мекунанд, албатта амдан ин корро мекунанд.

Тоза, дар мавриди диндорон ин вожаро барои касоне итлоқ мекунанд, ки пойбанд ба дину шариат бошанд. Масалан, агар касе панҷ вақт намозашро бихонад ва рӯза бидорад ва дар тамоми шуъуни зиндагияш аз Қуръону суннати Паёмбари Акрам (с) пайравӣ кунад, ӯ мешавад мутаассиб!
Ва дар муқобил, мусалмоне, ки бепарво ва лоуболист, мисли ин ки дар айни ин ки ҳар аз гоҳе намоз мехонад, вале арақ ҳам бихӯрад, зино ҳам бикунад ва хулоса пойбанд ба ҳамаи дастуроти шаръӣ набошад, ӯ мешавад мусалмони ғайримутаассиб ва масалан мусалмони рӯшанфикр!

Воқеан аҷибу ғариб аст ин доварӣ! Оё арақхӯрӣ ва майгусорӣ нишонаи рӯшанфикрӣ аст?! Ва баръакс, нанӯшидани он барои як мусалмон, нишонаи таассуб аст?!

Иштибоҳ нашавад! Инчунин мусалмоне дар истилоҳи шаръӣ мунофиқ аст, на ғайримутаассиб.

Мусалмони пойбанд ба шариат, бояд ва воҷиб аст, ки дар ақоиду афкораш таассуб наварзад, зеро аз назари ислом, танҳо имону эътиқоде қобили қабул аст, ки таҳқиқӣ бошад, на тақлидӣ.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: