Перейти к содержимому

Ҳасанаки вазир

Гӯянд, Масъуди Ғазнавӣ аз Ҳасанаки вазир (Ҳасан ибни Муҳаммади Миколӣ, охирин вазири Султон Маҳмуди Ғазнавӣ) хашмгин шуд ва ӯро бикушт ва канори қаср сарнагунаш овехтанд ва хуни ӯро бо хок омехтанд. Он Ҳасане, ки басе хун пеши ӯ мерехтанд, оқибат хуни худи ӯро низ рехтанд.
Ба ҳар ҷиҳат, вақте ӯро куштанд ва ҳурмати ӯ рехта шуд, ҳар касе аз даврони вазорат ва хулқу хӯйи ӯ айбе мегуфт. Дар ин миён жандапӯши фақире низ гуфт:

— Азизон! Ҳама айби ӯ гуфтед, чанд айб ҳам ман мегӯям. Яке ин ки Ҳасанак чандин чоҳу коризу қанот дошт, ки даври ҳар кадом ҳисору маъмур буд ва касе иҷозаи бардошти об аз онҳоро надошт, дар ҳоле ки вақти марг ҷуз ба миқдори андаке об барои ғусл ниёз надошт.

Ҳамчунин, чандин мулку ободиву замину қасру хона дошт, ки дараш бар рӯйи ҳама баста буд, дар ҳоле ки чанд ваҷаб хок бештар ҳангоми марг насибаш нашуд.

Ҳамчунин, ӯ кулли албиса (лисбосҳо)-и зебову дебо ва қабову порчаҳои абрешимӣ дошт, дар ҳоле ки ҷуз кафане бо худ ба гӯр набурд ва аз миёни он ҳама ғулому хадаму ҳашаму навкар ҷуз чаҳор нафар ҳаммол зери тобути ӯро нагирифтанд. Пас, агарчӣ вазир буд, аммо бисёр сафеҳ ва нодон буд:

Айби ӯ ин буд, к-аз фазлу баён

Хурдадонӣ кард даъвӣ дар ҷаҳон.

Ӯ надиду роҳ печо печ буд,

Айбаш ин буд, он дигарҳо ҳеч буд.

Шукр кун, к-аз ҳирс саргардон наӣ,

Рӯз то шаб бар дари дукон наӣ.

Шукр кун Ҳақро, к-аз эшон нестӣ,

Хилвате дорӣ, парешон нестӣ.

(Баргирифта аз «Мусибатнома»-и Аттор)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: