Перейти к содержимому

Як санади торихии ҷолиб

Ин матлабро яке аз рӯзномаҳои эронӣ (рӯзномаи «Рисолат») бо истинод ба асноди торихӣ, ки дар Маҷлиси ин кишвар нигаҳдорӣ мешавад, нашр карда ва бисёр ҷолиб аст. Шоиста дидам, инҷо биёварам:

Дар замони фармонравоии Нодиршоҳи Афшор (ки аз 1736 то 1747 милодӣ шоҳи Эрон будааст), подшоҳи Русия паёме ба ин мазмун ба Нодиршоҳ фиристод, ки «дар сурате ки подшоҳи Эрон бихоҳад, метавонам барои фатҳи Ҳинд кӯмакҳои бисёре ба Эрон бикунам, машрут ба ин ки (Нодиршоҳ) ба ӯ (подшоҳи Русия) кӯмак кунад, то Русия ховари Урупоро мутасарриф шавад.” (Бештари ховари Урупо дар он даврон таҳти тасарруфи усмониҳо буд).

Бар асоси ин санад, фармонравои Русия медонист, артиши Эрон нерӯмандтарин артиши он рӯзи ҷаҳон аст, аммо аз он ҷойе, ки барои Русия фатҳи ховари Урупо як орзу буд, ин пешниҳодро ба подшоҳи Эрон кард.

Нодир ба подшоҳи Русия номае навишт, ки пас салом чунин буд:

«Мо барои кишваргушоӣ ба Ҳинд нахоҳем рафт. Он чӣ мо мехоҳем, муҳокимаи 800 хунхоре аст, ки 20 сол ба Эрон ситам кардаанд. Ва барои ин кор ниёзе ба кӯмаки шумо нест. Дар зимн, мо эрониён ниёз ба хона ва кошонаи мардуми дигар кишварҳо надорем

Посухи Нодиршоҳ Афшор гӯёи ин ҳақиқат аст, ки ӯ барои ормонҳои бузургаш, чашми кӯмак аз ҷойе ҷуз мардуми Эронзаминро надошт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: